چاپ

Қудрати Худо

қисми аввал

қисми дуюм

қисми сеюм

қисми чаҳорум

Қудрат (қодирият) яке аз авсофи камолӣ аст ва Худованд ба он муттасиф мешавад ва қудраташ маҳдуд ба ҳадде нест.

Зеро, фақат мавҷудоти маҳдуд қудраташон маҳдуд аст.

Чун мавҷуди маҳдуд беш аз шиъои вуҷудаш қудрат надорад. Зеро дар варои шиъои вуҷудаш ҳастӣ надорад, то эъмоли қудрат кунад.

Аз инру ҳазрати Амир(а) мефармояд:

« كل قوى غير ضعيف...، كل قادر غيره يقدر و يعجز »

Ҳар қавие ғайр аз Худованд заиф аст, ҳар қодире ғайр аз Худо метавонад ва оҷиз мешавад.

Амири муъминон(а) аҷз ва нотавонии мавҷудотро гувоҳ бар қудрати Худованд медонад:

«مستهشد بما وسمها الاشياء من العجز على قدرته ».

Ба аҷзе, ки бар ашё доғ ниҳод бар қудраташ гувоҳ меоваранд:

« و [مستشهد] بعجزها (الاشياء) على قدرته »

Қудрати Худо ҳамроҳ бо хастагӣ нест.Чаро ки хастагӣ нишонаи аҷз аст ва комили мутлақ аз ҳар нақсе пок аст

« لم يؤده خلق ما ابتدء و لا تدبير ما ذرء »

Офариниши ончиро шуруъ карда Ӯро хаста накарда аст ва на идора кардани ончи офарида аст.

Қудрати Худованд ҳеҷ маҳдудияте надорад, ҳатто дар зарфе, ки шайъ мавҷуд нест Худованд бар он қодир аст:

« قادر إذ لا مقدور »

Қодир аст замоне, ки мақдуре нест.

Албатта, бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошт, ки маънои қудтарти мутлақи Худованд ин нест, ки бар эҷоди мумтаниъҳойи биззот қудрат дорад ва ба ин маъно нест, ки нисбат ба онҳо оҷиз аст. Зеро аҷз ва қудрат дар ҷое ба кор меравад, ки мутааллақи он амри мумкине бошад ва чизе, ки аз дойираи мумкинот берун аст, мавҷуд шуданӣ нест, то гуфта шавад чи касе бар он қудрат дорад ё надорад.

Ба Амири муъминон (а) гуфтанд: оё Парвардигори ту метавонад дунёро дар тухми мурғе қарор диҳад, бидуни инки дунё кучак ва тухм бузург гардад?

Фармуд: Худовандро ба аҷз нисбат намедиҳанд ва ончиро аз ман пусидаи таҳаққуқ намеёбад.

Ва дар ҷои дигар Фармуд: вой бар ту! Худованд ба аҷз тавсиф намешавад ва чи касе қудратмандтар аз касе аст, ки заминро нарм кунад ва тухмро бузург гардонад.

Дохилшудани замин дар тухме ду гуна фарз мешавад:

1) Бидуни онки ҳеҷ як аз онду бузург ё кучак шаванд.

2) Тухми мурғ бузург шавад ё замин кучак шавад, то дар он ҷой гирад.

Саволкунанда фарзи дуввумро мумкин медонад ва Амири муъминон(а) аз ҳамин нукта истифода мекунад, ки Худованд аз ҳамаи қудратмандон бар ин кор қодиртар аст ва қудрати Худо ба исбот мерасад.

қисми 6

زیر مجموعه: Минбари шумо
بازدید: 5439