Истиҳкоми низоми иҷтимоӣ ё зиволи он?!

Дар таърих омадааст; рӯзе ҳокиме аз қаср дарҳоле берун омад, ки либос бар танаш набуд ва дар миёни ҳамроҳонаш бо ғурӯр ҳаракат мекард. Ҳамроҳон ӯро бо хушуъ ва бале раисгӯён ҳамроҳӣ мекарданд, то ғурӯри дурӯғинашро ҳифз карда бошанд. Албатта ин амали маддоҳони дурӯя ҳам камтар аз гуноҳ ва ҳимоқати раис нест!

Дар ин миён, кӯдаке бехабар аз ҳақиқат назди ҳоким бихонед сиёсат- бо хандаи тааҷҷубовараш пурсид: чаро шоҳ бараҳна аст? !!!

Шоҳ бо ин сухан каме ба худ омад ва аз тамаллуқгарони атрофаш пурсид: оё ман либоси фохир надорам? Ҳама бо як садо сухани ӯро таъйид карданд, то бовари ботили ӯро бори дигар тасбит кунанд! Қатъан аз ин бовари шоҳ ҳаркадом аз онҳо баҳраҳо доштанд!!!.

Танҳо касе, ки аз ин сухани кӯдак, ки айни ҳақиқат буд зарар медид худи ӯ буд ва подоши басирату бедории кӯдаконаи худро бо тавҳину хап-шав ҳои дигарондарёфт мекард!. Ӯ танҳо чизе, ки мешунид ин буд, ки писар! Чаро фазои ороми мардумро барҳам мезанӣ? Чаро мақоми болоиро тавҳину таҳқир мекунӣ? Чаро оромиши ин маросим ва ин иҷтимоъро бо суханони беҳуда барҳам мезанӣ? Ва даҳҳо чарои дигар, ки ҳар кадом нишон аз як ақида ва бовар дошт; яке дар дифоъи куркурона, яке аз тарси барҳам хурдани оромишу зиндагии дурӯза, яке барои тасбити манфиатҳои худ, яке ба сабаби кӯдак будани гуянда ва яке ҳам дар итоат аз ҷамъият ва дигар ҳам!!!.

ПАРДАИ СИФР!

Аз равийя ва сиёсатҳои маъруфи мокювелистӣ ин аст, ки; марди соҳиб мансаб ва соҳиби сиёсат, яъне ҳоким чун аз тарафи мардум вазифадор шудааст ва барои расидан ба ҳадафи он мардум, бояд талош кунад, пас ҳеҷкадом аз ахлоқ – тақайюд ба қонун – боварҳои ғайр аз боварҳои мардум (ки ӯро раъй додаанд) наметавонад монеъ ва ё роҳнамо ва ҳатто чорчубаи кории ӯ қарор гиранд.

Мокювелӣ бар ин бовар буд, ки; ҳоким барои идораи ҷомеа (пешбарии аҳдофи онҳо) аз ҳар роҳи мумкин, бояд истифода барад, ӯ метавонад ва балки таъкид аст, ки душманони худро аз роҳаш бардорад ва монеъро чи инсонӣ чи ғайри он нобуд кунад!. Ҳоким метавонад ва балки барои ҳифзи шаъну мақоми худ рақибонашро аз байн барад, то дар оянда монеи пешрафташ нашаванд ва ё ҷои ӯро нагиранд. Ҳарчанд мардум дар замони куштан ва ҳазфи рақибонаш ӯро золим, худхоҳ ва ё ҷоҳталаб бидонанд, аммо дар ояндаи наздик, вақте ба мардум хидмат мекунад ӯро мепазиранд ва ҳақро ба ӯ медиҳанд. Чун кори ӯ барои ҳифзи низом ва амнияти кишвараш ва мардумаш будааст!

Дар ин мактаби сиёсӣ ва ҳукуматӣ, душман ва мухолифи сиёсӣ ва ҳатто рақиб ва ҳар он чизе, ки ба нафъи ҳоким нест бар зидди ӯст, »он ки бо мо нест бар мост« ва бояд контурул шавад ва агар эҳсоси хатар шуд аз миён бардошта шавад.

ПАРДАИ НӮР!

Чаҳордаҳ аср пеш, вақте Расули Алоҳ(с) мабъус гашт, то башарро аз амри илоҳӣ бори дигар хабар диҳад ва роҳи саодатро равшан намояд, дар аввалин байъатҳояш, ки бо гурӯҳе аз мардуми Ясриб дошт ва бояд аз Ӯ дифоъ мекарданд, шарташ ин буд, ки баъд аз рафтан ба шаҳри онҳо ҳукумат ташкил хоҳад дод ва низоми илоҳиро барпо хоҳад намуд. Онҳо ҳам бояд Ӯро ҳамроҳӣ ва итоат намоянд. Мардуми муъмин, ки ба зудӣ ифтихори номи Ансори Расул(с)-ро ба худ ва номи мадинаи Расул(с)-ро барои шаҳрашон касб намуданд, аз ин шарти илоҳии Паёмбар(с) истиқбол ва байъат намуданд.

Расули Аллоҳ(с) ҳам дар ин фазои эҷод гашта, дар аввалин замон бо сохтани масҷид низоми мунсаҷими ҳукуматии худро таъсис намуданд. Дар ин низом, масҷид маркази ҳукумат ва идораи ҳаллу фасли корҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомӣ қарор гирифт. Баёни масоили динӣ баро тарбияти наслҳои оянда ҳам аз он макон шуруъ ва бо таъсиси масоҷиди дигар дар шаҳро ва деҳҳо тавсиа пайдо кард.

Расули Аллоҳ(с), ки аввал ҳукуматро бо он мушаххасот бо хосту раъйи мардумӣ таъсис намуд, барномаҳои худро бар асоси амри илоҳӣ пеш мебурд, дар ҷангу ҷиҳод ва дигар масоили ҷамъӣ аз мардум машварат мегирифт ва дар ниҳоят он назареро, ки бо низоми илоҳӣ мутобиқ буд ихтиёр мекард.

Дастуроти илоҳие, ки аз забони поки он ҳазрат барои артишу фармондеҳони ҷангии Ислом пеш ва пас аз ҷангҳо содир мегашт, аз раҳнамудҳои олие аст, ки дар таърих сабту забт шудаанд ва ҳатто болотарин мақоми ҳуқуқӣ ва башарии имрӯзӣ ҳануз ба он нарасидаанд.

Фармонҳои он ҳазрат ҳангоми ҳаракат ба сӯи душман барои риояти ҳаққу ҳуқуқ ва амнияти роҳҳо ва хонаҳое, ки дар роҳи артиш қарор мегиранд, ҳифзи боғҳо ва обҳо ва даштҳои соҳибдор ва бесоҳиб, хидмат ба мардум дар роҳ, ихтиёри макони ҷангӣ баъд аз он ки мутмаин шуданд ба мардуми атроф зараре ворид намешавад ва даҳҳо дастуру фармонҳои илоҳие, ки ҷангро ба хидмат ба мардум табдил мекард, аз он ҷумла аст.

Ҳангоми оростани лашкари Ислом дар баробар куфру зулм, боз фармонҳои оғози ҷангро бо насиҳати душман шуруъ ва онҳоро ба сӯи ҳаққу ҳақиқат ва адолат даъват ва аз ҷангу хунрезӣ барҳазар медоштанд.

Баъд аз анҷоми ҷиҳод, ҳифзи ҳурмати асирони ҷангӣ, ҳифзи макону сарватҳои сарзаминҳои фатҳ шуда ва сарфи онҳо дар роҳи тарвиҷи дин, озодии зану фарзандони бегуноҳ ва афроди бетараф дар ҷанг, озодии асирон бо шарту шароити исломӣ аз дигар дастурҳои ҷангӣ ва пасоҷангии он ҳазрат будааст.

Истифода аз он асироне, ки илми хондану навиштан ва дигар илмҳоро доштаанд, дар роҳ интиқоли илм ба асҳобу фарзандони онҳо аз барномаҳои бисёр бо аҳамияте будааст, ки ҳам ҷомеаи нодон ва бесаводи арабро ба илм ошно мекард ва ҳам соҳибони илмро ба омузаҳои динӣ ошно мегардонд, ки худ сабаби мусалмон шудани бисёре аз он асирони соҳиб илм мешуд. Ин гурӯҳ ҳамчун мардуми сарзаминҳои фатҳ шуда, бо дастур ва чорчуби илоҳӣ озод мешудан ва зери парчами амни Ислом, дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии худ соҳиби ҳаққу ҳуқуқ мешуданд.

Расули Худо(с), ки соҳиби бартарин илмҳо буд, аз бисёре хатоҳо ва хиёнатҳо ва нифоқҳо бохабар буданд, аммо бо амри илоҳӣ на танҳо онҳоро намекуштанд, балки номе аз онҳо намебурданд ва он тавр, ки дар Қуръон мехонем баъзеро ҳатто Худованд ба Паёмбараш ҳам нишон намедод, то замоне, ки зарарашон ошкор гардад ва он гоҳ аз тарафи Аллоҳ таъоло амри ниҳоӣ содир мегашт, чунон ки дар бораи масҷиди Зирор бо амри илоҳӣ ҳазрати Расул(с) масҷидро вайрон карданд, то тухми нифоқро ба дигарон муаррифӣ кунанд.

Аз халифаи чорум, ҳазрати Алӣ(кр) ривоят аст, ки фармуд; ман аз душманам дар сиёсат бартарам ва дар ҷангу ҳукуматҳам аз ӯ беҳтар амал мекунам, аммо имон ва эътиқодам аст, ки манро аз бисёр амалҳои ноҷавонмардона ва шайтонӣ боз медорад. Шикасти душман барои ман осон аст!.

ПАРДАИ СИЁҲ!

Рӯзу шаб, гоҳу бегоҳ, хоста ва нохоста мо дар маърази таблиғоти масмуми филму тасвир ва бозиҳои роёнаию фикрие қарор дорем, ки бо ҳадафи илқо ва тарвиҷи ида ва назарияҳои ғарбӣ ва зидди динӣ, хусусан мокювелистӣ тарроҳӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои филмсозӣ, бозисозӣ, арусаку либос барориҳо ҳам дар ин ҷангҳои мудернӣ бар зидди боварҳои исломӣ ворид шудаанд ва албатта фоидаҳои молии зиёде касб мекунанд, чун ин мо ва фарзандони мо ҳастанд, ки харидори бисёре аз он маҳсуллоти масмум шудаем.

Мокювелӣ мегӯяд; вақте душманро заиф ёфтӣ ва ё ӯро заиф гардондӣ, бояд бидуни раҳм ӯро бикушӣ, агар ин корро накардӣ аз пушт ба ту ханҷар мезанад! Оё касе ҳаст, ки чанд филму намоиш ва бозиро таваҷҷуҳ кунад ва бигӯяд ман ин саҳнаро то ҳол надидаам?! Қатъист, ки бештари филмҳои ҷангӣ ва бозиҳои кампютерӣ як ё чанд саҳна аз ин назарияро доранд ва ба зеҳни тамошобин илқо мекунанд.

Албатта ин масъала ҳам агар таваҷҷуҳ шавад бисёр аҷиб аст, ки ин гӯна саҳнаҳо, ки нишони навъе ношукрии заифонро нишон медиҳад дар филмҳое аст, ки қаҳрамон бо душмане аз Шарқ дар ҷанг аст ва вақте ӯро заиф мекунад ва намекушад, аз пушт ба қаҳрамони қисса ҳамла мекунад, аммо боз қаҳрамон, ки моҳияташ аз покӣ ба ҳамроҳи зиракӣ сохта шудааст омодаи дифоъ хоҳад буд ва душмани носипосро ҳалок мегардонад!. Ин яъне мо бояд бидонем, ки ҳарчанд мардуми заифем, аммо носипосӣ ва сиёҳии дарунӣ аст, ки моро ба ҳалокат мерасонад.

Дар бозиҳои кампютерӣ, ин саҳна ба тарзи дигар анҷом мегирад; дар ин бозиҳо, ки бештарин фурушро дар Шарқ доранд, боз як фарзанди шарқӣ дар баробари ҳамнавъони худ қарор мегирад ва барои касби имтиёз ва рафтан ба марҳилаи дигари бозӣ, бояд душманро, ки худ як нерӯи сиёҳи шарқӣ аст бикушад. Агар ин корро накунад, пулашро аз даст додааст ва имтиёз ҳам касб намекунад ва ҳатто назди дустонаш аз эътибори кудакиаш кам мешавад!. Ин бовар он чунон дар зеҳну зиндагии кӯдаки имрӯзӣ ва соҳибмансаби оянда русух мекунад, ки боз дар он мақом ҳам ба ин фикр мекунад, то роҳе барои ҳазфи рақибони заифаш пайдо кунад ва сад албатта ормону орзӯяш ҳам ҳамон ормонҳои ғарбӣ хоҳад буд.

Ин яъне, бояд боварҳои гузаштаи худро имрӯз барои касби эътибори кӯдаконааш дар бозӣ ва фардо барои ниёзҳои ҷавониаш дар филмҳо ва барои эҳсоси шахсият дар саҳнаҳои дигари иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва шояд касби мансаб, дар зеҳну фикр ва ҳатто хонавода ва атрофиёнаш ҳазф кунад, то аз тарафи дигарон мавриди таҳқир ва тавҳини дар саҳнаи кӯдакона, муд ва либос ва ё фикру андеша қарор нагирад.

Аммо он достоне, ки дар аввали навиштор аз саҳнаи ҳукумати шоҳ Ондерсон баён гашт, ки бо тавсияи либосдӯзаш, либосеро пушид, ки ӯро мағруртар ва бо вақортар аз ҳамеша гардонд, атрофиёнаш ҳам бо баҳ-баҳу чаҳ-чаҳ ғурӯри надоштаи ӯро боло мебурданд, кӯдаке ҳақиқатро дид ва аён кард ҳарчанд дидем, ки ҳоким боз ҳақро бовар намекунад ва мепиндорад, ки ҳамеша ҳақ бо ӯст!

Ин масъала дар достон хобидааст, ки; гурӯҳе пушти дарҳои баста, ходими мухлис барои ӯ шудаанд ва ӯро бо либос (бихонед-сиёсат) мепушонанд ва қоилаш мекунанд, ки беҳтарин либос (бихонед-сиёсат ва ҳукумат)-ро дорад ва фақат бар тани ӯ барозандааст.

Шоҳ, ки акнун либосҳои (бовар ва ақидаи) худ ва гузаштагонашро аз тан бадар карда ва ҳатто либосҳои дигаронро ё кӯдакона ва ё душманона мепиндорад, ба ҳамон либоси надоштааш фахр мефурушад ва бо тани урён аз либоси иффату инсоният ба миёни мардум ва саҳнаи идораи низому ҳукумат ворид мегардад. Атрофиёнаш, ки худ гурӯҳе аз тарроҳони он либос будаанд, акнун намехоҳанд ҳақиқат онгуна, ки ҳаст ошкор шавад ва албатта гурӯҳе ҳам аз хашми шоҳ ва гурӯҳе ба хотири ҳубби мансаб ва шояд гурӯҳе ҳам ҷоҳилу нобино будаанд, ки либоси фохирро бар тани ӯ медиданд ва ӯро барозандааш мепиндоштанд ва ҳатто бо дидани ҳақиқати урён, боз хаторо аз шоҳ ба дур медонистанд ва ифтихори ӯ ба либосе, ки надоштро таҳсин мекарданд.

Дар ин саҳна фақат кӯдак -ҳамчун намояндаи ҷомеаи пок ва бино- буд, ки ҳақро дид ва бадани урёни шоҳро -ки намоди сиёсати разилона ва дур аз инсонсият буд- дид ва баён кард. Ҳарчанд қасди кӯдак фақат огоҳ кардани ҳоким аз либоси надоштааш аст ва мехоҳад ӯро огоҳ кунад, ки аз роҳи омадааш баргардад, шояд либосҳояшро пеш аз онки нобуд карда шаванд пайдо кунад ва бипушад, аммо ҳоло ҳоким бар ин бовар аст, ки ин либос (бихонед-сиёсату ҳукумат) фақат дар дасти ӯст ва дигарон ҳатто чашми дидани онро надоранд!!!.

ПАРДАИ ИБРАТ!

Дар он аср, ки шоҳ Ондерсон бо либоси белибосӣ бар ҳукумат такя зад ва худро соҳиби нестҳо мепиндошт, кӯдаке ҳақро аён дид ва ошкор гуфт. Оё акнун, ки ондерсонҳои зиёде бар арикаи низомҳо такя задаанд ва ба надоштаҳои худ фахрфурӯшӣ мекунанд, боз метавон кӯдакони содиқеро мутасаввир шуд? то дар қиссаҳои ояндагон сабт шаванд!

Албатта имрӯза касоне ҳастанд, ки боварҳои мактаби ноби муҳаммадиро роҳгушои зиндагии шахсӣ ва ҷамъии худ медонанд ва онро ҳамчун дине, ки дорои ҳақоиқи пурборе барои саҳнаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст бовар доранд, амма қатъан касоне ҳам ҳастанд, ки мактаби сиёсӣ ва иҷтимоии худро мокювелистӣ қарор додаанд ва ба гуфтаи танзнависе; шабҳоро бо лолоии мокювелистӣ мехобанд ва субҳҳоро бо занги соати ғарбӣ барпо мешаванд!

Оё метавон инро тасаввур кард, ки як муъмин ба Худо ва Расул(с) битавонад, дар айни бовар ба китоби Қуръон ва суннатҳои Набавӣ(с) ва ин ки Ислом дини ҷаҳонӣ аст, боз бовар надошта бошад, ки Ислом соҳиби назар ва мактаби ҳукуматӣ ва сиёсӣ аст? Оё метавон инро бовар дошт, ки Расули Худо барои низоми сиёсӣ ва иҷтимоии худ аз динаш ҳеҷ надошт, балки аз сиёсатҳои ғарбу шарқ пайравӣ мекард?

Оё мо ҳамчун он сиёсатмадороне, ки шабро бо лолоии мокювелистӣ мехобанд ва субҳро бо барномаҳои ошкору пинҳони онҳо шуруъ мекунанд, Қуръонро китоби зиндагӣ ва шабу рӯзи худ қарор додаем? Суханони Расули Аллоҳ(с)-ро барои корҳои фикрӣ ва иҷроии худ, он гуна ки онҳо ба суханони Мокювелӣ таваҷҷуҳ доранд назар кардаем? Албатта, ки шояд бисёре аз мо ва ё онҳое, ки пайрави хоста ва нохостаи сиёсатҳои мокювелистӣ шудаем, қасду ғаразамон душманӣ бо дин набошад, аммо наметавон бо он корде, ки сари хук буридаанд зибҳи шаръӣ намуд.

Шояд, ояндагони мо ҳам ҳамон роҳро бираванд, чун ҷойгузине барои намунаҳои имрӯзии мокювелистӣ ва ғарбӣ аз динамон берун накашидем ва ироа надодаем, то онҳо бо дидани ҳақоиқи динашон, либоси фохири надоштаи мокювелистиро бадар кунанд ва либоси ҳақро бартан. Аммо ин боварро дорем, ки суннати илоҳист; агар қавме вазифаи бандагии худро анҷом надиҳад, қатъан қавми дигар ҷойгузинашон хоҳад шуд, то бандаи Аллоҳ бошанд.

Аллоҳ таъоло мефармояд; Алиф-Лом-Мим. Он китобест, ки шак дар он нест, Он ҳидоятгари муттақин аст (Бақара 1-2)

САЙИД АКБАРЗОДА

Нашр шуда дар НАҶОТ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст