Зубайдуллоҳи Розиқ

Раиси Академияи исломии ҲНИТ

«Наҷот»

13.03.2012, 19:20

Мақсад аз «ояҳои китоби ҳаким

Қуръон китоби ҳидояту раҳмат барои муҳсинон аст

Қаробат ба Худо ба василаи намозу закот

Охирсухан

Мақсад аз «ояҳои китоби ҳаким»

«Алиф, лом, мим. Инҳо ояҳои китоби ҳакиманд, (ки) ҳидоят ва раҳмате барои муҳсинон аст. Он касоне ки намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва ҳам эшон ба охират яқин доранд. Онҳо бар ҳидояте аз Парвардигори хешанд ва инчунин эшон растагоронанд.» (Сураи Луқмон, ояҳои 1-5)

Алиф, лом, мим. Чанде аз сураҳои Қуръони карим бо ҳарфҳое мисли «алиф», «лом», «мим», «син», «қоф» ва монанди инҳо оғоз меёбанд, ки муфассирон дар мавриди ҳадаф аз ин гуна оғозшавии сураҳо фикрҳои мухталиф баён намудаанд, вале асли мақсад рӯшан нест ва ҳақиқати онро ба ҷуз Худованд касе намедонад.

Ояи “Инҳо ояҳои китоби ҳакиманд”, ба азамату бузургии китоби Худо ишора намудааст, яъне ояҳои ин сура ва дигар сураҳо ояҳои  китоби ҳакиманд. Маънои калимаи ҳаким дар луғат соҳибҳикмат, ҳикматомӯз ва устуворкор аст. Худованд дар ин оя ба хонанда дар мавриди Қуръон маълумот дода ва ӯро огоҳ менамояд, китобе, ки ӯ дар даст дорад, китобест дорои ҳикмат ва ҳикматомӯз, сухани беҳуда ва ғайри маъқул дар он вуҷуд надорад. Ояҳои онро бо дили софу шаффоф ва ба таври ҷиддӣ бихонад, дар маъно ва мафҳуми онҳо биандешад ва тибқи нишондоди ин ояҳо роҳи зиндагии хешро пайдо намояд ва дар партави нури онҳо кору зиндагӣ кунад, он гоҳ ба мафҳуми он мерасад ва ҳақиқаташро дармеёбад. Зеро Қуръон дар дили ҳар шахсе ба андозаи шафофият ва равшании он ва ба миқдори муҳаббат ва арҷгузории ӯ партав меафканад. Ин китоб саршор аз ҳақиқатҳоест, ки инсон танҳо аз роҳи ваҳйи илоҳӣ онро гирифта метавонд, ақлу тафаккури башарӣ тавони баёни он ҳақиқатҳоро надорад, ки чунин китобе эҷод намояд.

Қуръон китоби ҳидояту раҳмат барои муҳсинон аст

Муҳтавои ин китоб, тарзи баён ва вуҷуди муборакаш устувору муҳкам аст, калимоту ҷумлаҳояш тарзе баён ёфта, ки аз махлуқот касе наметавонад ба он чизе афзун намояд ё аз он бикоҳад, ё тағйире ворид созад ва аз ин раҳрав ба он ҳарфи лағв ё мазмуни беҳуда роҳ ёбад.

“(Ки) ҳидоят ва раҳмате барои муҳсинон аст”, яъне Қуръон ҳидоятгар ва раҳнамои муҳсинон аст. Вақте инсон ба ҳидояти Қуръон мушарраф мегардад, ки он муқаддимаи раҳмат аст, зеро инсон нахуст дар партави Қуръон ҳақиқатро пайдо карда, ниҳоли эътиқодаш бо реша гирифтан дар он месабзад ва онро дар амал ба кор мебандад ва аз пайи он мавриди раҳмати бепоёни Худованд қарор мегирад.

Мо барои дуруст фаҳмидани маънои муҳсин лозим медонем, ба ҳадисе, ки машҳур ба ҳадиси Ҷибриил аст, ки дар он Расули Худо (с) дар бораи муҳсин бо баёни равшан тақрир фармудаанд, муроҷиат намоем. Вақте Ҷибриил (а) аз Паёмбари Худо (с) пурсид: “Эҳсон чист?” Фармуд: “(Эҳсон он аст), ки Худовандро тавре ибодат кунӣ, мисле, ки ӯро мебинӣ ва агар ту ӯро набинӣ, яқинан ӯ туро мебинад”. Яъне  мусалмони муҳсин амалҳои хешро тавре анҷом медиҳад, ки Худовандро шоҳид ва нозири аъмоли хеш медонад. Ибодат дар вақти худаш ба ин шева анҷом гирад, дар шуур ва рафтори инсон асар мегузорад ва миёни қалби банда ва Парвардигор иртибот барқарор мешавад ва унси банда бо Парвардигораш ба тадриҷ ба дараҷаи камол мерасад. Он гоҳ аз ибодати худ ҳаловат ёфта, эҳсоси оромиши хотир ва итминони қалбӣ менамояд. Эҳсоси ҳузур дар маҳзари Худованд ва Худоро нозири аъмолу афъоли худ донистан сарчашмаи ҳамаи некиҳоест, ки аз вуҷуди инсони мусалмон дар шоҳрагҳои ҷомеа ҷараён пайдо мекунад ва сабаби рафъи ҳамаи он мушкилоте мешавад, ки бар асари ғафлати аз Худо домангири ҷомеа шуда буд.

Қаробат ба Худо ба василаи намозу закот

Аз ин лиҳоз, Худованд намунаи равшани онро дар идомаи ин оя баён карда мефармояд: «Он касоне, ки намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд», яъне онҳо касоне мебошанд, ки пайванди худро бо Худо ба василаи намоз барқарор менамоянд ва бо Худову халқи Худо ба василаи закот иртибот барқарор месозанд.

Адои закот ҳиддати ҳирсро мешиканад ва он нирӯи эҳсоси нозирдонии Худованд аст, ки осори шуми ин сифоти номатлубро аз нафси одамӣ бармедорад. Лозим ба ёдоварист, ки ҷомеаи инсонӣ ниёз ба ҳамкорию ҳамёрии афрод дорад ва пайвандҳои он аз роҳи пардохти закот устувор мегардад. Муҳсинону некукорон дар партави ҳидоятҳои китобе, ки саршор аз ҳикмат аст бо пардохти закот пояҳои ҷомеаи башариро истеҳкому устувор мебахшанд.

Охирсухан

“Ва эшон ба охират яқин доранд”, инсон вақте ба вуҷуди олами дигар, оламе, ки дар он бо Холиқи хеш рӯ ба рӯ мешавад ва дар ҳузури ӯ гузориш медиҳад ва подоши аъмоли худро мегирад, яқин дошта бошад, қалби ӯро бедор месозад.

“Онҳо бар ҳидояте аз Парвардигори хешанд ва инчунин эшон растагоронанд”. Оре касоне, ки китоби беназири Худовандро ба унвони дастури зиндагии инсоният пазируфта, ибодот, ахлоқ, сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва илму фарҳанги худро дар қолаби он мерезанд, яқинан дар роҳи рости Парвардигор гом зада ва дар ҳарду ҷаҳон комёбанд.

nahzat.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст