Меҳмоннавозӣ дар фарҳанги Ислом
нависанда: Ризо Рахшонӣ
Баргардон: Муҳаммад Шукуров
Меҳмоннавозӣ пеш ва баъд аз зуҳури Ислом
Қиссаи меҳмоннавозии Иброҳим (а) дар Қуръон
Ангезаи ширкат дар маҳфилҳои меҳмонӣ
Одоби қабули даъват
8 одоб ва вазифаи мизбон
8 одоб ва вазифаи меҳмон
3 одоби баргаштан аз меҳмонӣ
Охирсухан
Меҳмоннавозӣ пеш ва баъд аз зуҳури Ислом
Яке аз сифатҳои бисёр писандида ва макорими ахлоқ, ки агар дар ҳар фард вуҷуд дошта бошад фазилати бузурге ба шумор меравад, он меҳондорӣ ва меҳмондӯстист. Ин ахлоқ аз қарнҳои гузашта дар ҷомеаҳои башарӣ вуҷуд доштааст. Пазироӣ аз меҳмон боиси эҷоди унс ва ошноии бештар, шарик сохтани дигар дар сарват ва дороии худ, эҳтиром ва бузургдошти мардум ва гузашти молист. Қавмҳое, ки баҳраи бештаре аз ин сифати ахлоқиро доранд, ҳамвора бо он ифтихор мекунанд. Чи хуб Соиби Таберезӣ фармудааст:
Ризқи мо бо пои меҳмон мерасад аз хони ғайб,
Мизбони мост ҳар кас мешавад меҳмони мо.
Яке аз сифоти барҷастаи арабҳо дар асри ҷоҳилият меҳмонавозии онҳо буд. Ҳатто баъзе аз тоифаҳои араб шабҳо оташ дар саҳро равшан мекарданд, то агар ғарибе вориди минтақаашон шавад, оташро бинаду ба меҳомонии онҳо биравад. Ин хислати писандида бо зуҳур дини Ислом ва пазириши он аз тарафи мардум пеш аз пеш дар ҷомеаи исломӣ сабт ва ҷовидонӣ шуд.
Қиссаи меҳмоннавозии Иброҳим (а) дар Қуръон
Дар манобеи исломӣ ривоёти фаровоне дар ташвиқи ин хислати иҷтимоӣ дида мешавад. Аз сӯи дигар меҳмондорӣ суннати тамоми анбиё (а) будааст, ба вижа ҳазрати Иброҳим (а), ки падари мизбонон лақаб ёфтааст. Дар Қуръони карим аз достонҳои меҳмонавозии ӯ чунин зикр шудааст:
(هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ الْمُكْرَمِينَ (24) إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَاماً قَالَ سَلَامٌ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ (25) فَرَاغَ إِلَى أَهْلِهِ فَجَاء بِعِجْلٍ سَمِينٍ (26)
Яъне: «Оё хабари меҳмонҳои бузургвори Иброҳим ба ту расидааст, дар он замон, ки бар ӯ ворид шуданд ва гуфтанд, салом бар ту! Гуфт, салом бар шумо! Мардумони ноошно ва ношиносе ҳастед. Сипас, пинҳонӣ ба сӯи хонаводаи худ рафт ва гусолаи фарбеҳро, ки бирён карда буд, барои эшон овард».
Бахшандагӣ ва меҳмондории ҳазрати Иброҳим (с) дар ин саҳна ошкоро ҷилвагар аст. Ҳамин, ки меҳмонон мерасанд ва бар ӯ дохил мешаванд ва мегӯянд, салом ва ӯ посухи саломи эшонро медиҳад. Дар ҳоле, ки онҳоро намешиносад ва бо эшон ошноӣ надорад, барояшон хурок таҳия мекунад. Ҷолиб инҷост, ки хуроки зиёде фароҳам мекунад, ки барои даҳҳо нафар кофӣ ва басанда аст, дар ҳоле, ки фариштагон тибқи бархе ривоёт се нафар буданд. Рони ин гусолаи фарбеҳ ҳам барои онҳо зиёд буд.
Имрӯз, мутаассифона ин суннати инсонӣ, ҳатто дар ҷомеаҳои исломӣ маҳдуд шудааст ва ё тақрибан аз байн рафтааст. Мардум меҳмондориро фақат маҳдуд ба даъватҳои расмии ошноён ва атрофиёни хеш намуда ва тамоюли чандоне барои пазироӣ аз мусофир ва ғариби бепаноҳе аз худ нишон намедиҳанд. Шояд далоили ин кор фазои ҳокими моддигароӣ бар ҷомеа, зиндагии шаҳрнишинӣ ва заъфи меъёрҳои ахлоқӣ дар миёни мардум бошад.
Ангезаи ширкат дар маҳфилҳои меҳмонӣ
Як фарди мусалмон бо ин ангеза дар ҷаласаи меҳмонӣ ҳузур меёбад, ки пазируфтани даъвати мусалмон суннат ва сабаби истеҳкоми пайванди бародариву дӯстӣ ва боиси аҷру подоши маънавӣ аст. Дар фарҳанги динии мо сабаби ширкат кардан ё ширкат накардан дар як меҳмонӣ ҳаргиз ин нест, ки чун мизбон фарди фақир аст ва таваққуъи таҳияи ғизое ба истилоҳ чарбӣ ва нарм намеравад. Набояд бо пешкардан узр ва баҳона аз пазириши даъвати вай ру гардонад ва баръакс ба хотири пур кардани шикам бо камоли ҳирсу тамаъ бар рӯи дастархони афроди молдор ҳозир шуд. Расули акрам (с) дар ҳадисе иршод мефармояд:
لَوْ دُعِيتُ إلَى كُرَاعٍ أَوْ ذِرَاعٍ لَأَجَبْتُ) رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ: 2467
Яъне: «Агар шахсе барои почаи гӯсфанде маро даъват кунад, ҳатман онро хохам пазируфт».
Бинобар ин, вақте ҳадаф аз даъват кадани меҳмон изҳори муҳаббати мизобон нисбат ба меҳмон буда ва аз рӯи ихлосу самимият меҳмонро ба манзили худ даъват мекунад, бояд бо камоли муҳаббат, бидуни дар назаргирифтани мавқеиъяти иқтисодӣ ва иҷтимоии фард, ба даъвати вай лабайк гуфт. Аз ҳамин рӯ, он Ҳазрат (с) ҳеҷгоҳ даъвати афроди оддӣ ва камбизоати ҷомеаро рад намекард ва ҳатто гоҳе ранҷу машаққати дурии масофаи манзили мизбонро низ ба ҷон мехарид.
Ба ростӣ ҳангоме, ки мизбон ва меҳмон чунин ҳадафи муқаддасе дошта бошанд, дастархони муносибе барои сафо ва самимият эҷод шуда ва ҳузур дар он маҳфил боиси нуроният ва подоши маънавӣ хоҳад шуд.
Одоби қабули даъват
Аввал, бидун узр даъвати касеро рад накунед, магар эҳтимоли дучор ба гуноҳ дар он ҷо вуҷуд дошта бошад, мисли арақ ё беҳаёӣ ва ғайра.
Дуввум, даъвати дуру наздикро бипазиред ва агар ҳамзамон ба ду меҳмонӣ даъват шуда бошед, даъвати фарди аввалро пазируфта ва аз фарди дуввум маъзарат бихоҳед.
Саввум, дар миёни даъваткунандаи сарватманду нодор тафовут қоил набошед ва даъвати ҳар дуро қабул кунед, зеро напазируфтани даъвати инсони фақир сабаби ранҷиши хотири вай гашта ва навъе такаббур ва худбартарбинӣ ба шумор меравад.
Чаҳорум, бо нияти эҳтиром ба бародари худ даъвати ӯро бипазиред, то аз ин роҳ аҷру савобе низ касб кунед.
8 одоб ва вазифаи мизбон
Аввал, фазои муносибу хуш барои меҳмон
Дар меҳмондорӣ, мизбон ва меҳмон нисбат ба якдигар вазифаҳое доранд, ки бояд онҳоро ҳар дӯ риоя кунанд. Ҳаргоҳ меҳмоне ба манзил ояд, бояд одоби меҳмондориро риоя ва эҳтироми ӯро ба ҷо оварад. Албатта манзур ин нест, ки дар пазироӣ ва хуроку нушиданӣ ба исрофу рехту пош ва такаллуф бипардозад. Зеро, ки суннат ва шариат бар эътидол ва миёнаравӣ таъкид дорад, балки манзур инаст, ки пас аз истиқбол аз меҳмон, бо чеҳраи хуш ва кушод рӯ ба рӯ шуда, ҷои муносиб барои нишастан, истироҳат ва ҷои хоб барояш фароҳам созад. Қиблаи манзил ва ҷои намозу таҳорат ва ғайраро ба ӯ нишон диҳад. Агар пас аз вузу ва шустани дасту рӯй рӯймоле ба ӯ медиҳад, ки дасту рӯяшро хушк кунад, набояд дастмоле бошад, ки мавриди истифодаи худ ва фарзандонаш бошад.
Васоили назофату покизагӣ ва рахти хобе, ки дар ихтиёри ӯ мегузорад, ҳатман бояд пок ва тамиз бошад ва қабл аз ин, ки вориди ҳамом шавад, бояд васоили шахсӣ ва хонаводагиро, ки дидани он барои меҳмон муносиб нест, бардорад. Ҳурмати хонавода ва эҳтироми меҳмон тақозо мекунад, ки либос ва васоили занона дур аз диди меҳмон бошад. Макони муносибе барои истироҳат дар ихтиёри меҳмон бигзорад, то дар фазои дур аз сару садои кудакон ва ба ҳам хурдани зарфҳои хурокпазӣ истироҳат кунад.
Дувум, омода кардани ғизои мавриди дилхоҳ
Яке аз хислатҳои неки мизбон, ба вижа дар даъватҳои дӯстона ва худӣ инаст, ки аз меҳмон бипурсад, ки ғизои мавриди писандаш чист? Агар тавонист он ғизоро барояш фароҳам кунад, дар ғайри ин сурат аз ӯ узрхоҳӣ намояд. Пурсиш аз меҳмон ин хубиро дорад, ки агар ғизое барои ӯ зарар дорад ё пизишк ӯро аз хурдани он манъ кардааст, омода нагардад ва дар иваз ғизое, ки муносиби майли меҳмон аст ва ё барояш зарар надорад, омода шавад. Зеро, ки бисёр вақтҳо ғизое тибқи зоиқаи мизбон бисёр лазиз ва бомаза аст, аммо мутаассифона муносиби табъу завқи меҳмон нест ва ӯ ҳеҷ алоқае ба он надорад ва шояд натавонад аз он ғизо тановул намояд. Чунин коре боис афсус ва ҳасрати соҳибхона хоҳад шуд, ки чаро барои таҳияи он ғизо масраф ва заҳмати фаровон кашидааст.
Саввум, ғизоро ҳарчӣ зудтар ба меҳмон таҳия кунад
Меҳмон вақте аз роҳ мерасад, ба вижа агар мусофир бошад, ғолибан хаста ва гурусна аст, ҳам ниёз ба ғизо дорад ва ҳам ба истироҳат. Бинобар ин, бояд ҳар чӣ зудтар ғизои ӯро омода кунад, то битавонад истироҳат кунад.
Чаҳорум, ҷудо сохтани суфраи занону мардон
Мизбон бояд тадбире биандешад, ки дастархони занону мардон аз ҳам ҷудо бошад ва бар рӯи як дастархон нанишинанд, то мардону занони поксират осудахотир ғизояшонро тановул кунанд ва одамони ноаҳл фурсати хилофкориро пайдо накунанд.
Панҷум, набояд аз меҳмон пурсид, ғизо хурдааст ё на
Вақте меҳмоне сарзада аз роҳ расид, мизбон бидуни ин, ки аз ӯ суоле кунад, ҳар ғизоеро, ки дар хона дошт, барои ӯ биёварад, то майл кунад. Агар ғизо нахурад онро бардорад, зеро баъзе аз меҳмонҳо бошарм ҳастанд ва агар аз онҳо пурсида шавад; ғизо хурдаанд, ё на? Мегӯянд: оре! Дар ҳоле, ки мумкин аст, бисёр ҳам гурусна бошанд.
Шашум, ғизо хурдан бо меҳмон
Яке аз вазифаҳои ахлоқии мизбон инаст, ки ҳамроҳи меҳмонаш ғизо бихурад ва аз ғизо даст накашад, то ҳамаи меҳмонон сер шаванду канор бираванд, зеро мумкин аст, баъзе аз меҳмонҳо шармнок бошанд ва дар сурати ғизо нахурдани соҳибхона, онон ҳам ғизо нахуранд ва ё ҳанӯз сер нашуда даст аз ғизо хурдан бикашанд.
Бояд мизбон ғизои лозим ва матлуб пеши меҳмон гузорад, зеро ғизои кам пеши меҳмон гузоштан як навъ беҳурматӣ ба худ ва меҳмон аст ва ғизои беш аз ҳадди лозим овардан низ навъе такаллуф ва худнамоӣ аст, ки ҳар дуи он норавост.
Ҳафтум, таъна назадан ба меҳмон
Агар меҳмон одати хоссе дорад ва ё дар ӯ айбе ҳасту аз ифшояш нороҳат мешавад, мизбон набояд кӯчактарин ишорае ба он бикунад. Нигоҳ кардан ба даҳони меҳмон дар вақти ғизо хурдан, ишора кардан ба чӣ гунагии ғизохурӣ ва задани суханҳои ракик ва бемаъно аз ҷумлаи ахлоқи зиштест, ки баъзе аз мизбонон мутаассифона онро доранд ва меҳмони худро бо ин васила нороҳат мекунанд.
Ҳаштум, омодагии доим барои пазироӣ аз меҳмон
Касе, ки ақвом ва дӯстони зиёде дорад ё шахсест, ки машҳур ба бахшандагӣ ва меҳмонавозӣ аст ва ҳар вақт эҳтимол дорад барои ӯ меҳмон биёяд, то ҳадди имкон бояд омодаи пазироӣ бошад. Агар меҳмоне бидуни даъвати қаблӣ сарзада ворид шавад, барои пазироӣ аз ӯ дар машаққат наяфтад ва ё меҳмон гурусна намонад.
Ва саранҷом аз ҷумлаи вазоифи мизбон инаст; дар бораи матолибе, ки меҳмон дӯст дорад, суҳбат кунад, қабл аз меҳмон нахобад, дар ҳузури онҳо аз камбудиҳо ва мушкилоти зиндагӣ нанолад, агар суҳбатҳои меҳмон мутобиқи майлаш набуд, худро нороҳат нишон надиҳад ва дар ҳузури ӯ ба хонаводаи худ хашм накунад.
Ба ҳар ҳол, мизбон то ҷое, ки метавонад меҳмони худро гиромӣ бидорад ва аз ҳузури ӯ изҳори хушӣ ва масаррат намояд. Барои хидмат ба меҳмон аз ҳеҷ талош ва кӯшише даст накашад. Дар ҳадиси набавӣ омадааст:
(مَنْ كانَ يُؤمِنُ باللهِ واليَوْمِ الآخِرِ فَالْيُكْرِمْ ضَيْفَهُ) متفق عليه
Яъне: «Касе, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, бояд меҳмонашро гиромӣ бидорад».
Одоби авлавиятбандӣ дар пазироии меҳмон
Ба хотири пайравӣ ва амал кардан ба равиши Паёмбари акрам (с), бузургон ва аҳли фазлу эҳтиром дар авлавият гиранд. Дар ҳар ҷамъияте шахсе ҳузур дорад, ки аз соири афрод бузургтар, олимтар ё шарафи пешвоиву раҳбарӣ ё шарафи пайкорӣ дар роҳи Худо ва ё шарафи саховату башхиш дар роҳи хайр ва ғайра бошад, суннат аст, ки дар пазироӣ ва эҳтиром ибтидо аз ин афрод шуру шавад ва баъд аз он касоне, ки дар самти росташон қарор доранд, идома диҳад. Зеро илова бар фармоиши он ҳазрат (с), ки фармуданд: «کبّر کبّر», (риояти ҳаққи бузургтарро бикун), эшон фармуданд:
(ليس منا من لم يرحم صغيرنا ولم يوقر كبيرنا)
Яъне: «Касе бо хурдсолон раҳм намекунад ва бузургонро эҳтиром нагузорад, аз мо нест». (мушкотул-масобеҳ 497). Ё дар ҷои дигар мефармояд: «أنزلوا الناس منازلهم», яъне: (ҳар касро дар ҷойгоҳи худ қарор диҳед».
8 одоб ва вазифаи меҳмон
Меҳмон низ дар навбати худ нисбат ба мизбонон вазифаҳое дорад, ки анҷоми он муҷиби ризояти Худованд ва мустаҳкам шудани ухувват миёни мӯъминон мешавад.
Аввал, иттилоъ додани мизбон
Ҳаргоҳ фарде қасди меҳмон шудан дар манзили касеро дошта бошад, бояд пеш аз пеш ба вай иттилоъ диҳад ё ҳадди ақал замоне ба манзили шахс биравад, ки муҳайё сохтани бисоти меҳмонӣ барои соҳибхона муяссар бошад. Зеро агар фард бидуни ҳамоҳангӣ дар замоне, ки фурсат чандоне барои таҳияи ғизо муносиб нест, ба хонаи касе биравад, бисёре аз мизбонон худро дар заминаи таҳияи ғизо бо дарди сару мушкил мувоҷеҳ месозад ва дар натиҷа вай пеши меҳмон эҳсоси хиҷолат ва шарм намояд.
Дуввум, дар вақти муайян ва муқаррар ҳозир шавад
Меҳмон бояд меҳмонӣ рафтанро набояд ба таъхир бияндозад, ки соҳиби хона ё меҳмони дигар дар интизор бимонанд. Ҳамчунин агар вақти муайянеро таъйин карданд, набояд пештар аз он ба меҳмонӣ биравад, зеро мумкин аст мизбон дар он лаҳза омодагии истиқбол ва пазироиро надошта бошад ва дар натиҷа эҳсоси хиҷолат кунад.
Саввум, ҳар ҷо соҳиби хона ишора кард, бинишинад
Меҳмон ҳаргиз набояд бо мизбон дар мавриди макони нишастан баҳс кунад ва ҳар ҷое, ки барои ӯ пешниҳод шуд, он ҷо бинишинад. Зеро мумкин аст худи меҳмон ҷоеро интихоб кунад, ки мушарраф ба ҷойҳои ҳассоси хонавода, мондани ошпазхона бошад ё сокинони манзилро дӯчори сахтӣ месозад. Бинобар ин, пешниҳоди мизбонро пазируфта ва эҳтиромашро пос дорад ва ҳамон ҷо, ки ба ӯ гуфта мешавад, бинишинад.
Чаҳорум, парҳез аз таҷассус дар меҳмонӣ
Шахси мӯъмин ҳаргоҳ вориди манзили яке аз дӯстон ва бародаронаш шуд, набояд монанди ҷосус ба кунҷковии гӯша ва канори манзил бипардозад, балки дар он маҳал мувозиби худ бошад ва ҳаргиз ба номаҳрамон нигоҳ накунад. Ба ҳеҷ унвон, сандуқ, сумка, баста, парванда ё чизи нуҳуфта ва табақабандишударо боз накунад, зеро чунин амале хилофи одоби исломӣ ва бар хилофи тааҳҳуд ва амонетест, ки мизбон онро ба души меҳмон гузоштааст. Зеро соҳибхона манзил ва дороии худро ба унвони амонат дар ихтиёри меҳмон қарор медиҳад, пас меҳмон набояд одоби меҳмониро зери по бигзорад ва аз гумони неки мизбон суйистифода кунад.
Панҷум, тақозои душвор аз мизбон накунад
Яке аз вазифаҳои меҳмон инаст, ки агар мизбон вазъи хубе надорад ва қудрати молии ӯ заиф аст, аз ӯ тақозои ғизои ғайр аз он чӣ барояш меоварданд, накунад. Ҳатто агар бидонад, ки мизбон ғизои мавриди алоқаашро таҳия мекунад, боз ҳам аз назари ахлоқӣ ва урфӣ ин тақозо дуруст нест.
Шашум, ба навъи ғизо аҳамият надиҳад
Дар байни мардум ин тавр ривоҷ шудааст, ки агар касеро ба меҳмонӣ даъват карданд, яъне ин ки барои ӯ ғизои бомаза таҳия кардаанд ва даъват кардан фақат барои хурдан аст. Вақте аз меҳмонӣ баргашт, аввалин суоле, ки аз ӯ пурсида мешавад, инаст, ки кадом ғизоро таҳия карда буданд?
Ҳадаф аз пазируфтани даъват ва меҳмонӣ рафтан набояд пур кардани шикам ва лаззати ҷисмониву навъи ғизо бошад, балки ҳадаф бояд умури маънавӣ ва наздикӣ ба Худованд аз ин роҳ бошад. Масалан бо худ фикр кунад, ки ман ба хотири амал ба суннати Паёмбар (с), ки қабули даъвати мусалмонро аз ҳуқуқи ӯ баршумурдааст, ба меҳмонӣ меравам. Он ҳазрат (с) дар ҳадисе мефармояд: «إذ دعی أحدکم فليجب», яъне: «Ҳар кас аз шумо барои хурдани ғизо даъват кунад, ба он посухи мусбат диҳад». Дар ҳадиси дигаре он Ҳазрат (с) иршод мефармояд:
«حق المسلم علی المسلم خمس، رد السلام، تشميت العاطس، إجابة الدعوة، إتباع الجنائز وعيادة المريض.» صحيح البخاری
Яъне: «ҳар мусалмоне бар мусалмони дигаре панҷ ҳуқуқ дорад, посухи салом, ҷавоби атса, пазируфтани даъват, мушорикат дар ҷаноза ва иёдати бемор». (Саҳеҳ Бухорӣ). Пас дар пазируфтани меҳмониҳо ҳадафҳои худро илоҳӣ кунем. Бидуни тардид аҳамият додан ба ғизо ва каму зиёд будани он аз хасоиси инсонҳои намакношинос аст.
Ҳафтум, барои мизбон дуо кунад
Вақте мизбон дар камоли базлу бахшиш имконоти шахсии худро аъам аз ғизо, ҷой ва ғайраро дар ихтиёри меҳмон қарор медиҳад, меҳмон низ вазифа дорад барои мизбон ва хонаводааш дуои хайр ва аз онҳо тақдиру ташаккур кунад, чаро, ки дар ҳадис омадааст: «من لم يشکرالناس لم يشکر الله», яъне: «Касе, ки аз мардум сипосгузорӣ накард, сипоси Худовандро ба ҷо наёвардааст».
Ҳаштум, асрори мизбонро ҳифз кунад
Ҳамон тавр, ки мизбон бояд асрори меҳмонро ҳифз кунад ва айбҳои ӯро нақл накунад, меҳмон низ вазифадор аст, ки асрори мизбонро ҳизф кунад. Аз замонҳои қадим то ба ҳол расм будааст, ки ҳар касе нону намаки фардеро хурад, дигар набояд ба ӯ хиёнат кунад. Ҳатто афроди дузду гунаҳкор вақте намаки касеро мехуранд, дигар ба мизбон хиёнат намекарданд ва ҳурмати ӯро нигоҳ медоштанд. Агар як нафар пораи нонро ба тарафи ҳайвоне бияндозад, он ҳайвон то муддати тулонӣ ҳар вақт он шахсро бинад, ба унвони қадрдонӣ ва имтинон бо ӯ бадрафторӣ намекунад. Пас инсон чӣ гуна ба мизбони худ хиёнат мекунад?!
3 одоби баргаштан аз меҳмонӣ
Нахуст: Бояд соҳиби хона меҳмонашро дар ҳангоми баргашт то дарвозаи манзил гусел кунад. Ин кор суннат аст.
Дуввум: Меҳмон ҳам бо шодмонӣ ва кушодарӯи манзили мизбонро тарк намояд ва агар дар ҳаққи ӯ камтаваҷҷӯҳӣ ва норавоӣ сурат гирифта бошад, дар рӯи худ ошкор насозад. Ин хислат ҷузъи ахлоқи ҳасана ва тавозуъ аст.
Саввум: Меҳмон набояд бидуни иҷозати мизбон ва ризояти ӯ маҷлисро тарк кунад, балки ризояти хотири ӯро дар миқдори иқомат риоят кунад. Албатта иқомати ӯ набояд боиси эҷоди музоҳимат барои мизбон гардад. Дар Қуръони Карим мехонем: {فإذا طعمتم فانتشروا} (احزاب: 53), Яъне: «Замоне, ки ғизо хурдед, пароканда шавед».
Ҳаргоҳ касе ба унвони меҳмон – бидуни даъвати қаблӣ - вориди манзил шуд, набояд беш аз сер рӯз дар онҷо иқомат кунад, зеро гоҳе соҳибхона аз дасташ ба танг меояд. Ҳазрати Расули акрам (с) мефармояд:
«الضيافة ثلاثة أيام فما کان وراء ذلک فهو صدقة عليه» متفق عليه
Яъне: «Меҳмон будан то се рӯз аст, аз он беш аз меҳмонӣ хориҷ мешавад ва ба сурати эҳсон ва садақа додан дармеояд». Албатта؟ агар мизбон аз хулуси қалб исрор кард, ки бештар аз сер рӯз бимонад, метавонад дархости ӯро бипазирад.
Охирсухан
Бинобар ин, меҳмондорӣ дар чаҳорчуби меъёрҳои шаръӣ ва ахлоқӣ боиси иҷро ва подоши ухравӣ, нузули неъматҳои илоҳӣ, эҷоди фазои сафову самимият ва рафъи кудуратҳо миёни афроди ҷомеа хоҳад буд. Ба қавли Ибни Ямин:
Ҳар киро бинӣ ба гетӣ рӯзии худ мехурад,
Гар зи хони туст нонаш ё зи хони хештан.
Пас туро миннат зи меҳмон дошт бояд баҳри он,
Ки мехурад бар хони эҳсони ту нони хештан.
nahzat.tj