Суъуд ба Арш ва ё суқут ба ... .

Аллоҳ таъоло бани башарро ҳамчун махлуқи баргузида дар рӯи замин ва халифаи худ дар он ихтиёр намуд. Онгоҳ ба дигар махлуқоташ амр кард, то Ӯро саҷда намоянд ва рӯҳи ҳазорон набӣ, васӣ ва авлиёро дар Ӯ дамид, то ҳаркадом дар рӯзи мавъуд бархезанд ва мардумро ба ончӣ фитраташон офарида шудааст огоҳӣ бахшанд. Одам(а) шурӯъкунандаи он ҳақиқате буд, ки Муҳаммад(с) онро хотима дод ва ҳуҷҷатро бар башарият тамом намуд.

Баъд аз он ки малак бар Одам(а) саҷда намуд ва Иблис рондаи даргоҳи илоҳӣ гашт, муқаррар гашт то рӯзи мавъуд Шайтон ва шайтонҳое ҳавли фарзандони Одам бошанд ва онҳоро гумроҳ намоянд! Аллоҳ таъоло аз боби имтиҳон бандагонашро дар ин роҳ қарор дод, ё роҳу суннати Ҳақро ва ё роҳ ва суннат Ботилро интихоб кунанд.

Аммо, чунон ки Худованд инсонро баргузидаи махлуқоташ гуфт; боз фармуд: инсон ҳақиқатан дар хусрон аст, магар касоне, ки имон оварданд ва амали солиҳ анҷом доданд (сураи Аср.2)

Бале, гоҳ ин он инсоне, ки салоҳияти қарор гирифтан дар мақоми халифатуллоҳиро дорад, ба ҷое мерасад, ки дар асфала софилин, бадтарин махлуқи ҳастӣ лақаб мегирад ва би истилоҳ ДАСТИ ШАЙТОНРО АЗ ПУШТ МЕБАНДАД!

 

Дар ҳамин робита навиштае аз бародар

Бобоҷони Қаюмзод

Раиси шӯъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ,

ки дар сомонаи ҲНИТ ба нашр расидааст тақдим мегардад.


Шайтон ба нафақа мебарояд

Шайтонро дидам, ки ба ҳузур хобида буду чанде баъд бархоста, наҳорӣ мехӯрд.

Пурсидам:

- Чаро бекор нишастаӣ?  Имрӯз инсонҳо нисфи рӯзашонро бидуни ту гузаронданд.

Қошу кавоқ андохта, ба сӯям ним нигоҳе карду гуфт:

- Пеш аз вақт ба нафақа баромадан мехоҳам.

Кунҷкобӣ кардам:

- Магар виҷдонат бедор шудааст ё мехоҳӣ бандагии Худоро кунӣ?

Гуфт:

- Ин тавр нест. Баръакс,  ман дигар он Иблиси пешинаи тавоно нестам. Он чи ман шабона бо садҳо васвасаи пинҳонӣ анҷом медодам, инсонҳо дар рӯзи равшан бо садҳо дасисаи ошкор анҷом медиҳанд, Дигар ба ман ниёзе намонда аст.

Баъд курпаву болишташро гирифту дар гӯшае барои худаш ҷои хоб омода кард. Ҳангоме ки ба ҷояш дароз мекашид, зери лаб ғур-ғуркунон мегуфт:

- Эй Одам, агар медонистам, ки фарзандони ту ин қадар ҷинояткору фиребгаранд, дар ҳамон рӯзи аввал ба ту саҷда мекардам. Аммо ҳоло мебинам, ки бадномиаш ба ман мондаасту ҳама корамро фарзандони ту аз ман гирифтаанд.  Намедонистам, ки насли ту дар дурӯғу хиёнату бадӣ  ин қадар пеш мераванд.  Агар инро мефаҳмидам, аввалин шуда, ба Одам саҷда мекардам.

Гуфтам:

- Афсус, ки пушаймонӣ дигар суде надорад!

Гуфт:

- Алами ман аз он аст, ки шумо, инсонҳо, ҳама коро мекунед, аммо бадномиаш насиби ман мешаваду шиоратон ин аст, ки «Шайтон аз роҳ зад».

Инро гуфту курпаро ба сараш кашид.

Дилам ба ҳолаш сӯхт. Одамон имрӯз ба андозае ҳарис ва тамаъкор шудаанд, ки вазифаи Шайтонро ҳам аз худ кардаанд.

Шайтон дар он кунҷ бекор хобида буду ман ғарқи хаёл будам. Ногоҳ садои ваҳшатноке маро аз ҷоям як қад паронд. Аз хоб бедор шудам, ки аз хонаи ҳамсоя доду фарёд меомад:

- Мардум! Ба хонаам дузд даромадааст! Мадад расонед!

сомонаи ҲНИТ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст