қисми аввал

Сайид Акбарзода;

Назми иҷтимоӣ дар назарияҳои ҷомеашиносӣ:

Дар инҷо нигоҳи кутоҳе ба назариёти чанд нафар аз ҷомеашиносони ғарбӣ хоҳем дошт ва баъд назарияи исломии мунтахабро дар он матраҳ хоҳем намуд.

Тумос Ҳобз (Thomas Hobbes 1588 – 1679, Инглис)

Ҳобз бар асоси тафаккуроти фалсафӣ-сиёсие, ки дошт низоми иҷтимоиро як лозимаи инсон медонист, ки дар асари қарордод – тавофуқ – тарафайнӣ эҷод мегардад. Ӯ инсонро як маҷуди худҳое, ки фақат ба дунболи таъмини хостаҳояш аст муаррифӣ мекунад. Чун инсонҳо ҳама ба дунболи хостаи худ мераванд ва ба танҳои наметавонанд онро таъмин намоянд, онгоҳ ночоранд бо ҳамдигар риқобат кунанд ва он ки зуру тазвир дорад бештар ба ниёзаш мерасад. Аммо ин роҳ ба ҳарҷу марҷ ва шикофҳои табақотӣ меанҷомад ва ниёзҳо таъмин намегардад, дар натиҷа ҷомеа бо як назму равобити хос, таъйин шуда аз ду тараф ташкил мегардад. Барои ҳифзи ин тавофуқ - қарордодҳо як низоми идоракунанда ҳам лозим мегардад ва бо эҷоди он ҷомеа ба ниёзҳои худ дар ҳадди риояти тарафайн мерасанд.

Дар ҳақиқат назарияи Ҳобз ба инҷо мерасад, ки ҷомеа падидаи ғайри табиъӣ, балки як барномаи сохтагӣ аст, ки бар инсон таҳмил мешавад. Дар натиҷа зазми иҷтимоӣ аз аназари ӯ як барномаи таҳмилӣ барои башар хоҳад буд.

Огуст Конт (Auguste Comte 1798 – 1857, Фаронса)

Вифоқи иҷтимоӣ аз назарияҳои асосии ӯ буд, ки бар асоси тафаккури ҳифзи вазъи мавҷуд, балки агар лозим бошад ислоҳоти ҷузъӣ дар он, дар пайи эҷоди буҳрон дар Фаронса аз тарафи ӯ матраҳ мегардад.

Конт бар ин бовар буд, ки талош барои эҷоди ҷомеае бар мабнои қарордодҳои байни афрод ва ё бозсозии ҷомеа бар асоси ҳуқуқи табиъии фардӣ аз густохӣ(саркашӣ) ва ё аз девонагӣ сарчашма мегирад. Бар ин мабно касоне, ки низоми иҷтимоиро бар асоси ҳуқуқи фардӣ медонанд рад мешаванд ва ин матлаб ҷойгузин мегардад, ки дарунӣ кардани арзишҳои ҷомеа омили назми иҷтимоӣ аст.

Назми иҷтимоӣ дар Ислом

Дин, хусусан дини Ислом ҳамчун мактаби наҷотбахши башар, аз аввалин насли одам то ба охирини онро барои зиндагӣ ва расидан ба саъодати дорайн роҳкору роҳнамо додааст. Дар дарунаш оқлашро ҳодӣ ва дар берун анбиё ва авлиёашро маъмури ҳидояти башар намудааст.

Дар заминаи баҳси мо, ки яке аз ҷанбаҳои бисёр асосӣ ва муҳимми ҳастӣ аст, яъне иҷтимоъ ва назму низомоти он, дини Ислом беҳтарин роҳкор дорад, балки танҳо роҳкор ва маншаъи наҷотбахши башар дар он аст.

Албатта маъмул набудааст, ки олимони динӣ китобу навишторе дар ин мавзуъи хос ва бо ин ному унвон баҳс дошта бошанд. Балки дар мабҳасҳое ҳамчун фиқҳ, усул, фалсафа, калом, ахлоқ ва даҳҳо баҳсу назарияҳои динӣ аз ҷомеа ва роҳкору роҳнамоиҳои он сухан гутфаанд. Дар асрҳои наздик орифону олимони исломӣ ҳамчун Форобӣ, Сино, Асадободӣ, Хумайнӣ, Таботабоӣ, Мутаҳҳарӣ ва даҳҳо нафари дигар вуҷуд доштаанд, ки ба парваришу ироаи андешаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеашиносона пардохтаанд ва сухан аз иҷтимои солим ва муъмине гуфтаанд, ки баргирифта аз Қуръон ва шариъати Муҳаммадӣ аст. Китобҳои тафсири Қуръон азҷумла Фахри Розӣ - Алмизон, китобҳои илмӣ ҳамчун Усули фалсафа ва равиши реалисм - Ҷомеа ва таърих аз дидгоҳи Қуръон метавонанд ба унвони манбаъ дар ин баҳсҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд.

Дар ривояте аз ҳазрати Али(а) омадааст, ки фармуд: бидонед, ки дар Қуръон илми оянда ва сухани гузашта ва давои дарди шумо ва сабабҳои назму сомондиҳии ҷомеа вуҷуд дорад.

Аз иқбол ҳам омадааст, ки Қуръон фақат як китоби динӣ нест, балки қоъидаҳои бунёдӣ ва асосие аст, ки бояд ҷавомеаро бар асоси он поярезӣ кунем. Он ҷомеае, ки бар асоси арзишҳои қуръонӣ бино шавад, як ҷомеаи мунсаҷим, бо субот, амн ва мутаодил хоҳад буд.

Дар инҷо ин масъалаҳам матраҳ шавад ҷой дорад, ки дар ин даврон андешаҳо ба тарафе кашиш пайдо кардааст, ки динро на ба унвони масъалаи ҳақ ва ноҳақ, балки ба унвони »оё фоидааш дар чист?« матраҳ мекунанд! Дар ин марҳила инсонҳо бо эҷоди ин саволҳо, ки интизори дин аз башар ва интизори башар аз дин бар мабнои манофеъ ҳаракат мекунанд. Назми иҷтимоӣ ҳам, ки дар асрҳои гузашта дар назариёти ғарбӣ ҷавлон дошт, ба курсиҳои исломӣ ҳам ворид гашт ва гоҳ ба бероҳа рафт, яъне интизори инсон аз динро асл қарор дод. Албатта дар ин миён андешаҳои бедор ва андешамандони бедоргар ҳам кам набуданд, ки бо диди наққодона аз назариёти ғарбӣ сухан гуфтанд ва онро дар бистари таърихӣ ва замонӣ ва маконии худ баҳсу таҳлили саҳеҳ намуданд.

Нуқтаи қуввати андешамандони исломӣ дар баробари ихтилофоти дарунии ғарбӣ дар бораи назми иҷтимоӣ сабаб мешавад, ки чандон ниёз набошад афкори шахс ва ё ашхосе аз олимони диниро ҷудогона баррасӣ намуд, балки дар як чорчубаи фикрӣ ва усулӣ баҳсҳои ҷомеашиносӣ ва назми иҷтимоӣ матраҳ шудаанд ва бояд аз мабоҳиси гуногун, ҳамчун фиқҳу усул, фалсафа ва калом ва ахлоқу адаби исломӣ истихроҷи матлаб шавад.

Ташкили иҷтимоъ:

Дар дидгоҳи андешамандони муосир ҳамчун Таботабоӣ, Мутаҳҳарӣ ва дигарон ба даст меояд, ки иҷтимоъ дар асари руҳияи баҳраварии инсон эҷод мегардад. Мутаҳҳарӣ мегуяд: инсони аввалӣ барои раҳоӣ аз шаррӣ дарандагон ва душманони худ, миёни об зиндагӣ мекард ва болои дарахтон ва ё шикофи куҳҳо ҷойгир шуда буд. Ниёзҳои санъатии худро бо санг ба даст меовард ва ба оҳан расид ва баъд бухорро кашф кард, сипас барқу миғнотисро ба истихдом даровард, онгоҳ атомро шикофт ва баъдаш ҳам ... . Инсон акнун дар ончӣ атрофаш аст даст мебарад ва... . Агар бо ҳамнавъи худ рубарӯ шавад ба тарзи табиъӣ дунболи истифода аз вуҷуди ӯ хоҳад буд ва ин як амри табиъӣ аст на таҳмилӣ ва ғаёри табиъӣ. Бар ин асос, истихдом ва ба коргирии мавҷудот тавассути инсон барои касби ниёзҳо яке аз сарчашмаҳои асосии эҷоди иҷтимоъ хоҳад буд.

Албатта инҷо ду савол эҷод мегардад, ки аввалан оё истихдом(ба коргирӣ) сабаби ташкили иҷтимоъ аст ва ё аввал иҷтимоъ ташкил шуд ва баъд дунболи истихдом рафт? Инсонҳо вақте ҳамдигарро мебинанд, аввал зиндагии ҷамъиро талаб мекунанд ва ё истихдоми ҳамдигарро?

Дуюман, оё фитратан инсонҳо иҷтимоӣ ҳастанд ва ё аз рӯи ночорӣ гирифтори ташкили ҷомеа мешаванд? Оё таъовун ва ҳамкорӣ хостаи аввалия аст ва ё истисмори дигарон ба нафъи худ?

Метавон инро матраҳ намуд, ки аввал истихдом ва руҳияи ба коргирии ҳастӣ барои касби ниёзҳо будааст, ки инсонҳоро ба сӯи зиндагии ҷамъӣ кашондааст. Чун касби суд ва ниёзмандиҳо ба танҳои имкон надоштааст, ҷомеа ташкил ёфт, вале барои он, ки ниёзҳо ба ҳамдигар вобаста буданд рафторҳоро ҳам танзим мекарданд. Албатта ин масъала тазоду бархурдҳо ва мушкилоти иҷтимоиро ҳам пеш меовард.

Дини Ислом ин амрро бо таъйини роҳкорҳое ҳал намудааст, ки асоси онҳо дар се асл ҷойгир шудаанд ва он се асл - истихдом, иҷтимоъ, адолат – худ мабҳасҳои гуногунеро дар бар мегирад, ки анбиёи илоҳӣ ҳамагӣ барои танзими он омадаанд.

Эътибори истихдом назди дин ва инсон: инсон табиатан(фитратан) аз дигар мавҷудот суд ва ниёзи худро интихор дорад ва талаб мекунад.

Эътибори иҷтимоъ назди дин ва инсон: инсон суди ҷомеаро бо фаҳму дарки фитриаш ҳифз мекунад, чун суди худаш ба онҳо вобаста аст.

Эътибори ҳусни адолат ва қубҳи зулм назди дин ва инсон: инсон фитрату виҷдонаш, барои он ки суди ҳама таъмин шавад адолатро асл медонад ва зулмро рад мекунад.

Ва ҳамаи инҳо назди дин эътибор ва ҳукму қонуни худро дорад ва башариятро барои ташкили ҷомеаи бо саъодат бар он амру наҳй намуда аст.

Ҳазрати Алӣ(а) ниёзҳои сегонаи инсонро сабаби гароиши ӯ ба сӯи иҷтимоъ медонад ва мефармояд: эҳтиёҷи инсон ба дифоъ аз худ, ниёз ба муҳаббат ва нотавонии ӯ барои бароварда кардани ниёзҳояш ӯро ба самти ҷомеагароӣ мекашонад. Дар ҳақиқат ҷомеагароии ӯ дар натиҷаи иллатҳои табиъӣ аст.

Дар натиҷаи ин баҳс метавон инро матраҳ намуд, ки инсонҳо ва ниёзҳои онҳо ба мавҷудоти атрофашон вобаста аст ва таъмини ин ниёзҳо бар асоси баробарӣ ва ё ҳақ ба ҳақ, бароварда намешавад магар дар асари риояти усуле, ки бар тибқи фитрати инсонӣ ҳам ҳаст ва он асли адолат ва муҳаббат мебошад, ки бо зулмситезӣ ва робитаи солим байни инсонҳо метавонад муҳаққақ гардад. Дар ин дидгоҳ, инсонҳое, ки соҳиби ҷойгоҳ ва ё ҳамон шаҳрдорӣ ва ҳокимиятӣ мегарданд, дар ҳақиқат вазифадор шудаанд ҳамчун касе, ки бояд барои арбобаш хидмат кунад ва ниёзҳои ӯро аз субҳ то ба ғуруб таъмин намояд, ҳокимон ҳам ходимоне ҳастанд, ки дар баробари мардум бояд хидмат кунанд ва посухгӯи онҳо бошанд. Ин кор бо риояти адлу адолат ва рафтори муҳаббатомез бо якдигар эҷод мегардад. Дар инҷост, ки асли адолати иҷтимоӣ яке аз асосҳои динӣ, бар сари иҷтимоъот таҳмил мегардад ва ҷомеа ночор аст онро барои касби ниёзҳояш қабул кунад. Албатта ин таҳмил ҳамон чизе аст, ки табиби ҳозиқ ва муътабар ва дилсуз барои беморонаш таҷвиз ва таҳмил мекунад, ки гоҳ дар зоҳир хушоянди зоҳирбинон нахоҳад буд.

идома дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст