Сайид Акбарзода;
Мавзуъи назм ва амнияти иҷтимоӣ аз мабҳасҳое аст, ки дар мавзуи ҷомеашинохтӣ ва ҷомеашиносӣ дар баробари тағйироти иҷтимоӣ ва бахусус дар баробари тағйирот ва инқилоботи иҷтимоӣ қарор дорад.
Бар ҳамин асос назми иҷтимоӣ аз мавзуоти асосии ҷомеашиносӣ аст.
Дар мавзуи назми иҷтимоӣ ду саволи асосӣ вуҷуд дорад:
• Назми иҷтимоӣ чигуна эҷод мегардад?
• Идомаёбии назми иҷтимоӣ чигӯна мумкин аст?
Пурсиши аввал ба ин маъно аст, ки аввалин маротиба ҷомеа чигӯну шакл гирифтааст, аммо пурсиши дуюм ба ин маъност, ки ҳоло ба ҳар сабабе ва аз ҳар роҳе ҷомеа шакл гирифтааст, роҳи идомаёбии он чист ва чигӯна ҳифз мегардад?
Дар бораи пурсиши аввал баҳсҳои зиёде шудааст ва албатта шояд дигар ҷои гуфтугӯ дар он набошад, ки мавриди ибтилои башар нест.
Аммо дар бораи баҳси дуюм суҳбат бояд шавад, ки мавриди ибтилои ҷавомеъи башарӣ аст. Дигар инсонҳоеро наметавон ёфт, ки ҷомеаро ташкил надодабошанд ва ё қабул накунанд зиндагӣ дар иҷтимоъро, то лозим бошад барои онҳо роҳкор ироа гардад, вале дар бораи баҳси дуюм, ки асрҳои зиёд аст ҷавомеъ бо ҳама мушкилот ҳифз шудаан ва ба рушду пешрафти моддӣ ва гоҳ маънавӣ расидаанд ва албатта гоҳ гирифтори вайрониҳои фикрӣ ва ақидатӣ ва моҳийяти асили инсонӣ шудаанд. Пас бояд рӯи роҳкор ва равишҳои он барномарезӣ шавад ва роҳи ҳифзи солим ва солиҳи ҷавомеъ табйин гардад.
Дар ҷараёни рушди фикрӣ ва эҷоди андешаҳои озодихоҳона дар миёни инсонҳо, гуруҳҳое пайдо шуданд, ки назарияи вифоқ ва таъодули иҷтимоиро матраҳ намуданд. Ин андешаҳо барои ҳифзи вазъ ва иҷтимои мавҷуд буд, ки гуруҳе бар он ҳукумат мекарданд.
Дар ин гуруҳ андешамандоне ҳамчун Огуст Конт (Auguste Comte 1798 – 1857, Фаронса) ва Эмил Дуркҳойм (Émile Durkheim 1858 – 1917, Фаронса) қарор доранд. Аммо дар баробари онҳо гуруҳе қарор доранд, ки ба номи гуруҳи ситез – тазод шинохта мешаванд, ин гуруҳ тағйири вазъи мавҷуди ҷомеаро талаб доранд. Дар асри гузашта гуруҳи Морксистҳо ба ин андеша будаанд, ки табақаи ҳоким дар ҷавомеъи башарӣ мардумро ба истисмору кори иҷборӣ кашидаанд ва монеъи пешрафти башар ҳастанд, пас бо огоҳибахшии онҳо бояд вазъи мавҷудро аз байн бурд ва ҷойгузини дигаре барои он матраҳ намуд. Албата тарафдорони виқоқи иҷтимоӣ ҳам барои пешрафт назари мусбат доштаан, аммо тағйироти куллӣ ва ба истилоҳи имрӯзи инқилобро роҳкори саҳеҳ намедонистанд, балки бо тағйироти ҷузъӣ, масалан тағйири як қонун ва ё як шахс ва ё як вазиру раис мехостанд корро ба саранҷом бирасонанд, то ҷомеа дучори саргардонӣ ва ҷангу кашмакаш нашавад. Дар нитиҷо гуруҳе, ки вифоқи иҷтимоиро тарафдор буданд, асли низоми мавҷудро тарафдорӣ намуда онро қобили ислоҳо медонанд. Ин гуруҳ ба ғайр аз андешамандоне, ки номбар шуданд, бештар дар миёни ҳокимон ва тарафдорони ҳукуматҳои собит, дар ҳар замон ва маконе ёфт мешаванд, дар ҳақиқат ин гуруҳ ба сабаби тааллуқашон ба ҳукуматҳо шояд ба ин натиҷа мерасанд, ки набояд назми онҳо вайрон гардад ва дар беҳтарин ҳолаташ қабул мекунанд, то ислоҳоте анҷом гирад, вале асли низом ҳифз гардад.