(гузорише аз хонандагони сомонаи НУРИ ТОҶИКОН)

Эрон дар баробарӣ ғарбу Амрико ҳамчун шер истодааст ва хоҳад истод;

Ғарб ва Амрико бештар аз 20 соли дигар нефт нахоҳанд дошт ва баъд аз он вазъияти бисёр бад ва фоҷеаовареро хоҳанд дошт. Онҳо намехоҳанд мардумашон аз ин ҳодисае, ки дар интизорашон аст бохабар шаванд.
Раҳбари инқиломи исломии Эрон, ки дар ҷамъи зоирони наврӯзии ҳарами Имом Ризо(а) дар шаҳри Машҳад суханронӣ дошт; гуфт: Амрико, бояд ба ҷои фишор ва зургӯӣ ба Эрон, биёяд ва бо рафтору гуфтори дуруст коре кунад, ки дар оянда мушкили мардумашро битавонад ҳал кунад.


Ба гуфтаи оятуллоҳ Хоманаӣ; Эрон дуюмин захираи гоз ва чаҳарумин захираи нефтро дорад ва дар маҷмуъ бештарин дороии нефту гозро дар ихтиёр дорад. Эшон бо ишора ба аввал будани захираи Русия ва дуюм будани Эрон аз ин ҷиҳат ва аҳамияти минтақаи кишварҳои исломӣ ба сабаби дороии нефту гоз, изофа намуд, ки ҷаҳони Ғарб дар оянда ба ин минтақа ниёзаш бештар хоҳад шуд; баъзе аз онҳо то чаҳорсол ва баъзе то 9 ва баъзе ҳам ҳадди аксар то 15, 20 соли дигар захираҳои нефтиашон тамом мешавад ва ба ҳамин ҷиҳат мехоҳанд дар минтақа ҳузур дошта бошанд, то камбудҳои худро ҷуброн намоянд, аммо натавонистаанд дар Эроқ, Афғонистон, кишварҳои Офриқоӣ ва ҳатто дар Покистон ҷойгоҳи худро ҳифз намоянд, балки бо мушкилоти зиёде дар дохили кишварҳои худ рубарӯ шудаанд, ки митингҳои тасхири вол стирт, дар Амрико яке аз он мушкилоташон аст.
Раҳбари инқилоби исломии Эрон бо ишора ба истодагии миллат ва низоми исломӣ меафзояд; мушкил онҳо силоҳи ҳастаӣ, атомӣ, ё ҳатто як низом нест, балки мушкили асосии онҳо истодагии ҷумҳурии исломӣ аст, ки зургӯӣ ва истикборро рад мекунад. Ӯ изофа намуд, ки агар мо ҳамчун баъзе аз кишварҳои минтақа дар баробари онҳо сари таъзим фурӯ меовардем, ҳеҷгоҳ туҳматҳое ҳамчун поймолии ҳуқуқи башар, силоҳи атомӣ, терорист ва ғайраро нисбати мо ҳам намезаданд, аммо мо ҳамчун шер дар баробари онҳо истодаем ва хоҳем истод.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳоле, ки мардум суханони Ӯро бо такбир таъйид мекарданд изофа мекунад; онҳо бо фишору зур наметавонанд моро мутаваққиф кунанд, балки Амрико бояд бо рафтори хуб биёяд, то роҳи ҳалле барои он фоҷеае, ки дар соҳаи нефту гоз барои мардумашон пеш хоҳад омад пайдо намояд.

Ӯ яке аз намунаҳо ва нишонаҳои азим будани мушкилоти иқтисодии Амрикоро дар қарзи 15милиорд доларии он кишвар дониста, мегуяд; онҳо бе ҳеҷ нафъу дастоварде Эроқро тарк карданд ва дар дигар кишварҳо ҳам ҳаминтавр шуда ва хоҳанд шуд.

Сайд Алӣ Хоманаӣ бо ишора ба туҳматҳои Амрико дар бораи силоҳ ва неруӣ ҳастаии Эрон ҳамон сухани доимиро такрор ва таъкид мекунад, ки Эрон ҳеҷгоҳ силоҳи ҳастаӣ(атомӣ) намесозад, вале барои аввалин бор изофа мекунад; Мо силоҳи ҳастаӣ надорем ва нахоҳем сохт, аммо дар баробари Амрико ва Исроил дар ҳамон сатҳе, ки ба мо ҳамла шавад ҳамла хоҳем кард!


Дар идома ва дар ҳоле, ки садҳо ҳазор зоир бо шиори худ Ӯро таъйид мекунанд изофа мекунад; Қуръони карим мефармояд:

وَلَوْ قَاتَلَكُمُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوَلَّوُا الْأَدْبَارَ ثُمَّ لَا يَجِدُونَ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا . سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلُ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا
)ва агар касоне, ки кофир шудаанд бо шумо биҷанганд, ҳатман пушт хоҳанд кард(шикаст хоҳанд хурд) ва дигар ёру ёваре нахоҳанд дошт. суннат ва амри илоҳӣ ҳамеша ҳаминтавр будааст ва ҳеҷгоҳ дигаргун намешавад /с.Фатҳ.22-23)

Раҳбари Эрон бо тиловати ин оят гуфт: Худованд ҳеҷгоҳ нагуфтааст, ки вақте шумо ба душман ҳамла кунед ҳатман пирӯз хоҳед шуд, балки мумкин аст шикастҳам дошта бошед, аммо ваъда медиҳад, ки агар душман ба шумо ҳамла кунад ва шумо дифоъ кунед қатъан пирӯз хоҳед шуд ва онҳо фирор хоҳанд кард ва набояд касе бигуяд ин ба замони Паёмбар(с) марбут буд, балки ояти илоҳӣ худ таъкид мекунад, ки суннат ва амри илоҳӣ доимӣ аст ва тағйир намекунад (агар дифоъ кунед ҳатман пирӯз хоҳед шуд).


Раҳбари Эрон, ки ҳар сол қабл аз сафар ба Машҳад (ҳарами имом Ризо) соли навро номгузорӣ мекунад, инбор соли нав (1391,ҳиҷрии шамсӣ)-ро соли Тавлиди миллӣ ва ҳимоят аз кор ва сармояи эронӣ - номгузорӣ намудааст, дар ин дидор ба солҳои гузашта ва номҳои онҳо ишора намуда мардумро ба ҳамкорӣ бо давлат ва низомашон тавсия намуд. Ба гуфтаи Ӯ агар давлат тавлиди миллӣ ва кору касби мардумро тақвият намояд ва аз он пуштибонӣ кунад ва мардум бо масрафи тавлидоти дарунӣ ба ҷои маҳсулоти хориҷӣ низомро ҳимоят кунанд, метавон бо ҳамаи мушкилот ғалаба кард ва душманро ноумед намуд.


Дар поён оятуллоҳ Хоманаӣ бори дигар мардумро ба ваҳдату ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ даъват намуда онҳоро аз ин, ки ба ҷои морку тавлиди дохилӣ ба морку тавлиди хориҷӣ ифтихор кунанд барҳазар дошта ҳамаро ба масрафу кори дохилӣ тарғибу тавсия намуданд.


Бар асоси барномаи солонае, ки дар Эрон расм шудааст мардум дар рӯзи аввали сол (аввали Фарвардин-20 ва ё 21 Март) дар маконҳои мазҳабӣ ҷамъ мешаванд ва бо дуъо ва ниёиш барои соли ояндаи худ дуъо ва талаби баракат ва амният менамоянд.

Машҳад ва ҳарами имом Ризо(р) яке аз он маконҳое аст, ки бо ҳузури мардум ва раҳбари Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамасола соли навро пешвоз мегиранд.


Бар асоси гузоришҳои расида дар ин рӯз беш аз 2 милион нафар дар маросими иди соли нави ҳарами имом Ризо(р) ширкат намудаанд.

гузориши озод.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст