Маҳосини ва макорими ахлоқӣ нишонаи саломат ва таолии ҷомеа.
Паёмбари Ислом(с) дар баёни ҳадафи беъсати худ фармуданд:
Ман барои комил намудани макорими ахлоқ мабъус шудам.
Олимони дин дар баёни макорим ва ё маҳосини ахлоқ суханҳо гуфтаанд ва ҳар кадом роҳи рафтаи паёмбарон ва авлиё ва авсиёро барои худ ва дигарон боз намудаанд. Ҳамаи онҳое, ки дар масъалаи ахлоқӣ аз навъи макорим ва ё аз навъи маҳосин сухан гуфтаанд, дар ин масъала таъкид дошта ва доранд, ки ҷомеае метавонад солим ва пешравӣ дошта бошад, ки ахлоқ мабнои зиндагии афроди он ҷомеа қарор гирифта бошад. Аммо инки фарқи маҳосин ва макорими ахлоқ дар чист? ривоят аст, ки аз паёмовари ҳақ ва ҳақиқат дар бораи ахлоқ савол шуд фармуданд: Ҳусни хулқ ин аст, ки бо мардум бо нарми бархурд ва нафси худро покиза гардон ва бо бародарат бо рӯи хуш бархурд кун. Боз фармуд: макорими ахлоқ ин аст, ки нисбат ба касе, ки ба ту зулм мекунад бахшиш дошта боши ва бо касе, ки бо ту қаҳр мекунад робитаатро қатъ накуни ва касе, ки туро аз ҳақе маҳрум мекунад ту ба ӯ неки кун ва сухани ҳақ ва ростро бигӯй ҳатто агар ба зарари ту бошад.
Боз аз он ҳазрат ривоят шудааст, ки мефармояд: Ахлоқи(нафси) худро бо корҳо ва сифатҳои нек ром кунед ва онгоҳ ӯро батарафи макорими ахлоқ ҳидоят кунед. Бар асоси ончи аз суханони бузургони дин ва ахлоқ ва ривоятҳои гуфта шуда фаҳмида мешавад, инсон дар баробари ахлоқ ба ду масъала ва марҳила рӯ ба рӯ аст.
Марҳилаи аввал: Бояд худро ба анҷоми корҳои нек одат бидиҳад, салом ба дигарон, аҳвол пурсӣ, суханҳои нек ва хайрхоҳона, ёри ба дигарон, дуъои хайр барои дигарон, садақа ва хайрот ва дигар амалҳои нек ва сифатҳои хуб, ки нишонаи як мусалмон метавонанд бошанд. Ин ҳамон ҳусни хулқ аст.
Марҳилаи дуюм: Вақте инсон тавонист марҳилаи аввалро дар зиндагии худ ҷорӣ намояд, худ ба худ дар ин марҳила қарор мегирад ва ин амалҳои нек ва ҳусни хулқе, ки дар зиндагиаш ҷорӣ гаштааст, ӯро ба мақомҳои болотаре мерасонад. Дар марҳилаи аввал, мумкин ба ин сабаб касеро ёри бирасонад, ки мебинад ӯ нотавон аст, аммо вақте ин корҳоро зиёд кунад ва Худоро дар назар дошта бошад дигар дар оянда ҳатто агар он шахс нотавон набошад ва ё ҳатто агар ба ӯ бадие карда бошад, боз кори некро анҷом медиҳад ва фарқе барои ӯ надорад, чун барои Худо кардааст.
Яке аз фарқҳоеро, ки ин ду боҳам доранд, метавон дар ин қисмат беҳтар фаҳмид.
Инсонҳо бар асоси фаҳм ва дарки ақлии худ, некӣ ва некрафториро дар баробари ҳамдига мехоҳанд ва қабул доранд агар ҳар шахсе хориҷ аз ин чорчуба пазируфташудаи инсонӣ ва ақлӣ ҳаракат кунад, дар ҷомеаи солими башари мақҳур ва мардуд хоҳад буд.
Ислом ба унвони дини комили осмонӣ, ин чоҳорчубаи ақлиро комилтар намудааст ва онро, ки маъқул буд машруъ намудааст. Маҳосини ахлоқӣ аз рафтор ва гуфтори некӯ бо дигар афроди ҷомеа дар иртибот бо ҳамдигар шуруъ мешавад ва то ба фикр ва бовари қалбӣ мерасад, ки ин марҳиларо макорими ахлоқ мегуянд. Албата дар як гуфтор мегӯянд, маҳосини ахлоқ бо хостаҳо ва ғаризаҳои нафсонӣ ҳамоҳанг аст, ба ин маъне, ки як инсони солим ва оқил мехоҳад, ӯ бо дигарон хушрафтор бошад ва интизор дорад дигарон ҳам бо ӯ хушрафтор бошанд. Ин ҳамон маҳосини ахлоқӣ аст. Аммо дар як ҳолате шахс чунон ба ахлоқи ҳамида ворид мегардад, ки дигар рафтори дигарон барои ӯ маъно надорад ва ҳар рафторе бо ӯ шавад, дар рафтори ӯ таъсир надорад ва кори худро мекунад. Ин марҳила ҳамон макорими ахлоқ аст.
Бо ин сухан метавон мафҳуми сухани набавиро, ки фармуд: "Ман барои комил кардани макорими ахлоқ омадаам"ро беҳтар бифаҳмем. Расули Худо ғайр аз вазифае, ки барои расондани ваҳй ва аҳкоми шариат надорад, инро ҳам вазифаи асосии худ медонист, ки қалб ва боварҳои асҳобро бояд ба макарими ахлоқ ошно намояд ва онҳоро, ки дар ҷомеа тақво ва покдоманиро омухтаанд ва бо ҳамдигар робитаи солим ва ахлоқӣ бар қарор намудаанд, ҳоло ҳамаи онҳоро барои Худо ва фақат барои ризои Худо анҷом диҳанд.
Маҳосини ахлоқ ва амнияти ҷомеа
Дар инҷо чанд маврид аз хулқиёти исломиро баён хоҳем намуд, ки нақши таъсиргузор дар ҷомеа доранд ва аз назари шариат ҳам як амри фарз ва воҷиб мебошанд ва ба номи маҳосин ва макорими ахлоқӣ шинохта мешаванд.
Рафтори нек
Рафтори нек муалифае аст, ки дарбаргирандаи бисёре аз маҳосини ахлоқӣ аст. Ин масъала аз нигоҳ то ба гуфтор ва рафтори ҳар инсонро дарбар мегирад. Инсоне, ки мехоҳад дар як ҷомеаи солими исломӣ ва инсонӣ зиндаги намояд ва зан ва фарзандаш дар оромиши рӯҳӣ ва ҷисмӣ бошанд, кор ва талоши ӯ самара ва фоидае дошта бошад ва ҷомеааш пешрафт намояд, бояд ҳусни хулқро дар рафтораш пиёда намояд.
Дар фарҳанги динӣ ва исломӣ набояд гуфтори паст(ҳақорат), сухани таҳқиромез, тавҳин, таҳдид, ҷасорат ва ҳатто камтарин ҳурматӣ дар ҷомеа роиҷ бошад. Ҷомеае, ки Расулаллоҳ(с) сохтанд ва ҳадафи беъсати худро ҳам дар он қарор доданд, ҷомеае нест, ки дар он ҳар гуна туҳмат, дуруғ, зулм, беадолати, таҳқир, беҳурмати, суханони паст, ва сахиф, табъиз ва фахрфурушӣ, худбини, риё, зино, ва дигар амалҳои бад роиҷ бошад. Чунон ки бузурге гуфтааст: Дар баробари инсонҳои бузург ва дорои ахлоқи ҳасан ва карим, ки дигаронро барои Худо дуст медоранд ва ба онҳо некӣ мекунанд, касоне қарор доранд, ки фақат худро мебинанд ва инҳо ҳақиранд!
Агар ҷомеаи ҷоҳилият ва пасти замони Паёмбар(с) тавонистанд ба дараҷаи аз фарҳанг ва тамадун бирасанд, ки аз шарқ то ғарб ҳама ба сабаби илми онҳо соҳиби тамаддун гашт ва имрӯз ба неъматҳои модӣ чанг мезананд ва худро соҳиби ҳамаи чиз мешуморанд, ҳама ба сабаби ҳамон хулқиёте буд, ки чанд сабоҳе дар канори Расули Худо(с) омухтанд ва амал намуданд ва сарчашмаи илми набавиро боз намуданд. Аммо чун аз ин оби ҳаёт ва маншаи хайрот дур шудем аз неъмати илм ва амал бе баҳра гаштем, сазовори он шудем, ки дигар ҷомеаи амн ва солим надошта бошем. Албатта мо ҳам метавонистем ва метавонем аз илми рӯз истифода барем ва ба тамоюлот ва хостаҳои нафсонии худ ҷомаи амал пушонда ба пешрафтҳои моддӣ ноил гардем. Аммо вақте қисми дувумро, ки Паёмбар(с) ба ёрон ва асҳобаш омухт надошта бошем, вазъи зиндагии фардӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоии беҳтар аз ғарб нахоҳем дошт. Чун агар муаллифаҳое ҳамчун ҳусни хулқ фаромуш шавад ва худбинӣ, сарват талабӣ, беадолатӣ, зулм ва даҳҳо сифати палид ва бад ҷойгузини он гардад, ҳарчанд онҳо натиҷаи талоши моддии худро ва пешрафтҳои текноложии бисёре доштаанд, аммо имрӯз гирифтори ҳамон қисми дувум аз камбуди худ шуданд ва ҷомеае дар пеши ру доранд, ки ҳамачизро барои шахси худ мехоҳанд ва дар ин роҳ аз падар ва модар ва ҳатто фарзанди худ мегузаранд. Инҳитот ва афтодан дар хостаҳои ҳайвонӣ чунон чашмҳоро кур мекунад, ки виждон хомуш мегардад ва хайрро шар ва шарро хайр мебинад.
Давои чунин ҷомеае, ки рафтор ва гуфтораш ҳайвонӣ шуда аст ва касонеро, ки аз хайр ва саховат дар гуфтор ва рафтораш сухан кунад, бо таъҷуб назар мекунанд, бозгашт ба он ахлоқиёте аст, ки ҳусни хулқ номиданд. Бояд барои расидан ба макорими алоқӣ ва ташкили ҷомеаи солими исломӣ, ҳар шахсе худро ба корҳои нек маҷбур кунад ва ҳамчун вазифаи рӯзона, як сифати некуро тамрин намояд. Баъд аз гузашти муддате, он сифат аз рафторҳои одии ӯ мешавад ва онгоҳ метавонад худ ва дигаронро ба сӯи макорими ахлоқӣ ҳидоят кунад.
ва оянда барои муттақиён аст.
Поянда ва сарфароз бошед
Сайд Акбарзода