Меъёри интихоби мудирону раҳбарони ҷомеа

Амволи давлатӣ, бояд дар байни афроди ҷомеа ба сурати мусовӣ ва баробар тақсим ва тавзеъ шавад ва ба кор андохтани ҳар гуна тамоюз ва фарқгузорӣ дар ин робита дуруст нест, аммо оё мудириятҳо ва масъулиятҳо дар қатори амвол ва имконот аст ва бояд онҳоро низ ба шакли яксон дар байни афрод тақсим кард?

Ба назар мерасад, ки ақли салим, чунин тақсимеро напазирад. Ҳар ҳокими хирадманде, ки барои ояндаи ҷомеаи худ арзиш қоил аст, асли тақсими яксони мудириятҳоро дар ҷомеа ба иҷро намегузорад, балки ҳамвора сарпарастии корҳоро ба касоне вогузор мекунад, ки лоиқ ва шоистаи он бошад. Аз ин рӯ, дар ҳукумати динӣ низ “шоистагӣ”, ки асоси тахассуси илмӣ ва тааҳҳуди динист, меҳвари интихоби мудирон аст ва танҳо зиндагӣ дар як ҷомеа, муҷаввизи интихоби афрод барои додани масъулият нест.

Аз сӯи дигар, танҳо заҳматҳои афрод, собиқаҳои хадамотӣ, манзилат ва мавқеияити иҷтимоӣ ва ин гуна шохисаҳо, мелоки интихоб ва гузиниш нест, магар он ки чунин умуре нишондиҳандаи лаёқат ва шоистагӣ бошад, чун дар таълимоти динӣ, додани масъулиятҳо ба сурати аҷру подош ба афроди нолоиқ, аз мавориди рӯшани кори нодуруст ба ҳисоб меояд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад танҳо ба хотири ин ки шахсе дар фалон мавқеият, ҳатто ба ҳукумат ё дин кӯмак кардааст, масъулият ва мудирияти бахше аз умури ҷомеаро ба ӯ – дар ҳоле ки тавоноии мудирият надорад - вогузор кунад ва ӯ низ ба хотири талоше, ки ба амал овардааст, аз он пас зиндагии роҳате дошта бошад.

Ин тасаввур ва хаёл дар даврони ҳукумати бархе аз халифаҳои гузашта - монанди баъзе аз ҳукуматҳои худкомаи аср – роиҷ буда ва ҳаст, ки дастёбӣ ба мақом ва масъулият ба маънои расидан ба имконоти моддист, дар ҳоле ки қабули масъулият, гар чӣ ба гунае дастрасӣ ба имконотро бо худ ба ҳамроҳ дорад, аммо дар ҳукумати динӣ ба мудирият ва раёсат бар умури ҷомеа, ба чашми баҳрамандӣ аз имконоти ҷомеа нигариста намешавад, балки қабули амонатест, ки бояд ба хубӣ аз он мувозибат ва нигаҳдорӣ шавад то дар рӯзи бозхости илоҳӣ - охират - заминаи шармандагии фардро фароҳам накунад.

Ҳазрати Амирулмӯъминин(а) дар ин бора хитоб ба волӣ ва раиси Озарбойҷон мефармояд: “Коре, ки бар ӯҳдаи туст, нони хуриши ту нест, балки амонатест, ки бар гарданат ниҳода шудааст.”[1]

Бо таваҷҷӯҳ ба ин матолиб, шояд битавон фаҳмид, ки чаро афроди диндор ва бо имон бо пешниҳоди вазифаҳо ва масъулиятҳои иҷтимоӣ, ҳамеша бо истинкоф ва рӯйгардонӣ бархурд мекунанд. Онҳо ҳамвора дар шоистагӣ ва лаёқати худ барои қабули масъулияте, ки рӯзе дар пешгоҳи илоҳӣ бояд посухгӯи лаҳза лаҳзаи он бошанд, тардид доранд. Онҳо метарсанд, ки аз адои амонати Худованд натавонанд бароянд. Ба ҳамин хотир, дар ҳангоме ки эҳсоси таклиф ва вазифа накунанд ва худро лоиқи масъулият надонанд, аз қабули он сарбоз мезананд.

Пас аз он ки дониста шуд, ки мудирият ва масъулияти иҷтимоӣ, дастоварди моддӣ нест ва маркази сиқл ва асоси он, шоистагӣ ба маънои ҷамъи тахассуси илмӣ ва тааҳҳуди динист ва баҳрамандӣ аз имконот дар таърифи мудирияти ҳукумати динӣ ҳеҷ нақше надорад, навбат ба он мерасад, то дар мафҳуми шоистагии мудирон дар ҳукумати динӣ ва таълимоти илоҳӣ диққат ва андешаи бештаре ба амал ояд.

Дар ин замина ба ду оят аз Қуръони Карим ишора мекунем; ояти якум, ҷумлае аз ҳазрати Юсуф(а)-ро дар бар дорад, ки дар он, эшон ба рамзи салоҳияти худ барои ба даст гирифтани корҳои маишатӣ ишора мекунаднад; “(Эй азизи Миср!) Хазинаҳо ва сармояҳои кишварро дар ихтиёрам қарор деҳ, чун ҳам амонатдорам ва ҳам аз илм ва дониши лозим бархурдорам.”[2]

Ояти дуввум ба баёни ҷумлае аз духтари ҳазрати Шуайб(а) мепардозад, ки дар он ба падараш мегӯяд, барои таъмин ва идораи умури маишатӣ аз ҳазрати Мусо(а) кӯмак бигирад. Истидлоле, ки вай барои салоҳият ва шоистагии ҳазрати Мусо(а) пешниҳод медиҳад, аз он ҷиҳат ки дар ҳузури яке аз расулони илоҳӣ (ҳазрати Шуайб(а)) баён шудааст, мустанад ва арзишманд аст; “Эй падар! Мусо(а)-ро ба кор гир, чун беҳтарин касе, ки бояд ба хидмат баргузид касест, ки амин ва тавоно бошад.”[3]

Ин ду оят, вижагиҳои афроди вазифадор ва масъулро дар болтарин пости мудириятӣ; яъне садорат, вазорат, ӯҳдадории умури маишатии мамлакати Миср ва низ дар поинтарини он; яъне масъулияти нигаҳдорӣ ва ҳифозат аз чарогоҳи ҳазрати Шуайб(а) ва шабонӣ боаён мекунад. Бинобар ин, метавон фаҳмид, ки аз дидгоҳи ваҳй мудирони ҷомеаи исломӣ – аз садр то зайли онҳо – ҳатман бояд аз ду вижагии тахассус ва тааҳҳуд бархурдор бошад.

Сомонаи тасним

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст