Имрӯза рафтор ва нигоҳи бадбинона ва сахтгирона бо либоси зани мусулмон, ғайр аз баҳона, майдон додан ва таҳрики гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ ба кишвар чӣ метавонад бошад?
Ин фикри содда ва хом чӣ паёмад, таҳдиду хатарҳое ифротгароиро ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд меоварад, ки ин барои ҳар фард ва сиёсатмадори ватандӯст ва дилсӯзи миллати тоҷик равшан аст, ҳатто коршиносони мубориза бо терроризми байналмилалӣ ин таҳдид ва нигарониҳоро ба хӯби дарк мекунанд. Барои ҳамин шоир Устод Рӯдакӣ бисёр зебо соддафикриро хатарофарин дониста ва роҳи наҷотро дар ибрат гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор дониста ва мефаромянд:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Имрӯза рафтор ва нигоҳи бадбинона ва сахтгирона бо занони мусалмон мешавад, ки бо ҳеҷ зане аз адёни дигар намешавад. Дӯшманони дин ба қадре дин ва диндоронро бад ҷилва медиҳанд, ки ҳатто баъзе аз мусалмонон дар асари таблиғи онҳо аз диндории хӯд нороҳатанд. Мазлӯмият ва нороҳатии занони мусалмони ҳиҷобдор дар ҷомеа комилан маълӯм аст, аз донишгоҳҳо ба хотири либоси динӣ доштан ихорҷ мешаванд, шӯғл ва кори хӯдро аз даст медиҳанд. Онҳо бояд интихоб кунанд, ки диндор бошанд ва бо либоси динӣ зиндагӣ кунанд ё нимабараҳна шаванд ва шӯғли хӯдро аз даст надиҳанд. Чӣ касе мазлумтар аз касе, ки ҳиҷобаш боиси беарзиши миллат ва арзишҳои кишавараш шавад? Дӯшманони дин дар расонаҳои хӯд таблиғ мекунанд, ки занони ҳиҷобдор либоси бегонаро таблиғ мекунанд ва хӯдфурӯхтаанд, дар ҳоле ки хӯди онҳо бо либоси аврупоӣ ва нимабараҳна дар ҷомеа ҳозир мешаванд на миллӣ.
Китоберо мӯтолиа кардам, ки дар бахше аз он дақиқан ба ҳамин матлаб ишора мекард ва мегӯфт:
Зани нигарон ва парешон ба ман муроҷит карда ва гӯфт: Зиндагиям дар ҳоли нобудӣ аст.
Гӯфтам: Чаро? Чӣ шуааст?
Гӯфт: Шавҳарам бо ҳиҷоб ва сатри ман ва навъи либос пӯшиданам мӯхолиф аст ва аз ман мехоҳад, ки сатр ва ҳиҷобамро аз асарм бардорам ва зебоии хӯдро напӯшонам. Аммо ман фикр мекунам ва имон дорам, ки ҳиҷоби худро ҳифз кунам, чаро ки ҳиҷоб боис ва сабаби эҳтиром ва каромати инсонии зан мешавад. Аммо шавҳарам маро таҳдид кардааст, ки агар хостаашро бароварда накунам ва ҳиҷобамро аз сарам барнадорам талоқам медиҳад.
Ман дар ҳақиқат аз он иттифоқ (ки барои ин зан афтодааст) нороҳат шудам ва пас аз мулоқот бо шавҳараш тавонистам шавҳарашро қонеъ созам, ки дар мӯҷозоти ҳамсараш саросема нашавад. Ҳангоми, ки аз назди он зану шавҳар боз мегаштам аз хӯд пурсидам: Оё беғайратӣ ҷузъи табиати баъзе аз инсонҳо бошад?
Вақте вориди дафтари корам шудам ва ба номаҳое, ки бароям омада буд нигоҳе кардам номае, ки маро ба хӯд машғӯл ва ошӯфта карда, номае буд, ки аз тарафи шаст нафар зан ва дӯхтари донишҷӯ ва корманд зераш имзо шуда буд, дар мавриди масъалаи мӯҳимме, ки гирифтораш шуда буданд роҳнамоӣ мехостанд.
Нома аз як кишвари арабӣ (мусалмон) фиристода шуда буд ва ҳамроҳ бо копияи бахшномаи идорае, ки онҳо дар онҷо машғӯли кор ва фаъолият буданд:
Ҳукӯмат бо таъкид аз онҳо хоста буд, ҳиҷоб ва сатри хӯдро бардоранд ва беҳиҷоб дар сари кор ҳозир шаванд, онро барои донишҷӯёни дӯхтар ва занони корманд дар бахши давлатӣ ва хусӯси илзомӣ ва қонунӣ карданд, ки набояд сар ва соқи по ва қисмате аз оринҷҳои худро бипӯшонанд ва ба иборати дигар пӯшиши аврӯпои дар асри ҳозирро барояшон иҷборӣ карда буданд.
Дар он бахшномаи идорӣ омада буд, ки донишҷӯён ва кормандони зане, ки аз анҷоми дастӯр ва қонун худдорӣ мекунанд, ҳамон лаҳза аз шӯғли хӯд озод мешаванд ва касоне, ки ба ин дастӯр тан надоданд ва ҳиҷоби хӯдро аз сарашон барнадоштанд, аз донишгоҳ ва кори хӯд берун шуданд ва бемористонҳои зиёд аз вуҷӯди парасторон ва пизишконе, ки талош ва кӯшиш мекарданд, ки ҳиҷоби хӯдро ҳифз кунанд, ихроҷ шуданд!
Раиси яке аз донишкадаҳои илмӣ гӯфта буд: Ба назари ман дӯхтароне, ки сигор мекашанд аз бисёре дӯхтарони ҳиҷобдор беҳтаранд.
Бо ин фишорҳо баъзе аз дӯхтарони донишҷӯ ва алоқаманд ба тамом кардани дарсҳои донишгоҳӣ ҳиҷобашонро гирифтанд ва баъзе дигар ба хотири эҳтиром дин ва эҳтиром ба хӯд дарс ва таҳсилотро канор гӯзоштанд.
Мехоҳам ин мавзӯъро ба ҳамаи мусалмонон ёдоварӣ кунам, ки ҳиҷоб аз назари он ҳукӯмат, пӯшонидани сар ва дигар ҷои бадан будааст, на ниқобу пӯшонидани чеҳра ва сурат, яъне, он дӯхтарони донишҷӯ мисли бъзе аз занони мусалмон ниқоб бар ҷеҳра ва рӯйи хӯд намекарданд. Аммо зоҳир шудан дар ҷомеа бо пӯшиш ва либоси динӣ барои баъзе аз ҳукуматдорон бисёр нохӯшоянд ва ғайри қобили таҳаммӯл аст. Дар паи он ҳастанд, ки гароиш ва майлу ангеза ба Исломро ба ҳар шакл ва ба ҳар роҳе, ки бошад аз реша хӯшк кунанд. Онҳое ки ин тасмими золимонаро гирифтанд, онро танҳо бо баҳрагирӣ аз фитнаҳо ва зӯру фишор бар занон ва дӯхтарони мусӯлмон иҷро мекунанд, аммо ҳеҷ кадом аз он ҳукуматҳо ҷуръат намекунанд дар мавриди ҳиҷоби занони роҳиба (занони масеҳӣ) ки либосашон мисли ҳиҷоби занони мусӯлмон аст, ҳеҷ чизеро ба забон биоваранд ва наметавонанд биёваранд. (Адрес, Китоби Ҳақиқати талх, саҳ 176 то 177 Муҳаммади Ғаззоли.)
ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ
Бояд пазирӯфт, ки ҳақиқатро гӯфтан талх аст вале шӯнидани он барои касоне, ки аз барои манфиъати шахсӣ масолеҳ, манофеъ, арзишҳои миллӣ ва суботу амнияти миллати мусулмони тоҷикро дар таҳдиду хатар мегӯзоранд, бисёр талхтар хоҳад буд!
Чаро ки имрӯзҳо баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва дӯшманони дин ба қадре аз дин ва мусулмонон ба манфиъати хӯдашон истифода мекунанд, ки аз як тараф созмонҳо ва гурӯҳҳои тундрави экстремистиро ҳимоят мекунанд ва аз як тарафи дигар ҳукуматҳои динситезро, ки ин бозии хатарнок ноамнӣ ва ҷангҳоро дар мантақа ва ҷаҳон ба вуҷӯд оварда аст. Мо ҳамаи Тоҷикон ҳӯшёр бошем, фиреби дӯшманони миллати мусулмони тоҷикро нахӯрем ва боз дубора ба азобу хории солҳои ҷанг дохилӣ баргардем.
Барои ҳамин арзиши миллии мо бояд, барои ҳамаи миллат арзиш бошад, на барои чанд нафар, ки манфиаташон дар секулору бараҳнасозии занон ва таблиғ арзишҳои ғарбӣ аст. Миллат бояд бо арзиши миллии хӯд ифтихор кунад ва дар ҳарҷо ки онро арзиш бидонад. Ҳӯвият ва шиносномаи як зани мусалмон ҳиҷоб ва пӯшише аст, ки Худо барои ӯ фарз кардааст.
Ман наметавонам инро бифаҳмам, ки миллат мо ифтихор кунад, ки ба чунин фаҳм ва ҷойгоҳе аз озодӣ расидааст, ки зани мусӯлмон ва номуси миллатро беҳиҷоб ва бараҳна кардааст .