Фаро расидани баҳори Қуръон, моҳи мӯбораку шарифи Рамазонро ба ҳамаи мӯъминону мусулмонон ва ҳамдиëрони азиз самимона табрику таҳният мегӯем.
Аз Худованди карим таманно дорем, ки ба якояки Шумо илму маърифат, имону ахлоқи нек, басирату ҳушëрӣ, сабру таҳаммулу якдигарфаҳмӣ, қаноату парҳезкорӣ, раҳмату мағфират, тавфиқи ибодату бандагӣ, амали хайру инсоф, хайру баракату рӯзии фаровон, хонаи ободу насли поки боғайрат, шодиву тансиҳатӣ, умри бобаракат, оромиву осоиш, саодату хушбахтӣ, ва зиндагии орому осуда ҳадя намояд.
Ин ҳама ҷангу ноамниҳое, ки дар гӯшаву канори минтақа ва ҷаҳон мебинед аз ҷаҳлу худхоҳӣ инсонҳои нодон ва сарватандӯз(капиталист) аст, ки сер намешаванд. Роҳи наҷоту солим мондан ҳар миллате аз дасти золимону фитнагарон, бовар ва такя намудан ба насли ҷавон ва фарзандони худ мебошад, на нерӯҳои хориҷӣ ё иҷоравӣ, ки дилашон ба иҷорапӯлишон месӯзад на инсонҳои дигар кишвар. Барои ҳамин ҳамеша ҷавон ва фарзандонро бо илму маърифат, ҳӯнару ахлоқи нек таъмин ва боқувват намуд, то ниёзманди дигарон нагарданд ва ҳамеша солиму бовафо ба падарону модарон, фарҳангу ватани худ бимонанд ва хайри дунё ва охиратро бибинанд.