Бахши маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар арзёбии солонаи худ соли 2023-ро маргбортарин сол барои хабарнигорон дар кишварҳои ҷангзада эълон кард.
 
Дар гузориши ЮНЕСКО, ки 19-уми декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ки теъдоди хабарнигорони кушта шуда дар манотиқи ҷангзада дар муқоиса бо се соли ахир ду баробар афзоиш ёфтааст.
 
Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО гуфтааст, ки “ман ба ҳамаи ин мутахассисони расонаҳои хабарӣ арҷ мегузорам ва ҳама ҷонибҳои манфиатдорро бори дигар даъват менамоям, ки воситаҳои заруриро барои кафолати ҳифзи рӯзноманигорон ҳамчун шаҳрвандони ғайринизомӣ, ки дар қонунҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, сафарбар кунанд”.
 
Бар асоси ин арзёбӣ, теъдоди зиёде аз ин хабарнигорон ва кормандони расонаҳо дар се моҳи ахир дар пайи ҷанги Исроил ва Ҳамос дар Ғазза кушта шудаанд.
 
Мудири кулли дафтари иттилоърсонии давлати Фаластин дар борикаи Ғазза ба муносибати рӯзи хабарнигор, шумори шаҳидони хабарнигорро аз замони оғози ҳамлаи Исроил ба борикаи Ғазза, яъне аз 7-уми октябр то 30-уми декабр 106 нафар эълом кард.
 
Аммо давоми ин сол таҳдидҳои дигаре алайҳи хабарнигорон, аз ҷумла ҳамлаҳои ҷисмонӣ, ҳабс ва ё мусодираи таҷҳизот вуҷуд доштанд.
 
Бар асоси ин арзёбӣ, теъдоде аз рӯзноманигорон ба далели таҳдидҳои амниятӣ маҷбур шудаанд, ки касби худро тарк кунанд ва дар бархе маворид дар кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст