Ҳар инсоне фитратан ба дунболи саодати худ аст. Мактабҳои мухталиф низ ҳар як иддиои ин ро доранд, ки инсонҳоро ба сӯи саодат ҳидоят мекунанд. Ҳама мехоҳанд бидонанд аз куҷо омадаанд? Омаданашон барои чист? Ва ба куҷо мераванд?. Ҳама мепурсанд ҳадаф аз зиндагӣ чист? Ҳадаф аз офариниш кадом аст? оё зиндагии инсон бо марг ба поён мерасад? Саодати ҳақиқии инсон чист? Роҳи расидани ба саодат кадом аст?
Бешак саволҳое монанди ин саволҳо, саволҳои решаи, асоси ва муҳими башарият будаанд ва ҳастанд ва хоҳанд буд. Посухи ҳар як аз ин саволҳо метавонад олам ва одамро дигаргун кунад. Дар воқеъ агар дар ҷомеае инсонҳо эътиқод ба мабдаъ ва маод дошта бошанд он ҷомеа чи ранге хоҳад дошт? Ва агар ҳамон ҷомеа даст аз ин эътиқод бардорад бар сари он ҷомеа чи меояд? Ҳеч дар ин масъала фикр кардаед?! Таърих нависони фалсафа гуфтаанд, ки решаи тарин саволҳои фалсафӣ ва аввалини онҳо савол аз решаи ҳастӣ ва оғози он буда аст, яъне савол аз иллати нахустин. Савол аз маод ва анҷоми кори олам низ ҳамеша зеҳни башар ро ба худ машғул карда аст. Албатта ин саволҳо ҳамеша ва дар зеҳни ҳамаги билфеъл нестанд аммо ба ҳар ҳол ҳаргиз башар ро раҳо накардаанд ва аз сӯи огоҳони ҷомеа баён шуда ва нима ҳушёронро ба худ оварда ва оқибат, андешамандон ва мутафаккиронро барои ёфтани ҷавоб ба андеша дароварда аст.
Муҳсин Ғ.