
Ҳузӯри ба мавқеъ ва маънодори мардӯми огоҳ, дӯшманшинос, шуҷоъ ва диндори Эрони Исломӣ дар рӯзи 22 дей(12 январ) дар майдон ва дифоъи ҷононаашон аз ватану муқаддасоти исломӣ, ҳамаи нақшаҳои хатарноки дӯшманони ҷумҳурии исломиро, ки аз сӯи Амрикою Исроил ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ тарроҳӣ шуда буд, аз байн бурд.
Ба гӯфтаи дабири шурои амнияти милли Эрон Алии Лориҷонӣ, дӯшман дар ҷанги давоздаҳ рӯза аз роҳи ҳамлаи низомӣ ба аҳдофаш нарасид ва шикаст хӯрд. Аммо ин бор дӯшман бо тағйир додани токтики хӯд дар паи буҳрони амниятӣ ва ноамнсозии ҷомеъа аз дарун ва ҷанги дохилӣ аст. Вале боз ҳам бо лутфи Худо миллати ҳӯшёр, мӯъмин, қаҳрамону вафодори Эрони Исломӣ тамоми нақша ва тавтеъаҳои онҳоро барбод хоҳад дод ва шикасти ҷононаро бар онҳо хоҳад чашонд.
Ҳарчанд сервисҳои Амрикою Исроил бо истифода аз эътирозҳои мусолиматомези иқтисодии мардӯми Эрон аз тариқи муздуронашон бо силоҳи сард ноамнӣ ва кушторҳоеро аз мардӯми оддӣ гирифта то нерӯҳои интизомӣ дар чанд рӯзи гӯзашта дар чанд шаҳри Эрон ба бор оварданд. Баъзе аз маконҳои умумиро монади бонкҳо, масоҷид, бозор, китобхона, бемористону хонаҳои мардӯм ва теъдоде ҳам василаҳои нақлиётиро монанди автобусҳо, амбулонсҳо(мошинҳои ёрии таъҷилӣ), мошинҳои оташнишонӣ, интизомӣ ва шахсиҳоро ба оташ кашиданд ва хароб карданд.








Ин масҷид сӯзондан ва қуръонсӯзонии ошӯбгарон ва кӯшторҳои бераҳмона ва доъишгӯнаи онҳо қалби мардӯми бофарҳанг, ҳӯшёр ва мӯъмини Эронро ба дард овард. Фардои онрӯз буд, ки миллати ғаюр ва қаҳрамони Эрон якпорча ба майдон омаданд ва решаи ноамнӣ ва нақшаҳои дӯшманони хориҷиро барчиданд ва аз давлати ҷумҳурии исломӣ хостанд, ки дигар бахшишу раҳм накунанд ва тамоми муздурони бегонаро, ки ҳаркасе бошад ба сахттарин ҷазои аъмолашон бирасонанд. Истиқлол ва амнияти ин кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст, ки боз ба осонӣ аз байн биравад. Ҳатто дар шиъорҳояшон хитоб ба Амрикою Исроил мегӯфтанд; Эрон Венесуела нест, ки ҳар коре дилатон бихоҳад анҷом бидиҳед!
Хӯлоса ҳавоси ҳама бошад, ки ин Эрон сарзамини фарзандони Салмону Фирдавсию Ҳофиз аст ва шикасту таслим шудан барои ин насл ва сарзамин маъно надорад. Беҳтар аст, дӯшманони ин миллат дӯшманӣ бо ин миллатро раҳо кунанд ва дар паи наҷоти хӯд бошанд то сар ба сар шудан бо ин миллати решадор.





















