Қасовати қалб яке аз сифатҳои кофирон!
Бар асоси омузаҳои динии мо, ки Қуръони карим дар оятҳои гуногӯн ба он ишора дорад, касоне ки ба ҳақ ва Худованд пушт мекунанд ва ба корҳои зишту нописанди худ машғул мешаванд, қалбҳои сахт ва золимонаеро хоҳан дошт. Агар инсон як бор гуноҳе анҷом диҳад ва баъд тавба кунад ва аз кори худ пушаймон шавад, қалби ӯ оромтар ва поктар хоҳад шуд, аммо агар баъд аз он амалаш боз аз кори кардааш дурӣ накунад ва ё онро барои худ ифтихор қарор диҳад, қатъан Аллоҳ таъоло ҳам ӯро дар он сиёҳдилӣ гирифтор мегардонад ва чунон, ки фармуд; дар қалбҳояшон маразе аст, пас Худо зиёд мегардонад маразашонро.
Гаҳгоҳ вақте нигоҳе ба сафҳаҳои телевизионӣ ва ё рӯзнома ва маҷаллаҳои интернетӣ меандозем, тасвирҳое аз бархурдҳои гуногӯни маъмурони давлатӣ дар кишварҳое мебинем, ки худ гӯши фалакро аз сухан дар бораи ҳукуқи башар ва ҳуқуқи инсон кар кардаанд.
Онҳо кишвар, мардум ва боварҳои динии моро навъе иртиҷоъ, зулм ба ҷомеа, зидди ҳуқуқи башар, зидди амният ва даҳҳо номи беноми дигар мегузоранд, аммо вақте гурӯҳе дар баробарашон ва онҳам дар сарзамини модарии худ, ки акнун ишғол шудааст, қиём кунанд ва садо бизананд, ки ҳой мардум! ин ишғолгарони золим, то ба кай бояд бар сари мо ва шумо ҳукумат кунанд! бо тиру тонк бар сарашон фуруд меоянд ва ҳаракати зидди амниятӣ, зидди байналмилалӣ ва терористӣ номашон медиҳанд, то бо роҳатӣ битавонанд онҳоро гурӯҳ гурӯҳ қатли ом кунанд ва ниҳоде натавонад шикоят кунад. Албатта аз он тарафҳам гурӯҳе аз бехирадон аз даруни мо рақсашон бар табли онҳоро идома медиҳанд ва худро қаҳрамони ҷаҳони Ислом пиндошта барои дигарон нусхаи амнияту давлат ва интихоботи озод мепечанд!
Ҳаққо, ки Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айбест дар номусалмонии мост
!
Листи кишварҳое, ки имрӯз ба сабабҳои гуногӯн даргири ҷангу кашмакашҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳастанд равшантарин гувоҳ барои онҳоест, ки то ба ҳол нафаҳмидаанд душман дар ҳоли анҷоми чи нақшаест! ва мехоҳад бар сари ин минтақаи пур аз сарватҳои моддӣ ва маънавие, ки Аллоҳ таъол бар онҳо ба сабаби дуъои неки Иброҳими Халил ва вуҷуди нуронии Расули Раҳмат(с) ато намудааст, чи тарҳу барномаеро иҷро кунад.
Қатъан аҳли хирад ва озодандеш ниёз ба ин нишонаҳоҳам надоранд ва аз суннати илоҳӣ ба ин расидаанд, ки яҳуду насоро, то он замон, ки динашонро қабул накунем бар мо метозанд ва зулму беадолатиро бар мо раво медоранд.
Аммо мо бар ин боварем; суннати илоҳӣ бар он аст, ки агар қавме натавонад вазифаи инсонӣ ва илоҳии худро дар баробари зулму беадолатиҳо анҷом диҳад, қатъан ҷойгузине барои онҳо дар назар гирифта мешавад ва он қавм адли илоҳиро ҷорӣ ва ҳоким хоҳад кард.
ва оқибат барои муттақин аст