Ба хости Худо иди Наврӯз бар шумо миллату ҳамватанони азиз ва тамомии ҳамзабонон муборак бошад.
Тамоми қалбҳо ва чашмҳо ва биноиҳо дар дасти қудрати Худои Мутаъол аст. Ӯст, ки ҷаҳонро тадбиру мудирият мекунад ва шабу рӯзро ва қалбҳоро мутаҳаввилу дигаргун менамояд ва дидаҳоро рушанӣ мебахшад. Ӯст, ки ҳолу аҳволи инсонҳоро дигаргун ва мутаҳаввил мегардонад. Умеди онро дорем, ки ин дигаргуниҳо дар чашму дидаҳо ва дилу боварҳо дар миёни ҳамнавъонамон дӯстию бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиро густариш диҳад.
Дар инҷо дар ин бора матолиберо пешкаши хонандагони азиз менамоем, бошад ки барои дарку фаҳми нафсу ҷони модӣ ва маънавии худамон муфиди фоида бошад.
Идҳои Исломӣ:
Худои Мутаъол дар каломи осмониаш мефармояд:
قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنزِلْ عَلَيْنَا مَآئِدَةً مِّنَ السَّمَاءِ تَكُونُ لَنَا عِيداً لِّأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِّنكَ وَارْزُقْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ (Моида/114)
"... Худоё! Моида ва дастархоне (неъматҳои) осмонӣ бар мо нозил кун то барои мо ид ва нишонае аз ҷониби ту бошад ва ба мо рузӣ ато кун, ки ту беҳтарин рузӣ диҳанда ҳасти".
Ба гуфтаи луғатнависоне ҳамчун Роғиб; Ид аз модаи «Авд» аз забони арабӣ гирифта шуда аст, ки ба маънои бозгашт ба ҳолоти беҳтар ва матлубтар аст. Ба рӯзҳои шодӣ ва хушӣ ҳам Ид гуфта мешавад.
Дар дини Ислом ҳам, рӯзҳоеро ҳамчун Ид таъйин намудаанд, ки муҳимтарини онҳоро ёдоварӣ мекунем.
Аввали моҳи Шаввол, иди Фитр (баъд аз якмоҳ рӯзадорӣ)
Даҳҳуми Зилҳиҷҷа, иди Қурбон (ба ёди Ҳаҷ ва қурбонии ҳазарати Иброҳим(а)
Бистуҳафтуми Раҷаб, иди Мабъас (рӯзи оғози Паёмбарии ҳазрати Муҳаммад(с)
Рузи Ҷумъа, иди Муҳаммадӣ(с) (ҳамчун ҳаҷҷи фақирон)
Агар ба ҳар кадом аз ин муносибатҳо нигоҳ кунем, ҳар кадом ба навъе бозгашт ба ҳақиқату боварҳои осмонӣ ба ҷиҳати расидан ба саодати дунё ва охиратии инсонҳо аст.
Бинобарин дар Ислом идро, на либоси рангӣ ва таомҳои рангоранг пухтан ва рафту омадҳои беҳуда, балки ҳар кадом омузишу роҳнамоӣ барои иди воқеи, ки ҳамон бозгашт ба ҳақиқати инсонӣ бошад аст. Ислом чун барои саодати башарият омадааст наметавонад иду сурураш бефоида бошад, балки ҳар ончӣ дар ин дин таъйиду ташвиқ ва ё манъу иршод шуда аст, ҳамагӣ барои рушду саодати башарият аст.
Пас иде, ки пушидани рангоранг дар он асл бошад иди кудакона аст ва иде, ки хурдану ошомидан асл шавад иди шикампарварона аст.
Иде, ки гардишу хушгузаронии бефоида дар он ҳадаф шавад иди бекорону айёшон аст.
Иде, ки хандаҳои бефоида ва масхара кардани дигарон дар он бошад, иди ғофилону бехабарон аз ҳақиқати инсонӣ аст.
Ва иде, ки дар он сабзаҳо ва растаниҳо бефоида чида мешаванд ва сумалак беҳадаф пухта мешавад, иди хурофагуёну бидатпарастон аст.
Ид дар Ислом он рӯзе аст, ки инсоният аз гуноҳу палидиҳо дур шавад ва дар анҷоми корҳояш тавфиқу пирӯзӣ касб намояд.
Бар асоси боварҳои динӣ, Ид яъне дурӣ аз гуноҳону ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ бо ҳамнавъон ва тавфиқи дарёфти неъматҳои Илоҳӣ аст.
Иди Наврӯз:
Иди Наврӯз иди табиъат аст, чун оғози руйишу касби эътидол ва дар ҳақиқат бозгашти ҳастӣ ба аввалаш, ки ҳамон сарсабзию хуррамӣ ва латофату ҳамнафасӣ бо табиати инсонӣ аст. Рӯзе аст, ки шабу рӯзи он ҳамсону ҳамнавъанд ва аз гармою сармои дигар рӯзҳо, ки бо ҷисми инсоният чандон ҳамнавоӣ надоранд, хабаре нест.
Ин рӯз хонандагону сарояндагони Илоҳӣ дили ҳар мавҷудеро оромиш медиҳанд ва аҳли дилро бар ҳақоиқ роҳнамо мегарданд.
Иди наврӯзе, ки дур аз хурофоту бидъатҳо бошад ва ҷашну суруди он ҳидоятгар ба суи Холиқи ҳастӣ ва шукри неъматҳои ӯ дар дарозои сол бошад, сафо ва ҳамнавъӣ бар асосӣ адолату ҳамдигарфаҳмӣ бошад ва ҳамчун гулу гиёҳон ва парандагон лабханди ризоият дар дилу ҷон ва чашму дидагони ҳамдигарро бо рафтору кирдору гуфтори худ эҷод кунем ва ҳадаф аз ҳар калому таом дар ин рӯз Худопарастӣ ва Худоҷуӣ бошад ва ба фармудаи каломи Илоҳӣ: "замин вақте борон мебинад ба ҳаракат меояд ва гиёҳону рӯиданиҳо сар аз хок бармедоранд ва..." бе шакку шубҳа ин рӯз Иди ҳар муъмини Худопараст, балки Иди тамомии махулқот дар замину осмон хоҳад буд.
Аз амири муъминон Алӣ ибни Абитолиб(р) нақл аст, ки фармуданд:
«كل يوم لا يعصي الله فهو عيد»
Ид он рӯзе аст, ки ба Худо нофармонӣ нашавад.
Наврӯз дар давоми таърих:
Рӯзи аввали соли шамсӣ, ки бо рӯзи бистуякуми марти милодӣ ҳамзамон аст, дар давоми таърихи ҳазоронсолаи сарзамини густардае ҳамчун ҷашни бузург қайд гирифта мешуда аст. Албатта дар миёни қавми бузурги Ориёиҳо рӯзеро ҳам ба унвони меҳригон ҷашн мегирифтаанд.
Дар даврони хилофати хулафои Исломӣ махсусан дар даврае, ки хилофати Аббосӣ ном гирифт ин ҷашн бо риояти ҷонибҳои шаръ ва қонуни динӣ дар миёни мусалмонон ривоҷ ва густариш ёфт. Албатта бисёре аз боварҳо, расму ойин ва хулқиёти сарзамине, ки он рӯз Эрон номида мешуд дар натиҷаи қабули Ислом аз байн рафтанд ва ҷойи худро ба боварҳо ва ойину ҷашнҳои Исломӣ доданд аммо Наврӯз шояд ба сабаби фалсафа ва ҳақоиқе, ки баргирифта аз бовари холиқият ва махлуқияти ҷаҳони ҳастӣ сарчашма гирифта аст бошад, ки аз байн нарафт ва ҳамчун расмӣ мусалмонон дар ин сарзамини паҳновар, ки акнун ба даҳҳо кишвару давлат тақсим ёфта аст, ҳарчанд дар баъзе аз мавридҳо бо амалҳои гуноҳолуд ва бидъатмонанд ҳамроҳ шуда аст, аммо ҳамчунон қайд гирифта мешавад ва метавонад сарчашмае бошад барои бозгашт ба боварҳои ҳақиқӣ ва имон ба Холиқи ҳастӣ.
Дар поён ба миллати азизу Худоҷӯ ва Ҳақталабу меҳрвази Тоҷикистони азиз, ки дар пайкараи бузурги уммати Исломӣ ба шариату Қуръон бовари қалбӣ доранд ва ҳамчун миллати Тоҷик ва Форсизабон ин рӯзро табрик ва иншоаллоҳ ҳамчунон ва ҳамеша бовару имони худро дар тамомии соҳа ва саҳнаҳо аслу асос бидонем ва рӯйишу рушди табиатро нишоне аз Холиқи ҳастӣ ва намоде аз рӯзи растохез ва Қиёмат бидонем, ки ин маншае барои рушду саодати миллати мо хоҳад шуд.
Поянда ва сарфароз бошед.