Зуҳури Ислом дар партави муҷоҳидатҳои Набии Аъзам(с) ва Аҳли Байташ(а) нуқтаи атфи таърихи башар аст, ки дастовардҳои бешумор, пешрафти ҳамаҷонибаи тамаддуни кунуниро фаро рӯи башарият қарор дода аст. Камтарин дастоварди ин шаҷараи поки осмонӣ густарши хондан, навиштан ва оламгир шудани улум дар ҷаҳони Ислом ва интиқоли он ибтидо ба Испониё ва Итолиё, Олмон ва Инглистон ва дигар милали урупоӣ ва сипас ҳаммаи ҷаҳон
буд. Ба тавре, ки бидуни ин нуқтаи атфи осмонӣ ҳаргиз тамаддуне чун Рум, Миср ва Эрони бостон роҳе ба тамаддуни кунунӣ надоштанд. Далоили таърихии ин ҳақиқат ғайри қобили инкор ва бешумор аст. Яке аз ин далоил иқрори мукаррари донишмандони исломӣ ва хусусан ғайри исломӣ ва урупоӣ ба ин ҳақиқати азим аст, ки намунаи хӯрде аз онро барои хонандагони муҳтарам боз мекунем.
Донишмандони ба номи ин ҷавомеъ бар хилофи талошҳои мазбуҳона ва тавҳиномез на танҳо Паёмбари Исломро аз бузургони тарози аввали тамаддуни динӣ медонанд, балки бо сароҳат бар ҷаҳонӣ шудани дини Ислом – ба сабаби хусусият ва мазиятҳои бешуромаш – иқрор доранд. Шояд таваҷҷӯҳ ба ин воқеъиятҳо тавҳинкунандагонро ба дард оварда ва онҳоро ба вартаи бефарҳангӣ ва тавҳин кашондааст.
Толстой: Нависанда ва файласуфи ахлоқгарои маъруфи Русия, ки омӯзаҳояш сармашқи раҳбарони бузурги сиёсӣ дар ҷаҳон ҳамчун Гондӣ қарор гирифта аст, мегӯяд: Шахси шахиси Паёмбари Ислом(с) сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариати Паёмбари Ислом(с) ба иллати тавофуқи он бо ақлу ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд.
Карл Маркс: Файласуф, сиёсатмадор ва инкилобии олмониасл дар қарни 19 бо дарки амиқ аз шахсияти Паёмбари Азими Ислом(с) чунин мегӯяд: Муҳаммад марде буд, ки аз миёни мардуми бутпараст бо иродаи оҳанин бархост ва ононро ба ягонапарастӣ даъват кард ва дар дили онҳо ҷовидонии рӯҳу равонро кошт, бинобарин ӯро на танҳо бояд дар қатори мардони бузург ва барҷастаи таърих, балки сазовор аст, ки ба Паёмбарии у эътироф кунем ва аз дилу ҷон бигӯем: Ӯ Паёмбари Худо будааст.
Маҳатма Гандӣ: Ҳаёти шахсии Паёмбари Ислом(с) ба навбаи худ нишона ва сармашқи боризе барои радди фалсафаи унфу иҷбор дар амри мазҳаб мебошад.
Ҷавоҳир Лаъл Неҳру: Мазҳабе, ки Паёмбари Ислом(с) таблиғ мекард ба воситаи содагӣ ва ростӣ ва дурустии он ва доро будани таъми демокросӣ ва баробарӣ мавриди истиқболи тудаҳои кишварҳои ҳамсоя шуд.
Волтер Фаронсавӣ: Ҳазарати Муҳаммад(с) бегумон марди бисёр бузурге буд. Вай ҷаҳонгушои тавоно, қонунгузори хирадманд, султони додгар ва Паёмбари парҳезгор буд. Ӯ бузургтарин нақшеро, ки мумкин буд дар муқобили чашмони мардуми одди ифо кунад дар рӯи замин ифо кард.
Пер-Симон Лаплас: Мунаҷҷим ва риёзидони бисёр маъруфи фаронсавӣ дар қарни 18 ва 19-ум буд, ки назариёти у таҳаввулоти бузурге дар нуҷум эҷод кард. Ӯ яке аз муҳаққиқини ғарбӣ аст, ки дар маврди дини мубини Ислом чунин изҳори назар намудааст; гарчӣ мо ба адёни осмонӣ ақида надорем, вале оини ҳазрати Муҳаммад(с) ва таолими ӯ ду намунаи иҷтимоӣ барои зиндагии башарият аст. Бинобарин эътироф мекунем, ки зуҳури дини у ва аҳкоми хирадмандонааш бузург ва бо арзиш мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат аз пазириши таолими ҳазрати Муҳаммад(с) бениёз нестем.
Профессор Арнест Ҳегел: Яке аз бузургтарин ва пурнуфузтарин файласуфи олмониасли қарни 19 мегӯяд: Исломият тарҳи хеле ҷадид ва дар айни ҳол тарзи ғайри махдуш ва бисёр олӣ тавҳид мебошад.
Ҳерберт Ҷорҷ Велз: Нависандаи муҳаққии Инглистонӣ дар китоби сармояи сухан мегӯяд: Ислом танҳо дине аст, ки ҳар башари шарофатманд метавонад ба доштани он ифтихор кунад ... танҳо дине аст, ки ман дарёфтам ва борҳо гуфтаам, ки ончӣ аз сирри хилқат огоҳ аст ва бо рози офариниш ошно ва ҳамаҷо бо тамаддун ҳамроҳ, дини Ислом мебошад.
Гёте: Донишманд, шоир ва нависандаи маъруфи олмонӣ, ки таъсири амиқе бар адабиёти Олмон ва ҷаҳон бар ҷой гузошт, дар китоби девони шарқӣ ва ғарбӣ мегӯяд: мундариҷоти китоби Қуръон..., моро маҷзуб мекунад ва ба шигифт меоварад ва саранҷом ба таъзим ва эҳтиром меангезад.
Ҷорҷ Бернард Шоу: 1856-1950 бузургтарин нависандаи Инглистонӣ баъд аз Шекспир, ки афкори ӯ дар заминаи мазҳаб, илм, иқтисод, хонавода ва ҳунар асари амиқе бар рӯи мухотабини худ дошт ва амвоҷи хурӯшони афкораш дар ҷавомеи ғарбӣ мунҷар ба рӯшангарии афкори умумии мардум гардид, дар робита бо шахсияти волои Паёмбари Аъзам(с) чунин мегӯяд: ман ҳамеша нисбат ба дини Муҳамад ба воситаи хосияти зинда будани шигифтовараш ниҳояти эҳтиромро доштаам, ба назари ман Ислом танҳо дине аст, ки дорои ончунон хосияте аст, ки метавонад тағйироти гуногунро ба худ ҷазб кунад ва худро ба ашколу суратҳои ҳар аср татбиқ диҳад. Ман дар бораи дини Паёмбари Ислом(с) чунин пешбинӣ кардаам, ки дини ӯ барои фардои Урупо (Ғарб) қобили қабул хоҳад буд. Ҳамонтавре, ки дар Урупои имрӯз ҳам пазириши он оғоз шудааст. Ман муътақидам, ки агар марде монанди Паёмбари Ислом(с) фармонравои мутлақи ҷаҳони асри ҷадидро ба даст гирад, тавре дар ҳалли масоил ва мушкилоти ҷаҳон тавфиқ хоҳад ёфт, ки сулҳу саодатеро, ки башарият ба шиддат эҳтиёҷ дорад, барои ӯ таъмин хоҳад кард.
Эдуард Гебин: Бузургтарин муаррихи Инглистон дар қарни 18 ва нависандаи машҳури таърихи суқути имперотурии Рум дар бораи Қуръон чунин менависад: аз уқёнуси Атлас то канори руди Ганга дар Ҳиндустон Қуръон на фақат қонуни фиқҳӣ шинохташуда аст, балки қонуни асосӣ шомили равияи қазоӣ ва низомҳои маданӣ ва ҷазоӣ ва дорои қавонине аст, ки тамоми амалиёти умури молии башарро идора мекунад ва ҳамаи ин умур, ки ба сабаби аҳкоми собит ва бе тағайир анҷом мешавад ношӣ аз иродаи Худо аст. Ба иборати дигар Қуръон дастури умумӣ ва қонуни асосии мусалмонон ва дастуре аст шомили маҷмуаи қавонини динӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, низомӣ, қазоӣ, ҷиноӣ, ҷазоӣ ва ҳамчунин маҷмуаи қавонин аз таколифи зиндагии рӯзона то ташрифоти динӣ, ба таври кулли тазкияи нафс, то ҳифзи бадану беҳдошт ва аз ҳуқуқи умумӣ то ҳуқуқи фардӣ то манофеи умумӣ ва аз ахлоқиёт то ҷиноёт ва аз азоб ва мукофоти ин ҷаҳон то азобу мукофоти ҷаҳони оянда, ҳамаро дар бар дорад.
Профессор Вил Дуронт: муаррих ва нависандаи Амрикоӣ 1885 – 1981, ки милёнҳо нафар дар ҷаҳон осори ӯро мутолиа мекунанд дар бораи шахсияти Паёмбари Аъзам(с) чунин назар медиҳад: агар ба мизони асари ин марди бузург дар мардум бисанҷем бояд бигуем, ки Паёмбари Ислом(с) аз бузургтарин бузургони таърихи инсонӣ аст. Вай қасд дошт сатҳи маълумот ва ахлоқи қавмеро, ки аз гармои ҳаво ва хушкии саҳро ба торикӣ ва таваҳҳуш афтода буданд авҷ диҳад, дар ин роҳ тавфиқе ёфт, ки аз тавфиқоти тамоми муслиҳони ҷаҳон бештар буд. Камтар касеро ҷуз ӯ метавон ёфт, ки ҳамаи орзӯҳои худро дар роҳи дин анҷом дода бошад, зеро ба ин эътиқод дошт. Муҳаммад аз қабоили бутпараст ва пароканда дар саҳро уммати воҳид ба вуҷуд овард. Бартар ва болотар аз дини Яҳуд ва Масеҳ ва дини қадимии Арабистон оини содда ва дини рӯшан ва неруманд бо маънавиёте, ки асос он шуҷоати қавмӣ буд, падид овард, ки дар таи як насл дар яксад маъракаи низомӣ пирӯз шуд ва дар муддати як қарн як императории азим ва паҳновар ба вуҷуд овард ва дар рӯзгори мо нерӯи муҳимме аст, ки бар як нимаи ҷаҳон нуфуз дорад.
Манобеъ:
1- Доктор Густав Лобон,Ислом ва Араб,саҳ.154 ва 159.
2- Муҳаммад ъинда уламо-ил-ғарб,саҳ.101.
3- Исломшиносии Ғарб,саҳ.36.
4- Нигоҳе ба таърихи ҷаҳон.
5- Ислом аз назари Волтер,саҳ.28 ва 53.
6- Томас Карлейл,зиндагонии Муҳаммад,ҷ.9,саҳ.47.
7- Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон,саҳ.72.
8- Панҷ гоми дин,саҳ.185.