Дуруд бар асҳобу ёрони бо вафои Расули Аллоҳ(с)

Сайидбурҳон Акбар;

Мадҳу сано ва дуруду дуъо барои асҳоби Расули Худо(с) аз забони имом Саҷҷод(а)

Имом Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб аз фарзандони ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари расули Худо(с) ва аз бозмондагони хонаводаи Паёмбар баъд аз ҷангу куштори саҳрои Карбало аст, ки бо аммаи худ ҳазрати Зайнаби Кубро ба шом бурда шуд ва баъд аз бозгашт ҳамчун сарпарасту бузурги хонадони нубувват ва Имоми муслимин зиндагии бисёр пурбаракатеро гузаронд ва дар миёни тамомии ҷомеаи исломӣ бо ному лақабҳои имом Саҷҷод(а), имом Зайнал Обидин ва..., шинохта шуда ва мавриди иззату эҳтиром мебошад.

Яке аз осори бозмонда аз он Имоми Муттақин, ба унвони (дуоҳои имом Саҷҷод) маъруф аст, ки маҷмуае аз розу ниёзҳои Ӯ дар мавзуоти худ ва худошиносӣ, тавҳид, миъод, ибодат, дуруд бар расулони Худо ва... мебошад.

Ин китоб, ки розу ниёз ва дуоҳои яке аз авлиёи илоҳӣ аст, роҳнамоест барои касоне, ки мехоҳанд бо парвардигорашон бо равиши гузаштагон, хусусан имомону авлиёи наздик ба асри расули Худо розу ниёз ва дуъо намоянд.

Дар ин ҷо дуое, ки дар мадҳу дуруд бар Асҳобу ёрони Расули Худо аз забони имом Саҷҷод(р) омадааст, барои огоҳии бештар аз ин китоб тақдими хонандагон мемегардад.

Бошад, ки руҳу мақоми бузурги он авлиё ва асҳоби гиромии расули сулҳу сафо, Муҳаммади Мустафо(с) рафеътар гардад.


Ба номи Худои Мутаъол


و كانَ مِن دعائهِ عليه‏السلام فى الصّلوة على اَتْباعِ‏ الرُّسُلِ و مُصَدّقيهِمْ

Ва аз дуъоҳои Ӯ (имом Зайн-ал-Обиддин) дуруд бар саҳобагон ва тасдиқкунандагони Расули Худо(с) аст.

++


اَللَّهُمَّ وَ اَتْباعُ الرُّسُلِ وَ مُصَدِّقُوهُمْ مِنْ اَهْلِ الْاَرْضِ بِالْغَيْبِ

Худовандо! Ва пайравони Паёмбар ва тасдиқкунандагони Ӯ, аз марудми руи замин, ки аз сидқи қалб  уро тасдиқ ва пайравӣ мекарданд



++

عِنْدَ مُعارَضَةِ الْمُعانِدينَ لَهُمْ بِالتَّكْذيبِ وَالْاِشْتِياقِ اِلَى الْمُرْسَلينَ بِحَقآئِقِ الْايمانِ، فى كُلِّ دَهْرٍ وَ زَمانٍ اَرْسَلْتَ فيهِ رَسوُلاً

Он тасдиқу пайравӣ дар замоне буд, ки душманон онҳоро дуруғгӯ мехонданд ва мубориза мекарданд вале мусалмонон бо иштиёқу хоҳиши қалбиашон ба паёмбарон рӯ оварданд, дар ҳар замоне, ки паёмбаре фиристодаӣ


++

وَ اَقَمْتَ لِأَهْلِهِ دَليلاً، مِنْ لَدُنْ ادَمَ اِلى‏ مُحَمَّدٍ - صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَالِهِ - مِنْ اَئِمَّةِ الْهُدى‏، وَ قادَةِ اَهْلِ التُّقى‏ -، عَلى‏ جَميعِهِمُ السَّلامُ، فَاذْكُرْهُمْ مِنْكَ بِمَغْفِرَةٍ وَ رِضْوانٍ.

Ва барои мардум паёмбаронро чароғи роҳ намудаи, аз замон Одам(а) то ҳазрати Муҳаммад(с), ки аз аиммаи ҳидоятгар ва пешгомони аҳли тақво ҳастанд, ки бар ҳамаашон салом бод.


++

اَللَّهُمَّ وَاَصْحابُ مُحَمَّدٍ خآصَّة ًالَّذينَ اَحْسَنُواالصَّحابَةَ، وَالَّذينَ اَبْلَوُاالْبَلآءَ اَلْحَسَنَ فى نَصْرِهِ، وَ كانَفُوهُ، وَ اَسْرَعُوا اِلى‏ وِفادَتِهِ، وَ سابَقُوا اِلى‏ دَعْوَتِهِ، وَاسْتَجابُوا لَهُ حَيْثُ اَسْمَعَهُمْ حُجَّةَ رِسالاتِهِ،

Худовандо! Хусусан Асҳоби Муҳаммад(с) онҳое, ки ба некӣ ҳамроҳии Ӯро карданд, ҳамонҳое, ки дар ёрии Ӯ ба некӣ талош намуданд ва он ҳазратро ёрӣ намуданд дар роҳи расидан ва сохтани ҳукуматаш, дар қабул намудани даъвату суханонаш бар ҳамдигар пешӣ ва мусобиқа мегирифтанд ва чун далели рисолату паёмбариашро ба гӯши онҳо расонд Ӯро пазиро шуданд ва имон оварданд


++

وَ فارَقُوا الْاَزْواجَ وَالْاَوْلادَ فى اِظْهارِ كَلِمَتِهِ، وَقاتَلُوا الْابآءَ وَالْاَبْنآءَ فى‏تَثْبيتِ نُبُوَّتِهِ، وَانْتَصَرُوا بِهِ،

Ва дар роҳи Паёмбар(с) (он Асҳоб) аз зану фарзанду хешу таборҳам гузаштанд ва бо падару фарзандонашонҳам барои расидан ба ҳадафҳои Паёмбариаш ҷангиданд ва  ба баракати  ҳузуру вуҷуди у пируз шуданд


++

وَمَنْ كانُوا مُنْطَوينَ عَلى‏ مَحَبَّتِهِ يَرْجُونَ تِجارَةً لَنْ تَبُورَ فى مَوَدَّتِهِ

Ва онҳое, ки дар умқу вуҷуди дилашон меҳру муҳаббати Ӯро парвариш медоданд ва онро тиҷорате медиданд, ки бар соҳибаш зарару зиёне нахоҳад дошт!


++

وَالَّذينَ هَجَرَتْهُمُ الْعَشآئِرُ اِذْ تَعَلَّقُوا بِعُرْوَتِهِ، وَانْتَفَتْ مِنْهُمُ الْقَراباتُ اِذْ سَكَنُوا فى ظِلِّ قَرابَتِهِ، فَلاتَنْسَ لَهُمُ

Ва ҳамон Асҳобе, ки вақте ба Ӯ наздик шуданд ва Ӯро ёр гирифтанд, қабилаи худро аз даст доданд ва ҳамватанонашон аз онҳо дурӣ намуданд

++

اللَّهُمَّ ماتَرَكوُا  لَكَ وَفيكَ، وَاَرْضِهِمْ مِنْ رِضْوانِكَ، وَ بِما حاشُوا الْخَلْقَ عَلَيْكَ، وَ كانوُا مَعَ رَسوُلِكَ دُعاةً لَكَ اِلَيْكَ، وَاشْكُرْهُمْ عَلى‏ هَجْرِهِمْ فيكَ دِيارَ قَوْمِهِمْ، وَ خُرُوجِهِمْ مِنْ سَعَةِ الْمَعاشِ اِلى‏ ضيقِهِ، وَ مَنْ كَثَّرْتَ فى اِعْزازِ دينِكَ مِنْ مَظْلُومِهِمْ

Худовандо! Пас барои Асҳобу ёрони Муҳаммад(с), ончиро барои ту ва дар роҳи ту аз худ дур карданд ва аз дасташон рафт, аз назар дур накун ва онҳоро аз хушнудӣ ва ризоияти худат хушу розӣ гардон ва барои онки мардумро бар динат ҷамъ намуданд ва бо паёмбарат яксадо шуданд ва шаҳру ватани худро тарк намуданд ва аз зиндагии орому бо маишаташон гузаштанд ва сахтӣ ва ситамҳо диданд, фақат барои ин кӣ дини туро бузург намоянд, пас ба онҳо подош бидеҳ.

Омин

Поянда ва сарфароз бошед

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст