Дориюши Раҷабиён
Мунташиршуда дар ҳафтаномаи "Нигоҳ"
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳарфи «ӯ»-ро пеш аз «ҳ» ва «ъ» аз миён бардорад. Қоъидаи нав дар мавридҳое баҷост, аммо мушкили хатти таҳмилиро ҳал намекунад.
Дирӯз, ки яке аз шумораҳои ахири маҷаллаи «Фирӯза»-ро мурур мекардам, мабҳут мондам, ки ҳам рӯи ҷилди он ва ҳам дар унвони матлаби умдаи маҷалла вожаи «мерос» ба шакли «меърос» ҳиҷҷӣ шудааст. Ёдам омад, ки бархе дигар аз нашрияҳо ҳам вожаи «масуният» (иммунитет)-ро ба шакли ғалати «масъуният» навишта буданд. Ба ҳамин шева мушкили имлои мо бо ҳарфу садои «ъ»-ро мешавад дар вожаҳои дигаре чун «таърих»-у «торих», «раъй»-у «рой», «шиъор»-у «шиор», «шоъир»-у «шоир», «боъис»-у «боис», «ҷомеъа»-ву «ҷомеа» ва «таъруфа»-ву «таруфа» дид. Дар мавриди ахир, албатта, мушкил печидатар аст ва аз бардошти ғалати мутарҷимони давр бармеояд, ки аз фарҳангномаҳои порсӣ кумак гирифтаанд. Муъодили порсии «тариф»-и русӣ «таъруфа» аст, бо имлои лотини ta’rofe (ta’rofa). Ноошноии мутарҷимон бо хатти порсӣ боъис шуда, ки онро тақрибан бар вазни «заррофа» ба шакли «тарофа» баргардон кунанд. Имрӯза дар тоблуҳои баланду болои таблиғотӣ дар сатҳи шаҳр «тарофа»-ҳо заррофавор гардан ёзидаанд, ки мояи хиҷолати соҳибони забони расмии Тоҷикистон аст.
Бегумон хатти пириллик (порсии сириллик ё ҳамон тоҷикӣ) сӯрохҳои фаровоне дорад, ки бо ҳеч навъ бахя (дарбеҳ)-е ба ҳам намеояд. Аломати «ъ» яке аз он сӯрохҳои бузург аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар остонаи рӯзи расмии забон дар садади бахя задани он баромад. Қарор аст аз ин ба баъд пеш аз аломати «ъ» дар вомвожаҳои арабӣ дигар ҳарфи «ӯ» (вови маҷҳул) навишта нашавад. Барои намуна, аз ин ба баъд дар имлои расмӣ ҳам вожаҳое аз қабили «мӯътабар», «мӯътариф» ва «мӯъмин» ба шакли «муътабар», «муътариф» ва «муъмин» навишта мешаванд; чун дар таркиби ин вожаҳо «ӯ» (вови маҷҳул) вуҷуд надорад. Ин қоъидаи нав ҳамчунин шомили ҳоли вомвожаҳое мешавад, ки дар онҳо садоҳои «у» ва «ҳ» канори ҳам воқеъ шудаанд; яъне «мӯҳтарам» ва «мӯҳр» аз ин ба баъд ба шакли дурусти «муҳтарам» ва «муҳр» ҳиҷҷӣ мешавад.
Дар ин мавриди бахусус ба Додихудо Саймуддинов, раиси фарҳехтаи Кумитаи забон ва истилоҳот, бояд шодбош гуфт. Аммо, афсӯсмандона, бо ин қоъидаи куллию фарогир ҳам наметавон мушкилро ҳал кард. Яъне наметавон дастури табарворе дод, ки ҳарфи «ӯ»-ро аз канори ҳамаи «ъ»-ҳо ва «ҳ»-ҳо дар вомвожаҳои арабӣ биронанд. Садои «у» дар вожаҳое чун «мавзӯъ», «маснӯъ», «маҷмӯъ», «рӯҳ», «(ҳазрати) Нӯҳ» кӯтоҳ несту дароз аст ва бо табдили «ӯ» ба «у» дар ин вожаҳо талаффузи онҳо низ метавонад осеб бибинад. Пас, наметавон осуда шуд, ки бо тасвиби тағйироти нав мушкили «ӯ» ва «ъ» даст аз сари хатти аҷнабии мо бар хоҳад дошт.
Носозгории хатти пириллик бо аломати «ъ» жарфтар аз ин ҳарфҳост. Нахуст ин ки, дар расмулхатти таҳмилӣ як аломат (ъ) ҷойгузини ду аломати порсӣ шудааст. Яъне аломати «ҳамза» дар таркиби вожаи «муъмин» (баромада аз «имон») ва ҳарфи «ъайн» дар вожаи «муътабар» (баромада аз «эътибор») ҳар ду бо корбурди аломати сакта (ъ) навишта мешаванд, ки аз ҷумлаи мавридҳои носозгории хатти русӣ бо забони порсист. Ин мушкил замоне барҷастатар ҷилва мекунад, ки як матни пирилликро бо истифода аз нармафзорҳои роёнаӣ ба хатти порсӣ баргардон кунем. Ба ҳамин шева парҳез аз аломати «ъ» дар имлои вожаҳое чун «шиъор», «шоъир», «боъис», «ҷомеъа», «маҷмӯъа» бар умқи мушкили баргардонгарҳо меафзояд.
Афзун бар ин, ноҳамхонии имлои пириллик бо имлои порсӣ монеи умдае дар ростои ошноии беҳтари порсигӯёни Фарорӯд бо зарофатҳои забони модаришон шудааст. Пур гуфтаем, ки расмулхатти таҳмилии русӣ дар дурии мо аз забону ҳувияти миллии худ бештарин саҳмро доштааст. Ба гунае, ки акнун бисёре намедонанд, ки «ъилм»-у «ъолим»-у «таълим»-у «таъаллум»-у «муъаллим» ҳамагӣ баромада аз як решаи воҳиданд. «Ъ» дар ҳамаи ин вожаҳо ҷойгоҳи калидӣ ва решаӣ дорад. Бо ҳазфи аломати «ъ» дар вожаҳои «илм»-у «олим»-у «тааллум»-у «муаллим» ва ҳифзи он дар вожаи «таълим» иртиботи решаии ин вожаҳо дар зеҳни як пирилликхон масх мешавад. Дар натиҷа аз вожаҳои бархоста аз як реша корбурди ғалат сурат мегирад; чун гӯянда аз маънои дақиқи вожа огоҳ нест. Бавижа ин ки дар бархе аз ин вожаҳо будан ё набудани аломати «ъ» метавонад маъниро бакуллӣ иваз кунад. Барои намуна, ҳамон вожаи «таъаллум» (бархоста аз «илм») ба маънои «омӯхтану донистан» аст. Дар ҳоле ки ҳазфи аломати «ъ» онро табдил ба «тааллум» (баромада аз «алам») мекунад; ба маънои «дард ёфтан». Шояд бархе баҳона пеш оранд, ки имрӯза «таъаллум»-у «тааллум» ҳеч як дар «забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» корбурд надорад. Ин баҳона танҳо дар сурате пазируфта аст, ки осори бузургонамон аз Рӯдакӣ то Садриддин Айниро аз феҳристи осори адабии миллат берун бирезем ва онҳоро дигар ҳамзабони худ надонем ва дар нишастҳои байнулмилалӣ санги «форсизабон будан»-ро ба сина назанем.
Аммо мусаввабаи нав ҳамон қоидаи кӯҳнаро такрор кардааст, ки ҳарфи «ъ» набояд байни ду садодор – ба истиснои калимаҳои «фаъол» ва «таъйин» - навишта шавад. Албатта, дар вожаи «таъйин» ҳарфи «й»-ро бағалат садодор донистаанд. Вожаи «фаъол» ҳам – агар манзур риъояти имлои дурусти забонамон бошад – бояд бо ду ҳарфи «ъ» ва ба шакли «фаъъол» навишта шавад, чун ташдид дар ин вожа рӯи ҳарфи «ъ» меуфтад. Худдорӣ аз риъояти ин қоъида боъиси талаффузи ғалати вожаи «фаъъол» дар «забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» шудааст. «Фаъъол» дорои ташдиди равшану сареҳ аст, ҳамон гуна ки вожаҳои дигар бар вазни «фаъъол» бо ташдиди садои миёнӣ навишта ва талаффуз мешаванд: маккор, ҳаммол, баззоз, фаррор, ғаммоз, хаммор. Пас, агар Кумитаи забон ва истилоҳот интизор дорад, ки мусавваботаш аз сӯи мардуми огоҳ ба забон риъоят шавад, баночор бояд ин қоъидаро ҳам ислоҳ кунад.
Дар тӯли 72 соли ривоҷи хатти пириллик дар Фарорӯд имлои ин расмулхатти аҷнабӣ тағйироти фаровонеро бар худ дидаву борҳо бахя хурдааст. Аммо ҳеч як аз ин бахяҳо баростӣ корсоз воқеъ нашуда ва баръакс, ниёз ба бозгашт ба хатти худии порсиро барҷастатар кардааст.
Гирем, ки бо садҳо бахяи дигар ин хатро бо забонамон ҳамхонтар ва созгортар кунем (ки амрест тақрибан ношуданӣ ва тағйироти бунёдини расмулхатро мехоҳад). Аммо чанд тан ба ҳосили заҳмати нависандагон ба ин хат дастрасӣ хоҳанд дошт? Гумон намеравад, ки шумори хонандагони билқувваи он бештар аз 10 милюн тан бошад. На имрӯзу дирӯзи Тоҷикистонро метавон бо ин хат ба ҷаҳониён шиносонд ва на чашмандози фардое равшанро мешавад бо ин хат тарсим кард.
Ислоҳоти тозаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бори дигар ин ҳақиқатро исбот кард, ки танҳо роҳи бурунрафти забони мо аз бунбасти кунунӣ бозгашти тадриҷию барномарезишуда ба хатти худамон (порсӣ) аст. Бо ин бахя заданҳо ҷомаи ориятамон ороста нахоҳад шуд. Ин фармудаи Саъдӣ шоистаи такрору таъкид аст, ки:
Куҳан ҷомаи хеш оростан,
Беҳ аз ҷомаи орият хостан.