Агар хонаамро ҳам бисӯзанд, ман аз мазҳаб ва шариъат дифоъ хоҳам кард."
Субҳи рӯзи 24-уми октябр дар корхонаи коркарди панбаи марбут ба Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода, дар ноҳияи Ваҳдат оташсӯзии бузурге рух додааст. Гурӯҳи оташнишонӣ тавонистааст аз соати се то шаши субҳ оташро дар ин корхона хомӯш кунад, аммо бозрасон мегӯянд, ки дар маҳалли ҳодиса нишонҳое аз ин, ки оташсӯзӣ тарҳрезӣ шудааст, пайдо шуд.
Барои мисол ба гуфтаи бозрасон дар маҳалли ҳодиса шишаҳои бензин пайдо шудааст. Онҳо гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд. Ҳамчунин бозрасон масири ҳаракати афроде, кики эҳтимолан ба ин оташсӯзӣ даст доранд, ошкор кардаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода эълом кард, ки барои ошкор сохтани афроди муттаҳам дар ин ҷиноят ҷоиза хоҳад дод. Вай афзуд: "Барои ман муҳим ин аст, ки муттаҳамони ин қазия шиносоӣ шаванд ва авомили ин амр ошкор шавад."
Хисороти ворида аз ин оташсӯзӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо гуфта мешавад дар дохили ин корхона ҳудуди 600 бастаи 220-килуии панба ба коми оташ рафтааст. Худи оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки бо эҳтимоли зиёд мизони хисорот чандон зиёд нахоҳад буд, зеро, маъмурони оташнишонӣ ва кормандони ин корхона тавонистаанд сареъан ҷулуъи оташро бигиранд. Ҳоло кормандони корхона нахи панбаи сӯхтаро аз бастаҳо ҷудо карда ва онро дубора зери офтоб хушк мекунанд.
Ин корхона марбут ба хонаводаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои маъруфи мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва аз раҳбарони мухолифони пешин будааст. Оқои Тураҷонзода бар ин бовар аст, ки ҳодисаи мазкур алайҳи вай сурат гирифтааст ва "шояд ба хотири фаъолиятҳои мазҳабӣ ва вокунишҳои сиёсиаш" тарҳрезӣ шуда бошад. Вай афзуд: "Агар ин тавр аст, бояд бидонанд, ки агар хонаамро ҳам бисӯзанд, ман аз мазҳаб ва шариъат дифоъ хоҳам кард."
Корхонаи коркарди панба, ки дар замони Шӯравӣ моли давлат буд ва дар як сол то 16 ҳазор тун панбаро коркард мекард, аз соли 2000-ум ба ширкати хусусии марбут ба хонаводаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мубаддал гаштааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин эҳтимолро низ баъйид намедонад, ки оташсӯзӣ дар корхонаи коркарди панба метавонад ба мавзӯъи рақобат дар бозори тиҷорати панба дар Тоҷикистон рабт дошта бошад. вай афзуд: "Ман наметавонам исми касеро дар ин замина баён дошта бошам, вале ахиран нишонаҳои рақобати носолим дар бозори панба ба чашм мерасад."
Ин дар ҳолест, ки то чанд ҳафтаи қабл корхонаи коркарди панбаи ноҳияи Ваҳдат бо мавонеъ дар фаъолияти худ рӯбарӯ шуда буд. Аз ҷумла, мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон аз интиқоли панбаи кишоварзон барои коркард ба ноҳияи Ваҳдат ҷилавгирӣ мекарданд.
Вале ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, "бо иҷрои, ба истилоҳ дурнамои ҷамъоварии панба дар Тоҷикистон, ин мушкил то ҷое аз байн рафт ва ҳоло ба воҳидҳои кишоварзӣ иҷоза шудааст, ки панбаи худро барои коркард ба ин корхона биёранд."
Би-Би-Си