Аввали август шуруи моҳи шарифи Рамазон
Бар асоси иттилоъи шӯрои исломии Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи 25 июл, аввали моҳи Рамазон рӯзи якуми Август хоҳад буд.
Бар асоси гузориши сомонаҳои Тоҷикистон, ин шӯро бо масъулини марбута дар чанд кишвари исломӣ ҳам суҳбат карда ва ҳамоҳангиҳои лозимро дар бораи ин тасмим анҷом додаанд.
Тоҷикистон бар асоси қароргирии ҷуғрофиёие, ки дорад наметавонад аз тариқи пайравӣ ва истинод ба дидани моҳ дар баъзе дигар аз кишварҳо аввали моҳро эълон намояд, аммо метавон бо расад ва баррасиҳои илмӣ ва фанние, ки имрӯза дар дастрас ҳаст ин масъаларо равшан ва барои дақиқ шудани моҳи шарифи Рамазон аз пешрафтҳои мавҷуд инстифода бурд.
Дар кишварҳое ҳамчун Эрон аз моҳи Шаъбон расади моҳ шуруъ мегардад ва намояндагони олимон ва ҳокими ин кишвар дар руъят ва расади моҳ ширкат мекунанд ва баъд аз таъйини он аз тарқи ҳокими кишвар расман ва дар шаби аввали моҳ эълони расмӣ мегардад.
Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳам бар асоси вазифаи худ ин корро анҷом медҳад ва дар солҳои гузашта бо эълони аввали моҳ мардумро роҳнамоӣ кардааст. Умед меравад бо диққати лозим ва анҷоми вазифаи шаръӣ ва инсонии худ мардуми рӯзадорро ба дурустӣ ва бар асоси бовару ақида ва мазҳаб роҳнамоӣ намоянд.
Мо ҳам пешопеш ҳулули моҳи шарифи Рамазонро бар ҳамаи мардуми азизи Тоҷикистон табрик мегӯем.