Мудирияти зиндагӣ

Зиндагиятро мудирият накун ё бигузор мо мудирият кунем!

Зиндагие, ки мудирият надошта бошад; гурӯҳ ва қавме, ки мудирият ва барномаи дуруст надошат бошанд, дигарон барояшон барнома мерезанд, лизо бояд барномаи комил ва таърифшуда дошта бошед, то дар доми барнмаҳои онҳо гирифтор нашавед. Дар мудирияти ғалат ҳарчи бештар ҳаракат кунед, бештар ба нафъи онҳо аст, ин матлабро ҳам истикбор ба хуби медоананд, ва кушиш мекунанд ки шумо бебарнома бошед ва ё барномаи шуморо тавре тарроҳӣ мекунанд, ки дар ниҳоят ба нафъи онҳо тамом мешавад.

Дар тӯли таърих мустакбирон ва золимон ингуна будаанд ва хоҳанд буд, ки дӯст доранд шумо зиндагиятонро мудирият накунед ва асосан як зиндагии бебарнома ва беҳадафе дошта бошед, ки маълум нашавад, кӣ ва чӣ ҳастед! Агар ҳам хостед ва дӯст доштед зиндагиро мудирият кунед, бигузоред мо мудирият кунем; ва тараҳро ва барномаҳоро мо бидиҳем! Ин рафтори ва бовари мустакбирон аст ҳарчанд гоҳе пинҳон ва номаҳсус ва дар либоси зебо ва дилсузона анҷом мешавад.

Асосан истикбори онҳо, ба хотири ин аст, ки мо ва шумо барномае барои зиндагии ҳадафманд надорем, барномаҳои мустакбиронаии онҳоро пазируфтаем, сарвати бедарди миёни онҳо, ба хотири он аст, ки тарҳашонро дар болои мо ва шумо иҷро карданд ва пулдор шуданд, хонаӣ обод ва гармашон, ба хотири он ду тои аввали аст, ки боис шуд хонаи мо ва шумо сарду торик ва роҳамон бенур шавад, аммо онҳо нур ва равшанӣ дошта бошанд.

Золимон ва ситамгарон аз ин ки зиндагии мо бебарнома бошад ва ё барномаи бад дошат бошад, ниҳояти истифодаро мебаранд. Агар мо ҳадаф ва барномаи бад дошта бошем, дар чунин ҳолат шукуфоии истеъдодҳо ва рушд бароямон фароҳам намешавад ва дар торикӣ ба сар мебарем. Агар барномаро аз онҳо бигирем, боз ҳам ба нафъ ва сӯди онҳо кор мекунем, дар воқеъ боз ҳам бебарномаем, дар ин сурат дар майдони онҳо бози мекунем ва ҳар андоза хуб бозӣ кунем золимонро тақвияти бештар мекунем.

Қуръон, ки китоб ва қонуни зиндагии башар аст, инсонҳоро даъват ба зиндагии оқилона ва огоҳона мекунад, борҳо ба ибратгирӣ ва пандомӯзи ташвиқ ва таъкид кардааст, ба ин матлаби муҳим ва асосӣ ҳам ишора кардааст ва борҳо бо таъкид аз башар хостааст, ки аз онҳо ибрат бигиранд, то дучори чунин зулм ва ситаме қарор нагиранд.      Дар достони Ҳазрати Мӯсо (а) ва Фарзандони Исроил омадааст; Мӯсо (а) омада буд ва барномае дошт, ки қавми худро аз зулми золим ва мустакбири замонаш наҷот диҳад..... назди Фиръавн рафт ва гуфт, ман мехоҳам қавми худро аз ин мантақа ва аз кишвари шумо берун бибарам. Мехоҳам ба сарзамини худ баргардам, вале Фиръавн нагузошт. Чаро? То баҳол фикр кардаед?

Ба хотири ин ки он ҳама дороии Фиръавн ва атрофиёнаш аз меҳнат ва заҳмате буд, ки фарзандони Исроил мекашиданд, агар ин бардаҳоро озод мекард, фардои он рӯз дигар бардаҳо ҳам меомаданд ва ҳақхоҳӣ мекарданд. Фиръавн ҳар вақт мехост қудрати худро нишон диҳад ва садоҳоро дар гулӯҳо хафа кунад, яке аз фарзандони Исроилро мекушт, ба ҳадди ифрот крад, ки атрофиёнаш ба ин рафтораш эътироз карданд. Агар барномаи Ҳазрати Мӯсо (а) -ро Фиръавн мепазируфт, фардои он рӯз дигарон ҳам баронамаҳои худро матраҳ мекардад ва барои қавми худ дархостҳое мекарданд.

Бутпарастони Макка, бо раҳбарии Абусуфён ҳам достонашон чунин аст. Онҳо намгузоштанд, ки мардум дини Худоро бипазиранд, балки мехостанд, худ мудирияти зиндагии мардумро дошта бошанд ва бо истикбору зулм бар онҳо намегузоштанд, ки мардум дар сояи дини Худо ва яктопарастӣ рушд кунанд ва истеъдодҳои худро шукуфо кунанд, чаро ки сарват ва дороии Абусуфён ва атрофиёнаш дар ҷаҳолат нигоҳ доштани мардум буд. Онҳо худашон ҳам бовар надоштанд, ки бутпарастӣ боиси рушд ва растагорӣ шавад, аммо бо ин вуҷуд бутпарастиро таблиғ мекарданд, чаро ки аз ин роҳ метавонистанд зиндагии мардум ва хонаводаҳои онҳоро мудирият кунанд, лизо ҳамон кореро карданд, ки Фиръавн кард. Ҳангоме ки зулму ситам беш аз ҳад шуд, гурӯҳе аз мусалмонон фирор карданд ва ба Ҳабаша рафтанд, то аз зулму ситам дар амон бошанд, аммо бутпарастон онҳоро дунбол карданд, то ба Макка баргардонанд.

Дар баҳси ҳиҷрат ба Мадина ҳам ин достон такрор мешавад, мушрикини Макка ҳозир буданд тамоми дороии худро бидиҳанд, то аз ҳиҷрати мусалмонон ба Мадина, ки ҳозир нестанд дар зери барномаҳо ва мудирияти золимонаи онҳо зиндагӣ кунанд, ҷулугирӣ кунанд.

Хонаводаҳоро дар заъф нигоҳ медоранд, то рушд накунанд, ба фикри пешрафт набошанд, истеъдодҳояшон шукуфо нашавад, коре мекунанд, ки танҳо орзуи падару модарон ва барномаи ояндаашон ин бошад, ки шиками фарзандони худро сер кунанд ва як либос барои онҳо таҳия кунанд, дигар тавони онро надоранд, ки истеъдодҳои пинҳонии фарзандони худро шкуфо ва ошкор кунанд.

          Ин барномаҳо дар ҳоли ҳозир ва дар даврони муосир бо шеваҳо ва унвонҳои ҷолибтар, ҷаззобтар ва густардатар анҷом мешавад, ки ба душворӣ метавон нияти палидашонро, ки дар пушти чеҳраҳои хандонашон пинҳон аст, мутаваҷҷеҳ шуд. Гоҳе ба хотири гуфтани чунин сухане дар миёни дӯстони худ ҳам инсонро ба шакку тардид меандозад, ки накунад ба ифротгароӣ мутаҳам шавад. Дар баъзе мавоқеъ онқадар фиребу найрангашон пинҳон аст, ки бо унвонҳои хидмат ва кӯмак ба башар ба суроғат меоянд, аз озодиҳои инсонӣ сухан мегӯянд, озодиҳое ки аз озодӣ фақат унвонашро дорад, аз демокросиҳои бемардум ва мардуми бедемокросӣ, аз эъломияҳои доғи ҳуқуқи башар барои башари беҳуқуқ сухан мегӯянд, ки дигар мунтазир намемони ва худ ба суроғашон меравӣ, чун барнома барои зиндагӣ надори ва зинадгиятро онҳо барнома мерезанд ва мудирият мекунанд.

          Пас танҳо роҳи наҷот аз барномаҳои онҳо доштани баронмаи ҳадафманд аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст