Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
قصروا الأمل و بادروا العمل و خافوا بغتة الأجل
Орзуро кутоҳ ва кам кунед ва ба сӯи амал бишитобед ва аз фаро расидани ногаҳонии аҷал ва марг битарсед!
Ғурарулҳикам, саҳ. 511
Амон аз дасти “фардо гуфтан”-ҳои номаълум ва уфуқҳои нопайдо!
Яке аз офатҳои амал ва кор фардо-фардо гуфтану корро ба оянда вогузор ва имрӯзу фардо кардан аст.
Доштани орзуҳои дуру дароз ва афсонаӣ ва хаёлӣ кори одами ғофил аст. Гоҳе як “ногаҳон” ҳамаи нақшаҳоро нақши бар об мекунад ва ҳамаи бофтаҳоро ришта!
Ҳодиса ё бемории ногаҳонӣ ва марги нобаҳангом, гирифтории пешбининашуда, барҳам хӯрдани робитаҳо, дӯстиҳо, рафоқатҳо ва ... хеле ногаҳонҳои дигар!
Пас наметавон хеле ба фардои наёмада ва номаълум дил хуш кард ва дар олами хаёлу орзу зиндагӣ кард.
Ҳисобҳо бояд равшан, вазифаҳо бояд амалӣ шуда бошад ва худамон низ омода бошем. Омодаи ҳар чизе аз ҷумла “сафари бебозгашт аз дунё ва рафтани ногаҳонӣ” ва “кӯчидани бехабар”!
Саъдиё, дӣ рафту фардо ҳамчунин маълум нест
Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро
Ҳамаи паёмбарони Худо (а) омадаанд то ба унвони баргузидагони огоҳ аз сӯи Худо инсонҳоро бедору ҳушёр ва огоҳ ба ҳақиқатҳои пушти пардаи ояндаҳои ногаҳонӣ, вале ҳатмӣ кунанд. Онҳо инсонҳоро ҳушдор ва башорат доданд!
Пас фурсати имрӯз ва ин лаҳзаро ғанимат бидонем ва қадри якдигарро бидонем ва бо меҳру вафо ва сидқу сафо канори якдигар бимонем!
Синаҳор аз кинаи атрофиён холӣ кунем ва ... то пушаймон нашавем, чун дигар суде надорад! Кибру ғурурро канор гузорему касеро наёзорем!
Дар ин даргаҳ, ки гаҳ-гаҳ куҳ каҳу каҳ куҳ шавад ногаҳ
Машав ғарра ба имрӯзат, ки аз фардо наӣ огаҳ
Чӣ қадар бад аст ҳоли касе, ки марг ногаҳон ӯро бигирад ва ба ӯ ҳатто фурсати хайрухуш бо дигарон надиҳад.
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст
Фурсати умр ҳамин миқдор аст
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст