Ба навиштаи расона «Азия-Плюс»:Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид Антониу Гутерриш бори дигар хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба ғайринизомиён шуд. Ӯ таъкид кард, ки Навори Ғазза ба “гӯристони кӯдакон табдил мешавад”.
 
Ба навиштаи ин расона, Антониу Гутерриш ин суханонро зимни ифтитоҳи расмии лоиҳаи СММ барои ҷамъоварии маблағ барои кӯмак ба Ғазза ва дигар манотиқи Фаластин иброз доштааст.
 
“Тарафҳои муноқиша - инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ - бояд фавран вазифаи асосии худро иҷро кунанд: хотима додан ба ин озмоиши ғайриинсонии дастаҷамъӣ ва ба таври назаррас афзоиш додани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза”, - зикр кардааст Гутерриш дар ин маросим.
 
    “Чӣ бояд кард - равшан аст. Созиши башардӯстона - фавран. Ҳама ҷонибҳо ӯҳдадориҳои худро дар доираи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона риоя мекунанд”, - таъкид кардааст Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид.
 
Гутерриш мушаххасан зикр намудааст, ки ба Ғазза бояд ба таври фаврӣ сӯзишвории зарурӣ барои дастгоҳҳои барқ истеҳсолкунанда интиқол ёбад.
 
Бояд гуфт, ки Исроил аз бими он ки гуруҳи Ҳамос маводи сӯхтро барои истифодаи худ мегирад, то ба ҳол ба ин иҷозат намедиҳад.
 
Бо ин ҳама, Дабири кулли СММ бори дигар изҳор доштааст, ки ӯ ҳамлаи Ҳамос дар рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ва кушта шудани беш аз 1300 исроилиро як амали террористӣ медонад ва маҳкум мекунад.
 
Аммо ин маротиба ҳам суханронии Антониу Гутерриш боиси қаҳру ғазаби намояндаи Исроил шудааст.
 
Элӣ Коэн, вазири умури хориҷаи Исроил, ба суханони Антониу Гутерриш дар бораи “ба қабристони кӯдакон табдил ёфтани Ғазза” чунин посух додааст: “Шарм бар ту бод”.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст