Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густӯрдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.
Борҳо аз Паёмбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон шаби Қадр аст? Вале он бузургвор ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд. Фақат ҳаминро зикр намудаанд, ки «Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед». Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рӯзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорӣ кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд.
Паёмбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) мефармоянд: «Дарҳои осмон дар шаби аввали моҳи мубораки Рамазон кушода мешавад ва то охирин шаби ин моҳ баста намешавад». Рамазон моҳи дуъову ибодат асту баҳори Қуръон. Рӯзадоронро дар ин моҳ хобашон ибодату нафасҳояшон тасбеҳ. Тамоми рӯзҳо ва лаҳза-лаҳзаҳои ин моҳ бофазилату бобаракат аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон гуфтаанд ва он шаби Қадр(Лайлатулқадр) аст.
Худи Расули акрам (с) дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон ҷойгоҳи хоби худро ҷамъ менамуд ва дар масҷид ба эътикоф менишастанд.
Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол ҳеҷ шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад. Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва бобаракатии он шудааст, метавонем чунин ном барем:
  1. Қуръони карим дар ин шаб бар Паёмбари Худо (с) нозил шудааст.
«Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». 
Аммо гӯфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон Худо нозил шудаанд.
  1. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ (зиёда аз 83 сол)баробар аст.  
«Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр».
  1. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷабраил), ки аз малоики муқарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд.
«Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр».
  1. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон.
«Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр».
Ҳамаи рӯзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Дар ин шаб чӣкунем?
Вақте, ки шаби Қадр ин ҳама фазилату баракат дорад, инсони зирак аз ҳар лаҳзаҳои он барои расидан ба мақомҳои олӣ, пешрафтҳои муҳим ва бахшишу савоби илоҳӣ истифода ва талаб мекунад.
Барои шаби Қадр(Лайлатулқадр), ки шаби муайяншавии тақдир аст, аъмоли фаровоне зикр шудааст, ки ҳар кадом фазилат ва ҳосили зиёде доранд:
  1. Ғусл.
Мустаҳаб аст, ки пас аз ғуруби офтоб ғусл намоӣ.
  1. Хондани намоз.
Намози шаби Қадри Рамазон низ мисли намозҳои нафл хонда мешавад.
Метавонед, ки ду ракъат ва ё чаҳор ракъат ният карда намоз гузоред, вале сураи хоссе дар ин намоз таъйин нашудааст, ҳар сураеро, ки хонед, дуруст мешавад. Яъне пас аз сураи “Фотиҳа” метавонед сураи “Ихлос” ва сураи “Қадр”-ро бихонед.
  1. Шабзиндадорӣ
Паёмбар (с) фармуд: «Ҳар кас аз рӯи имон ва барои расидан ба савоби Илоҳӣ шаби Қадрро ба ибодат бигзоранд, гуноҳони гузаштааш омӯрзида мешаванд».
  1. Тавбаву истиғфор.
Аз сидқи дил аз гуноҳҳои худ пушаймонӣ кунем ва аз Худо омӯрзиш биталабем, ки Ӯ бисёр тавбапазир аст:
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикасти боз ой.
 Дӯстони азиз! бетаваҷҷӯҳӣ ва саҳлангорӣ накунем, ки хасорат ва зарарро худамон мекунем. Ин Худованде, ки ин ҳама гуноҳ мекунем, боз мегӯяд агар биёӣ, ман мепазирам ва аз гуноҳу лағзишат мегузарам монандаш пайдо намешавад.
  1. Тафаккуру андеша кардан. (Яъне ман, ки ҳастам, аз куҷо омадам, ба куҷо меравам, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) аз ман чӣ мехоҳад ва ғайраҳо.)
  2. 6. Тиловати Қуръон.
То метавонем ва ҳар андоза аз тавонамон бармеояд Қуръон бихонем, ки дилҳоро равшанӣ мебахшад.
Агар дилдодаи аҳли вафоӣ,
Агар аҳли сафои Мустафоӣ.
Биё то рӯзу шаб Қуръон бихонем,
Ки дил гирад зи нураш рӯшноӣ.
  1. Дуъо.
Инчунин дуоҳои хоссе дар ин шаб ривоят шудааст:“Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул-афва, фаъфу аннӣ” – Худовандо, ту бахшанда ва бокарам ҳастӣ, афву бахшишро дӯст медорӣ, пас маро бубахш”(саҳеҳи Термизӣ).
 Барои падару модар ва барои ҳамаи мӯъминон дуъо кунем. Дуъо мағзи ибодат аст ва Худованд фақат ба хотири дуъо ва хостанамон ба мо назар мекунад. Ӯ худ фармудааст:
«Маро бо хостан ва дуъо бихонед, ман дуъои шуморо иҷобат мекунам».
Эй Худои поку беанбозу ёр,
Даст гиру узри моро во гузор.
Ёд деҳ моро суханҳои дақиқ,
То ба раҳм орад туро он, эй шафиқ.
Ҳам дуъо аз ту, иҷобат ҳам зи ту,
Эминӣ аз ту, муҳаббат ҳам зи ту.
Овардаанд, ки ҳазрати Фотима (рз) аҳли хонаи худро пешакӣ барои шаби Қадр омода мекарданд ва шаби Қадр ҳамаро бедор нигаҳ медоштанд ва ба онҳо каме ғизо медоданд, то хобашон набарад. Он ҳазрат фармудаанд: «Маҳрум ва бечора касе аст, ки аз хайри ин шаб маҳрум бимонад».
Аз Худованди бахшанда мехоҳем, то моро аз ҷумлаи рӯзадорони воқеъӣ бигардонад ва тавфиқи шабзиндадориву ибодату дуъоро дар шаби Қадр насибу рӯзии мо кунад.
Худоё чунон кун, ки поёни кор,
Ту хушнуд бошиву мо растагор.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст