Нахустин меваи пайванди мубораки ҳазрати имом Алӣ (кр) ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) духтари гиромии Расули Худо(с), имом Ҳасан(рз) дар 15 моҳи мубораки Рамазон соли севуми ҳ.қ. дар шаҳри Мадинаи Мунаввара дида ба ҷаҳон гушуд. Машҳӯртарин куняи вай Абӯмуҳаммад ва лақабҳояш Муҷтабо ва Сибти акбар аст.
Ҳангоме ки баъд аз таваллуд ӯро ба назди Паёмбари Акрам(с) оварданд, ҳазрат дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш иқома гуфтанд ва ба илҳомоти ғайбӣ номи ӯро Ҳасан гузоштанд, ки дар он рӯз дар миёни араб маъруф набуд.
Имом Ҳасан(рз) аз ҳамаи ҷиҳат ҳасан аст ва гӯӣ ҳусну ҷамол ва камол дар ӯ комил шудааст, зеро ҷадде чун Расули Худо(с) ва афзали анбиё, ҷаддае чун Хадичаи Кубро(рз), падаре чун Алии Муртазо(кр) афзали авсиё, модаре чун Фотимаи Заҳро(рз) сарвари занони ду олам ва аҳли биҳишт, бародаре чун имом Ҳусайн (рз) мисбоҳи ҳидоят ва сафинаи наҷот, хоҳаре чун Зайнаби Кубро дорад.
Вай аз тарафи Расули Худо(с) ба унвони сарвари ҷавонони биҳишт, имоми воҷибулитоат (чӣ дар ҳоли қиём ва чӣ дар ҳоли нишастан) ва касе, ки дӯст доштан ва ризояташ сабаби дӯст доштан ва ризояти Паёмбар(с) аст, муаррифӣ шудааст.
Паёмбари Акрам(с) мефармояд:
الحَسَن و الحُسَین إبنایَ مَن أحَبَّهُما أحَبَّنِی وَ مَن أحَبَنِّی أحَبّهُ الله و مَن أحَبَّهُ الله أدخَلَه الجَنَه و مَن أبغَضَهُما ابغَضَنِی و مَن اَبغَضَنِی أبغَضَهُ اللهُ و مَن أبغَضَهُ اللهُُ أدخَلَه ُ النار
Ҳасан ва Ҳусайн писарони ман ҳастанд, ҳар кас онҳоро дӯст бидорад, маро дӯст дошта аст ва ҳар кас, ки маро дӯст бидорад, Худо ӯро дӯст медорад ва ҳар касеро, ки Худо дӯст бидорад, ӯро дохили биҳишт мекунад ва агар ҳар кас онҳоро душман бидорад маро душман доштааст ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ӯро душман медорад ва ҳар касро, ки Худо душман бидорад, ӯро дохили дӯзах мекунад.(Мустадраки Ҳоким,боби маноқиби Ҳасан ва Ҳусейн(рз))
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وآله وَسَلَّمَ: أنَّ فاطمةَ سيِّدةُ نساءِ أَهْلِ الجنَّةِ وأنَّ الحسَنَ والحُسَيْنَ سيِّدا شبابِ أَهْلِ الجنَّةِ
  Расули Худо(с) мефармоянд: Фотимаи Заҳро(рз) сарвари занони аҳли биҳишт ҳастанд ва Ҳасан ва Ҳусайн сарварони ҷавонони аҳли биҳиштанд .(Сунани Тирмизӣ, с .3781)
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وآله وَسَلَّمَ: إن ‏الحسن ‏ ‏والحسين ‏ ‏هما ريحانتاي من الدنيا
 Ҳасан ва Ҳусайн ду райҳонаи ман аз дунё ҳастанд. (Саҳеҳи Бухорӣ боби фазоили Ҳасан ва Ҳусейн)
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وآله وَسَلَّمَ: الحسن والحسين سيّدا شباب أهل الجنّة، وأبوهما خيرٌ منهما
  Расули Худо(с) мефармоянд:«Ҳасан ва Ҳусайн сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд ва падарашон ҳазрати Алӣ(рз) аз онҳо бартар аст .(Сунани Ибни Моҷа,ҷ.1,с134)
Ҳамчунин аз касонест, ки ояти Татҳир, Мубоҳила, Вилоят, ҳадиси Кисо, ҳадиси Сақалайн, итрати Паёмбар(с), ва... дар ҳаққашон нозил шудааст ва ё Паёмбар(с) баён фармуда аст.
Фазоили ҳазрат чунон зиёд аст, ки дар инҷо фурсати овардани он нест.
Ин имоми ҳумом ҳангоми реҳлати Паёмбар(с) фақат 7 сол дошт.
Муддати 30 соли умри худро дар канори падар гузаронд. Дар ин даврон дар канори падар ва ёру ёвари ӯ буд. (Махсусан дар даврони хилофати падараш, ки нооромиҳо ва ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон пеш омад имом Ҳасан(рз), ки фарзанди диловар буд парчамдор ва қаҳрамоне дар канори падар буд.
Пас аз шаҳодати падараш Алӣ(к) он ҳазрат бар болои минбар рафт ва хутбае хонд ва дар он аз масъалаи интиқоли хилофат ва имомат аз падараш ба худаш сухан гуфт ва коргузорони хешро барои идораи умури хилофат муаррифӣ кард. Хилофати имом Ҳасан(рз) 6 моҳ буд. Ҳарчанд дар ин муддат Муовия ибни Абисӯфёни боғӣ коршиканӣ ва бо ҳазрат ҷангид, то сулҳи таҳмилӣ бар ҳазрат пеш омад.
Ва саранҷом имом Ҳасан(рз) дар соли 50 ҳ.қ. дар сини 47 солагӣ аз тарафи ҳамсараш, ки фиреби ваъдаи мунофиқонро хӯрда буд, заҳр хӯронда шуд ва ба шаҳодат расид.
Ҷасади ӯро тибқи васияташ мехостанд ба даври қабри ҷаддаш Расули Худо(с) тавоф диҳанд, аммо иддае пеши ин корро гирифтанду нагузоштанд. Имом Ҳасан(рз) бо пешбинии ин кор ба бародараш имом Ҳусайн(рз) васитят намуда буд, ки мабодо дар ҳангоми дафни ман даргирӣ рӯх диҳад. Он ҳазрат дар канори модарбузургаш Фотима бинти Асад дар қабристони Бақеъ ба хок супорида шуд.
Дуруду раҳмату саломи Худо бар Имом Ҳасан(рз) бод, ки дар ривояте мефармоянд:
صاحِبِ النّاسَ مِثلَ ما تُحِبُّ أن يُصاحِبوكَ بِهِ
Бо мардум чунон рафтор кунед, ки мехоҳӣ бо ту он гӯна рафтор кунанд. (Эълом-ул-варо,саҳ.297)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст