Бисёре аз инсонҳо баъд аз рамазони порсол нороҳат буданд. Онҳо аз ин нороҳат буданд, ки рамазон гузашт ва мо он гӯна, ки шояд ва бояд аз рамазон баҳраи хубро набӯрдем.
Мегӯфтанд: Мо дар рамазон бештар аз ин метавонистем ибодат, тиловати Қуръон, дуо ва розу ниёз бо Худо, кӯмак ба ниёзмандону дастгирӣ аз ятимон ва корҳои хайр кунем вале кам корӣ ва сустӣ кардем ва бештар ҳам метавонистем баҷой оварем.
Агар воқеан ин гуна эҳсос мекардӣ, ба ту мужда медиҳам, ки боз ҳам рамазон омаде ва ҳамон фӯрсати истиснои ва камёб боз ҳам такрор шуд.
Аммо мабодо, ки ин рамазонро ҳамчун рамазони гӯзашта сипарӣ намоӣ ва боз ҳам баъд аз рамазон аз кам корӣ ва сустии худ нороҳат ва пушаймон шавӣ.
Аз ҳамин ҳозир бо ҳимати баланд тасмим бигир, ки ин рамазон беҳтарин рамазони умри ту бошад.
Парвардигоро! Ба мо тавфиқи ибодати холисона, корҳои хайр ва ахлоқи содиқонае насиб бифармо ва корҳои хайру ибодотамонро ба даргоҳат бипазир!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст