Аз мо ризову норизо, як соли умри мо гузашт.
 Ҳам бо баҳо ё бе баҳо, як соли умри мо гузашт.
 
 Гармиву сардияш чӣ шуд, андӯҳу шодияш чӣ буд?
 Шуд ину онаш ҳам фано, як соли умри мо гузашт.
 
 Ранҷондаву ранҷидаем, ҳам хубу бадро дидаем.
 Ранҷидаҳо, ранҷондаҳо, як соли умри мо гузашт.
 
 Бас тоқҳо, ки ҷуфт шуд, бас ҷуфтҳо, ки тоқ шуд.
 Ҳам бо вафо ё бе вафо, як соли умри мо гузашт.
 
 Дар ҷодаҳои зиндагӣ, шармандагӣ ё бандагӣ,
 Бо ошно бе ошно, як соли умри мо гузашт.
 
 Бояд сипоси Ҳақ намуд, парҳез аз зулмат намуд
Гаҳ бо хато ё бе хато, як соли умри мо гузашт.
 
Аз рӯз бояд сол кард, аз сол ҳам иқбол кард.
Умри шуморо бас бақо, як соли умри мо гузашт.
 
Дорам умеди бекарон аз ин Худои меҳрубон,
Бахшад гуноҳу ҷурми мо, як соли умри мо гузашт!
 
Як соли мо гузашт ва мо ҳам аз лағзишҳои ҳамдигар бигзарем!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст