Хутбаи шаъбония Расули Худо(с)  
Расули Худо(с)дар рӯзҳои охири шаъбон пеш аз вуруди моҳи мубораки рамазон, ҷойгоҳ ва азамати ин моҳро барои асҳоби хеш баён мекард, то саҳобаи бузургвор бо шинохти комил ба истиқболи он бираванд.

بسم الله الرحمن الرحیم
خطبة النبي الأكرم (ص) في استقبال شهر رمضان المبارك
عن أمير المؤمنين عليه السّلام قال: إن رسول اللّٰه صلّى اللّه عليه و آله خطبنا ذات یَومٍ فَقالَ :
أَيُّهَا النَّاسُ ! إِنَّهُ قَدْ أَقْبَلَ إِلَيْكُمْ شَهْرُ اللهِ بِالْبَرَكَةِ وَالرَّحْمَةِ وَالْمَغْفِرَةِ . شَهْرٌ هُوَ عِنْدَ اللهِ أَفْضَلُ الشُّهُورِ، وَأَيَّامُهُ أَفْضَلُ الأَيَّامِ، وَلَيَالِيهِ أَفْضَلُ اللَّيَالِي، وَسَاعَاتُهُ أَفْضَلُ السَّاعَاتِ . هُوَ شَهْرٌ دُعِيتُمْ فِيهِ إِلَى ضِيَافَةِ اللهِ، وَجُعِلْتُمْ فِيهِ مِنْ أَهْلِ كَرَامَةِ اللَّهِ . أَنْفَاسُكُمْ فِيهِ تَسْبِيحٌ، وَنَوْمُكُمْ فِيهِ عِبَادَةٌ، وَعَمَلُكُمْ فِيهِ مَقْبُولٌ، وَدُعَاؤُكُمْ فِيهِ مُسْتَجَابٌ، فَاسْأَلُوا اللَّهَ رَبَّكُمْ بِنِيَّاتٍ صَادِقَةٍ، وَقُلُوبٍ طَاهِرَةٍ، أَنْ يُوَفِّقَكُمْ لِصِيَامِهِ، وَتِلاوَةِ كِتَابِهِ، فَإِنَّ الشَّقِيَّ مَنْ حُرِمَ غُفْرَانَ اللَّهِ فِي هَذَا الشَّهْرِ الْعَظِيمِ . وَاذْكُرُوا بِجُوعِكُمْ وَعَطَشِكُمْ فِيهِ، جُوعَ يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَعَطَشَهُ . وَتَصَدَّقُوا عَلَى فُقَرَائِكُمْ وَمَسَاكِينِكُمْ، وَوَقِّرُوا كِبَارَكُمْ، وَارْحَمُوا صِغَارَكُمْ، وَصِلُوا أَرْحَامَكُمْ، وَاحْفَظُوا أَلْسِنَتَكُمْ، وَغُضُّوا عَمَّا لا يَحِلُّ النَّظَرُ إِلَيْهِ أَبْصَارَكُمْ، وَعَمَّا لا يَحِلُّ الاسْتِمَاعُ إِلَيْهِ أَسْمَاعَكُمْ . وَتَحَنَّنُوا عَلَى أَيْتَامِ النَّاسِ يُتَحَنَّنْ عَلَى أَيْتَامِكُمْ، وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ مِنْ ذُنُوبِكُمْ، وَارْفَعُوا إِلَيْهِ أَيْدِيَكُمْ بِالدُّعَاءِ فِي أَوْقَاتِ صَلاتِكُمْ، فَإِنَّهَا أَفْضَلُ السَّاعَاتِ، يَنْظُرُ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ فِيهَا بِالرَّحْمَةِ إِلَى عِبَادِهِ، يُجِيبُهُمْ إِذَا نَاجَوْهُ، وَيُلَبِّيهِمْ إِذَا نَادَوْهُ، وَيُعْطِيهِمْ إِذَا سَأَلُوهُ، وَيَسْتَجِيبُ لَهُمْ إِذَا دَعَوْهُ . أَيُّهَا النَّاسُ ! إِنَّ أَنْفُسَكُمْ مَرْهُونَةٌ بِأَعْمَالِكُمْ، فَفُكُّوهَا بِاسْتِغْفَارِكُمْ، وَظُهُورَكُمْ ثَقِيلَةٌ مِنْ أَوْزَارِكُمْ، فَخَفِّفُوا عَنْهَا بِطُولِ سُجُودِكُمْ . وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ أَقْسَمَ بِعِزَّتِهِ أَنْ لا يُعَذِّبَ الْمُصَلِّينَ وَالسَّاجِدِينَ، وَأَنْ لا يُرَوِّعَهُمْ بِالنَّارِ يَوْمَ يَقُومُ النَّاسُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ . أَيُّهَا النَّاسُ ! مَنْ فَطَّرَ مِنْكُمْ صَائِماً مُؤْمِناً فِي هَذَا الشَّهْرِ، كَانَ لَهُ بِذَلِكَ عِنْدَ اللَّهِ عِتْقُ نَسَمَةٍ، وَمَغْفِرَةٌ لِمَا مَضَى مِنْ ذُنُوبِهِ . قِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ ! فَلَيْسَ كُلُّنَا يَقْدِرُ عَلَى ذَلِكَ، فَقَالَ - صلى الله عليه وآله - : اتَّقُوا النَّارَ وَلَوْ بِشِقِّ تَمْرَةٍ، اتَّقُوا النَّارَ وَلَوْ بِشَرْبَةٍ مِنْ مَاءٍ . أَيُّهَا النَّاسُ ! مَنْ حَسَّنَ مِنْكُمْ فِي هَذَا الشَّهْرِ خُلُقَهُ، كَانَ لَهُ جَوَازاً عَلَى الصِّرَاطِ يَوْمَ تَزِلُّ فِيهِ الأَقْدَامُ، وَمَنْ خَفَّفَ فِي هَذَا الشَّهْرِ عَمَّا مَلَكَتْ يَمِينُهُ، خَفَّفَ اللَّهُ عَلَيْهِ حِسَابَهُ، وَمَنْ كَفَّ فِيهِ شَرَّهُ، كَفَّ اللَّهُ عَنْهُ غَضَبَهُ يَوْمَ يَلْقَاهُ، وَمَنْ أَكْرَمَ فِيهِ يَتِيماً، أَكْرَمَهُ اللَّهُ يَوْمَ يَلْقَاهُ، وَمَنْ وَصَلَ فِيهِ رَحِمَهُ وَصَلَهُ اللَّهُ بِرَحْمَتِهِ يَوْمَ يَلْقَاهُ، وَمَنْ قَطَعَ فِيهِ رَحِمَهُ قَطَعَ اللَّهُ عَنْهُ رَحْمَتَهُ يَوْمَ يَلْقَاهُ، وَمَنْ تَطَوَّعَ فِيهِ بِصَلاةٍ كَتَبَ اللَّهُ لَهُ بَرَاءَةً مِنَ النَّارِ، وَمَنْ أَدَّى فِيهِ فَرْضاً كَانَ لَهُ ثَوَابُ مَنْ أَدَّى سَبْعِينَ فَرِيضَةً فِيمَا سِوَاهُ مِنَ الشُّهُورِ، وَمَنْ أَكْثَرَ فِيهِ مِنَ الصَّلاةِ عَلَيَّ، ثَقَّلَ اللَّهُ مِيزَانَهُ يَوْمَ تَخِفُّ الْمَوَازِينُ، وَمَنْ تَلا فِيهِ آيَةً مِنَ الْقُرْآنِ، كَانَ لَهُ مِثْلُ أَجْرِ مَنْ خَتَمَ الْقُرْآنَ فِي غَيْرِهِ مِنَ الشُّهُورِ . أَيُّهَا النَّاسُ ! إِنَّ أَبْوَابَ الْجِنَانِ فِي هَذَا الشَّهْرِ مُفَتَّحَةٌ، فَاسْأَلُوا رَبَّكُمْ أَنْ لا يُغَلِّقَهَا عَنْكُمْ، وَأَبْوَابَ النِّيرَانِ مُغَلَّقَةٌ، فَاسْأَلُوا رَبَّكُمْ أَنْ لا يُفَتِّحَهَا عَلَيْكُمْ، وَالشَّيَاطِينَ مَغْلُولَةٌ، فَاسْأَلُوا رَبَّكُمْ أَنْ لا يُسَلِّطَهَا عَلَيْكُمْ .
قَالَ أَمِيرُ الْمُؤْمِنِينَ [عليُّ بن أبي طالب] عليه السلام: فَقُمْتُ فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ ! مَا أَفْضَلُ الأَعْمَالِ فِي هَذَا الشَّهْرِ؟
فَقَالَ: يَا أَبَا الْحَسَنِ! أَفْضَلُ الأَعْمَالِ فِي هَذَا الشَّهْرِ: الْوَرَعُ عَنْ مَحَارِمِ اللَّهِ.(الكافي کتاب الصیام باب فضل شهر رمضان)
Аз ҳазрати Алӣ(кр)ривоят шудааст, ки гуфт: Расули Худо(с) рӯзе дар охири моҳи шаъбон барои мо хутба хонд ва фармуд: Эй мардум, ҳамоно моҳи илоҳӣ  бо баракату раҳмат ва мағфират бар шумо рӯй овардааст. Моҳе, ки назди Худо аз беҳтарин моҳҳо,  рӯзҳои он аз беҳтарин рӯзҳо ва шабҳои он аз беҳтарини шабҳо ва соатҳои он аз беҳтарини соатҳо аст. Моҳе ки шумо дар он ба меҳмонии Худо даъват шудаед... нафасҳои шумо дар он тасбеҳ ва хоби шумо дар он ибодат ва амали шумо дар он қабулшуда ва дуоҳои шумо дар он мустаҷоб аст. Пас бо ниятҳои ростин ва дилҳои пок аз Парвардигоратон бихоҳед, ки шуморо ба рӯзадорӣ ва тиловати китобаш муваффақ гардонад. Ба ростӣ бадбахт касе аст, ки дар ин моҳи бузург аз омӯрзиши Худо бенасиб бимонад. Бо гуруснагӣ ва ташнагии худ дар ин моҳ гуруснагӣ ва ташнагии рӯзи қиёматро ба ёд оред, ба фақирон инфоқ кунед ва садақа диҳед, бузургонатонро эҳтиром ва бо хурдсолонатон меҳрубон бошед, бо хешовандонатон рафтуомад дошта бошед, забонҳоятонро нигоҳ дошта ва чашмонатонро аз чизҳое, ки нигоҳ кардан ба онҳо ҳалол нест бипӯшонед ва гӯшҳоятонро аз садоҳо ва суханоне, ки ҳалол нест нигаҳ доред, бо ятимони мардум меҳру муҳаббат кунед, ҳамонгӯна ки мехоҳед баъд аз шумо бар ятимонатон муҳаббат кунанд ва дар вақти намозҳо дастҳоятонро барои дуо ба сӯи ӯ баланд кунед, чунки он замон беҳтарин вақтҳост.
Эй мардум! ...пушти шумо аз гуноҳонатон сангинбор аст, пас бо саҷдаҳои тӯлонӣ онро сабук кунед ва бидонед, Худои Таоло қасам ёд кардааст, ки намозгузорон ва саҷдакунандагонро азоб накунад ва дар рӯзи қиёмат, ки ҳамаи мардум меистанд, оташро ба онон начашонад. Эй мардум! Ҳар кас аз шумо дар ин моҳ мӯъмини рӯзадореро ифтор диҳад, барои ин амал савоби озод кардани як ғулом хоҳад дошт ва ҳамчунин гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад. Дар ин ҳангом гуфта шуд: Эй Расули Худо! Ҳамаи мо тавонои додани ифторро надорад. (Пас мо чӣ кор кунем?). Расули Худо(с) фармуд: Аз оташи ҷаҳаннам парҳез кунед, агарчи бо додани як донаи хурмо ва ё ҷуръаи об бошад.
Эй мардум, ҳар кас аз шумо дар ин моҳ ахлоқашро некӯ гардонад, дар рӯзе ки қадамҳо ларзон аст, иҷозаи гузаштан аз сиротро дорад. Касе, ки дар ин моҳ кори зердастонро сабук кунад, Худо ҳисоби ӯро сабук ва осон мекунад ва касе, ки ба дигарон озор нарасонад, Худо дар рӯзи мулоқот бар ӯ ғазаб намекунад ва касе, ки фаризаеро адо намояд, ҳафтод баробар савоби фариза дар ғайри моҳи Рамазонро насиби худ кардааст ва касе, ки дар ин моҳ салому салавот бар ман зиёд бифиристад, Худо дар рӯзе, ки тарозуи амали мардум сабук аст, каффаи аъмоли некашро сангин мекунад ва ҳар кас дар ин моҳ як ояти Қуръон бихонад, аҷр ва савобаш монанди касе аст, ки дар моҳҳои дигар ҳамаи Қуръонро тиловат карда бошад.
Эй мардум, ба ростӣ дарҳои биҳишт дар ин моҳ бар рӯи шумо кушода шудааст, пас аз Парвардигоратон бихоҳед, ки онро ба рӯи шумо набандад ва дарҳои ҷаҳаннам баста шудааст, пас аз Парвардигоратон дархост кунед, ки онҳоро бар рӯи шумо накушояд. Шайтонҳо дар ғулу занҷир баста ва гирифторанд, пас аз Худоятон бихоҳед, ки онҳоро бар шумо мусаллат нагардонад. Амир-ул-мӯъминин Алӣ(к) мефармояд: Аз ҷоям хестам ва гуфтам: Эй Расули Худо(с)! Беҳтарин амал дар ин моҳ чист? Паёмбар(с) фармуд:  Эй Абулҳасан! Беҳтарин амал дар ин моҳ парҳез аз ҳаромҳои илоҳӣ аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст