Мухтасар аз зиндагии Имом Ризо(а)

Тарихи вилодат

Имом Ризо (а) аз насли поки Пайғамбар (с) ва ҳаштумин ҷонишини Пайғамбар (с) аст. Бинобар назари машҳури муварихон Имом Ризо (а) дар 11 зилқаъда соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадинаи мунаввара тавалуд шуд.

Ном ва лақаб

Номи муборакашон “ Алӣ” , куня он ҳазрат, “Абулҳасан” ва дорои лақабҳое аз ҷумла: Ризо, Собир, Фозил, Қурратулъайни муъминин, (нури чашми муъминон) ва... ҳастанд, аммо машҳуртарин лақаби он ҳазрат “Ризо” ба маънои “хушнудӣ” аст.

Падар ва модар

Падари бузургвори Имом Ризо (а), Имоми Козим (а) ҳафтумин ҷонишини Пайғамба (с) ва набераи Пайғамбар (с) буд, ки дар соли 183 ҳ.қ. ба дасти Ҳоруни Аббосӣ ба шаҳодат расид.

Ва модари гиромии Имом Ризо (а) Наҷме ном дошт. Албатта номҳои дигаре ҳам барои модари гиромиашон зикр кардаанд.

Даврони кудаки ва ҷавонӣ

Ҳазрати Ризо (а) дарвони кудаки ва ҷавониро то соли 201 ҳ.қ дар Мадинаи таййба, ки макони ваҳӣ буд дар назди падари бузургвораш гузаронид ва мустақиман дар таълим ва тарбияти Имоми ҳафтум (а) қарор гирифт ва улум ва маориф ва ахлоқ ва тарбиятро, ки Имом Кози (а) аз падараш ба ирс бурда буд, ба Ӯ омӯхт.

Издивоҷ

Имом Ризо (а) чандто каниз дошт аз ҷумла канизони он ҳазрат Сабика ном модари Имоми Ҷавод (а) аст. Вай ки ба ӯ Сабика ё Дурре мегуфтанд, ҳазрати Ризо (а) ӯро Хизрон ном гузошт ва ин бону аз аҳолии Нубе (минтақае дар Африқо) аст. Ва ҳамсари доими Имом Ризо (а) Умми Ҳабибе буд.

Фарзандон

Дар теъдод ва номҳои фарзандони Имом Ризо (а) нақлҳои мухталиф вуҷуд дорад. Гуруҳе онҳоро 5 писар ва 1 духтар ба ноҳои Қонеъ, Ҳасан, Ҷаъфар, Иброҳим, Ҳусейн, ва Оиша зикр карданд. Ҳамчунин дар нақли Шайхи садуқ дар силсила санад ривояте аз Фаотима ба унвони яке аз духтарони он ҳазрат ном бурдааст. Аммо Шайхи Муфид дар ин ақида аст, ки Имом Ризо (а)

Фарзанде ҷуз Имоми Ҷавод (а) надоштанд, Ибни Шаҳрошуб ва Табарсӣ ҳам бар ҳамин этиқоданд.

 

Имомат

 Имомат ва висояти Имом Ризо (а) борҳо ба воситаи Пайғамбар (с) ва падари бузургвор ва аҷдоди тоҳирашон элон шуда буд, алалхусус Имоми Козим (а) борҳо дар ҳузури мардум Эшонро ба унвони васӣ ва имоми баъд аз худаш муаррифӣ карда буд, ки ба як намуна аз он ишора мешавад:

Аз Муҳаммад ибни Исмоил ибни Фазили Ҳошимӣ  чунин ривоят шудааст, ки гуфт: Назди Имоми Козим (а) рафтам дар ҳоле, ки эшон ба шиддат мариз буднд, ба ҳазрат арз кардам: агар Худо накарда ба шумо иттифоқе биуфтад(вафот кунед) ва Худованд он рӯзро наоварад, ба чӣ касе руҷуъ кунем ( имоми баъди шумо кист?) фармуданд: “ ба фарзандам Алӣ, навиштаи ӯ, навиштаи ман аст, ва ӯ васӣ ва ҷонишини ман баъд аз маргам хоҳад буд”.

Имом Ризо (а) дар Мадина, пас аз шаҳодати падар, имомат бар мардумро бар уҳда гирифт ва ба расидагии умур пардохт, шогирдони падарро ба даври худ ҷамъ кард ва ба тадрис ва такмили ҳавзаии илмияи ҷаддаш Имоми Содиқ (а) машғул шуд ва дар ин росто гомҳои бузург ва устувор бардошт.

Пас аз шаҳодати Имоми Козим (а) ки дар соли 183 ҳ.қ  рух дод, оғози имомати ҳазрати Ризо (а) шуруъ шуд, ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ҳорун (панҷумин халифаи Аббосӣ) дар соли 193 аз дунё рафт 10 сол аз имомати ҳазрат Ризо (а) муосири замони Ҳорун буд.

Муддати имомати он ҳазрат, ҳудуди 20 сол тул кашид, ки 17 сол он дар Мадина ва 3 соли охири он дар хуросон гузашт.

Шаҳодат

Имом Ризо (а) пас аз 7 сол сукут дар Мадина ва таблиғи дин ва иршоди мардум, бо нақша ва ҳиллаи Маъмуни Аббосӣ, роҳи Хуросонро дар пеш гирифт. Он ҳазрат пас аз қабули иҷбории ҷонишини Маъмун, ба муддати 3 сол дар 55 солагӣ ба дасти Маъмун халифаи Аббосӣ ба шаҳодат расид.

Дар мушахас будани соли шаҳодати Имом нақлҳои мухталиф ба сабт расидааст. Гуруҳе сол 202 ҳ.қ ро соли шаҳодати он ҳазрат медонанд ва гуруҳе сол 203 ҳ.қ  ки машҳур ҳамин аст.

Дар мушахас будани рӯзи шаҳодати он ҳазрат ҳам итифоқи назар нест, монанд дар рӯзи ҷумъа аз моҳи рамазон, 17 моҳи сафар, охари моҳи сафар. Дар миёни ин нақлҳо, назари охар, машҳуртар аст. Бинобарин машҳуртарин ва қавитарин назар дар тарихи шоҳодати он ҳазрат рӯзи ҷумъа охарин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳ.қ аст.

Фазоил

Имом Ризо (а) ҳамонанди дигар Имомони Маъсум (а) дорои тамоми камолот ва фазоили ахлоқии инсонӣ дар мартабаи оли аст. Ӯ ончунон дар қуллаи шукуҳмандии камол ва фазилатҳо қарор дорад, ки натанҳо дустон ва пайравонаш Ӯро сутудаанд, балки душманони кинатузаш ва сарсахт ҳам ба мадҳи ва шитоиши ӯ пардохтаанд. Дар бораи ӯ сафои ахлоқии он ҳазрат “Иброҳим ибни Аббос” мегуяд: “ ҳаргиз надидам, ки Имом Ризо (а) ба касе як калима ҷафо кунад ва надидаам, ки сухани шахсеро қатъ кунад ва надидаам, ки ниёзмандеро аз худ биронад. Ва ӯ ҳаргиз дар ҳузури афрод тақя намедод ва ҳаргиз Ӯро надидаам, ки бо садои буланд бихандад, балки хандааш табасум буд ва лабханд, вақте, ки канори суфра менишаст ҳамаи хизматкорон ва ғуломонро канори суфра менишонд”.

Хулафои ҳам аср

Имом Ризи (а) дар даврони имомати худ бо се тан аз ҳокимон ва хулафои Аббосӣ рӯбарӯ ва муосир буд: Ҳорунрашид, Амин ва Маъмун.

Манбаъ: http://www.islamquest.net/fa/archive/question/fa16906

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст