Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон гӯфт:
Инқилоби Исломии Эрон натиҷаи иҷобати даъвати беъсати Паёмбари Аъзам(с)  аст
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, қабули даъват ва беъсати Расули Худо(с)ро сабаби рӯшд ва саодати дунявӣ ва ухравӣ дониста ва дар бораи ҳодисаи талхи Ғазза ва Фаластин бо идомаи ҷиноятҳои режими хуношоми саҳюнистии Исроил гӯфт: Мусибати Ғазза, мусибати башарият аст ва нишон медиҳад, ки назми ҳозираи ҷаҳонӣ комилан ботил ва ғайри қобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.
 
Субҳи имрӯз (8 феврали 2024), Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати солрӯзи беъсати бобаракати Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с), дар дидори масъулон ва коргузорони давлат ва низоми исломӣ, сафирон ва намояндагони кишварҳо ва ҷамъе аз мардум суханронӣ кард, ки гӯзориши он тақдими шумо мешавад.
 
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар ин дидор бо табрик намудани иди мабъас ба миллати Эрон ва ҳамаи мусулмонон, беъсатро муборактарин ва бузургтарин ҳодисаи таърихи башарият хонданд ва гӯфтанд: Бо беъсати Паёмбари Аъзам(с), нусхаи комил ва роҳнамои ниҳоӣ ва ҳамешагии саодати дунявӣ ва охиратии башар пешкаш шуд.
 
Раҳбари муаззами Инқилоб зуҳӯр ва сар баровардани беъсат дар муҳити зулмонӣ ва саросар каҷӣ ва инҳирофи ҷоҳилият ва ошкор шудани нишонаҳои инҳироф ва суқут дар ҳамаи тамаддунҳои бузурги он рӯзи ҷаҳонро ҳодисаи хориқулода баршумӯрда ва афзуд: Барномаи беъсат боз кардани роҳи иртиботи башари муҳосирашуда дар чорчуби танги моддӣ бо олами ғайб ва Илоҳист, яъне имон ва сипас поксозӣ ва тазкияи инсон, яъне таолӣ ва рӯшд додани ӯ аз роҳи бартараф кардани навоқис(ҷаҳл) ва поксозии зиштиҳо(ахлоқ ва сифатҳои бад), бадиҳо ва ботил аст.
 
Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон тазкияро ҳаракати фарогир барои ислоҳи ниёз ва корҳои фард ва ҷомеа дар ҳамаи бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва бартараф кардани ҳаргӯна беадолатӣ, табъиз ва фосилаҳои табақотӣ(капиталистӣ) хонда ва гӯфт: Тазкия, заминаи таълими инсон ва ҷомеаро фароҳам мекунад, то бо ғанисозии ҷомеа аз назари маърифат ва маънавият, инсони шоистаи матлӯби Ислом сохта шавад.
  
Вай бо истинод ба оёти Қуръони Карим, беъсат ва даъвати Набии Акрам(с) ро амри ҷорӣ ва доимӣ барои ҳамаи замонҳо дониста ва гӯфтанд: Ҳамакнун низ Пайғамбари Акрам(с) дар ҳоли таълим ва тазкия аст, яъне ҳамчунон ки он рӯз мардумро ба дурӣ аз гӯноҳ ва бутҳо даъват карданд, имрӯз низ ҳамон хитоб ва даъват вуҷуд дорад.
 
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ, мубориза бо нафс ва шикастани бути ҳавоҳои нафсониро, аввалин қадам дар пазириши даъвати Паёмбари Акрам(с) хонда ва фармӯданд: Ин ки бархе мегӯянд, барои ислоҳи дӯнё аввал бояд хӯд ва баъд ҷомеаи хӯдро ислоҳ кунед, ҳарфи дурӯсте аст. Чӯнки нишон додани як фарди намӯнаи ислоҳшуда ба дунё сабаби ҷазби дигарон ба он намӯна ва улгӯ мешавад.
 
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, пирӯзии Инқилоби Исломиро дар Эрон натиҷаи иҷобати паёми беъсати Расули Худо(с) ва даъвати имом Хумайнӣ аз тарафи мардум хонда ва гӯфтанд: Дар идома ҳам мардуми мо ба тавфиқ ва фазли Парвардигор ҳаракати хӯдро дар роҳи дурӯст идома додаанд ва то ҳар замон, ки иҷобати даъвати Пайғамбар(с) давом дошта бошад, рӯшд ва пешрафт, ки фақат рӯшди маънавӣ ва ухравӣ нест, балки дунявӣ ҳам ҳаст ва идома дорад. Метавон ба беҳтарин зиндагии намунаи дунявӣ ва ухравӣ даст ёфт.
 
Вай бо ишора ба ривоҷи зӯлм ва ҳақкӯшӣ дар ҷаҳони имрӯз, раҳоӣ аз ин вазъ ва беҳбӯди зиндагии мардуми дӯнёро дар гарави иҷобати даъвати Паёмбар(с)  ва истифода аз тазкия ва таълими набавӣ дониста ва афзӯд: Масъӯлияти мо худсозӣ ва нишон додани идораи кишвар бар асоси улгӯи одилона ва Ислом аст, ки дар ин замина муваффақиятҳои ҳам доштаем, ки дар дунё таъсиргузор будааст ва албатта кӯтоҳиҳое ҳам доштаем.
 
Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон бо ишора ба идомаи мусибати Ғазза ва Фаластин, онро мусибати дӯнёи Ислом ва балки ҳамаи башарият ва нишондиҳандаи авҷи нобудӣ ва бутлони назми ҳозираи ҷаҳонӣ хонданд ва хотирнишон карданд: Имрӯз Амрико, Англис ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва дӯнболаравҳои онҳо, пушти дастҳои ҷинояткор ва ба хӯн олӯдаи режими саҳюнистии Исроил қарор доранд, ки аз ҳамин ҷо метавон фаҳмид, ки назми ҳозираи ҷаҳонӣ назми ботил ва ғайри қобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.
 
Вай бомбаборони бемористон ва кӯштори наздик ба 30 ҳазор тан аз мардуми бегӯноҳи Ғаззаро боиси расвои фарҳанг ва тамаддӯни ғарбӣ донист ва афзуд: Пушти сари ин ҷиноятҳо пӯл, таслиҳот ва кӯмакҳои сиёсии Амрико аст ва ҳамчунон ки хӯди саҳюнистҳо эътироф карданд, ки бе силоҳҳои Амрикоӣ як рӯз ҳам қодир ба идомаи ҷанг набуданд. Бинобар ин Амрикоиҳо низ мӯҷрим ва масъӯли ин ҳодисаи талх ҳастанд.
 
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ раҳбари олии инқилоби исломии Эрон, роҳи ҳали поёни бӯҳрони Ғаззаро канор кашидани қудратҳои бузӯрги ҷаҳонӣ ва тарафдори ғарб аз ин кӯштор ва қазия хонд ва гӯфтанд: Муборизони фаластинӣ худ қодир ба идораи майдон ҳастанд, ҳамчунон ки то имрӯз низ бо идораи саҳна, зарбаи сахте ба онҳо ворид нашудааст.
 
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки вазифаи давлат‎ҳо қатъи кӯмакҳои сиёсӣ, таблиғотӣ, таслиҳотӣ ва ирсол накардани маводи масрафӣ ба режими саҳюнистии Исроил аст, хотирнишон карданд: Вазифаи миллат‎ҳо фишор овардан ба давлатҳо барои анҷоми ин вазифаи бузӯрг аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст