Ба номи Худо

Таърихчаи ҳиҷоб:

Масъалаи ҳиҷоб ҳамеша як мушкили махсус ва марбут ба як ҷомеаи муайян ё дар як гушае аз ҷаҳон набуда ва нест, балки масъалаи ҷаҳонӣ буда ва ошкор аст, ки бо мушаххасоти мутаносиб бо ҷавомеи мухталиф ва дар сайри таърихии онҳо қарор дорад.[1] Бинобар таҳқиқоте, ки дар ин маврид сурат гирифтааст мушаххас мешавад ҳиҷоб дар миёни ақвоми мухталифи ҷаҳон вуҷуд доштааст. Аз аҳди бостон ба баъд дар байни эрониён, юнониён, румиён, ҳиндиҳо, арабҳо, яҳудён, масеҳиён ва ғайра пушише нисбатан комил риоят мешудааст. Ин ба ин маъно нест, ки дар давоми таърих занони беҳиҷоб набудаанд? илова бар он исбот ҳиҷоб, бе ҳиҷобиро нафи намекунад.

Ҳиҷоб дар Эрони бостон:

Ҳиҷоб дар ҷомеаи Эрон аз замонҳои бисёр дур ва қабл аз вуруди Ислом ба ин сарзамин дида мешавад. Ҳар чан дар он замон истилоҳи ҳиҷоб ба маънои пушиши исломӣ матраҳ набуд, вале ба маънои пушиши хоссе таърифшуда барои занон вуҷуд дошт. Ба назар мерасад дар Эрон ҳиҷоби сахт ва шадид ҳукмфармо будааст. Ин баргирифта аз одобу русуми миллӣ ва омузаҳои таолими оини Зардушт мебошад.

Вил Дуронт муътақид аст, ки муқаррароти шадиде бар асоси русум ва оини куҳани маҷус дар бораи занони ҳоиз иҷро мешуд. Аз он ҷумла ӯро дар утоқ маҳбус мекарданд ва ҳама аз ӯ дар муддати одати занонагӣ, дурӣ мекарданд. Ва аз муошират бо ӯ парҳез мекарданд. Ҳамин мавзӯъ сабаби аслии пайдоиши ҳиҷоб дар Эрони бостон будааст[2].

Дар Эрони бостон ва замони ошуриён ҳиҷоб барои занони бадкора ва ё занони барда гуноҳ ва қобили муҷозот буд ва занони бадкора чунин гуноҳ кунанд ва либоси чун занони асил ба тан мекарданд, шалоқ мехӯрданд ва муҷозот мешуданд[3].

Масъалаи ҳиҷобро хулосавор дар Эрон дар даврони се силсила импературии эронӣ пайгирӣ хоҳем кард.

А: Ҳиҷоб дар давраи порсҳо (Ҳахоманишӣ 559 , 327 қ. м.)

Бинобар асноди боқимонда монанди: Муҷассамаҳо ва наққошии хос, ки кашф шудааст, нишон медиҳанд дар давраи порсҳо занон дорои ҳиҷоб буданд. Илова бар пушише, ки доштанд бо як чодар аз рӯи сар, то зери зонуи худро мепушонданд. Як наққошии кашф шуда дар Истонбул нишон медиҳад, ки зан зери як ҳиҷоби баланд пироҳанеро, ки то қузаки пояш мерасад пушида ва рӯи он як туники нима баланди остин кутоҳ дарбар дорад[4].

Аз сӯи дигар нақши барҷастае, ки аз садаи 5 қабл аз мелод дар даст аст, як малакаро ба пироҳан ва шалвори комил нишон медиҳад. Иҳтимолан либоси занони давраҳои баъд низ чунин будааст[5].

Б) Ҳиҷоб дар давраи портҳо (Ашкониён 250 қ.м, то 226 б.м):

Дар инки ҳиҷоб дар ин давра вуҷуд доштааст шакке нест, вале ба назар мерасад кайфияти он монанди ҳиҷоби давраи порсҳо будааст.

Чанд асар вуҷуд дорад, ки бархе аз мушаххасоти либоси занони портиро муайян мекунад: чодар; пушиши дарозе, ки занон рӯи сарашон қарор медиҳанд ва то қисмати поҳо сур мехурад ва бинобар майли худ онро пушти сар ба сурати овезон шуда раҳо мекардаанд. Ё бадани худро бо он мепушондаанд[6].



[1] . Ҳиҷоб масъулиятҳо ва ихтиёроти давлати исломӣ, ҷ.2, саҳ 90

[2] . Таърихи тамаддун, ҷ 1, саҳ 552, Масъалаи ҳиҷоб, Муттаҳҳарӣ, саҳ 7.

[3] . Маҷалаи ҳуқуқ ва фазои додгустарӣ, таърихи 16\23\29\6\ 1377.

[4] . Пушок дар Эрони бостон, Фаридуни бур???, саҳ 76)

[5] . Таърихи либос, тарҷумаи Ширин Бузургмеҳр, саҳ 55

[6] . Пушок дар Эрони бостон, саҳ 141

идома дорад

Сайид Муҳаммад Ғозӣ

Коршиноси Фалсафа ва ирфони исломӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст