МАРД АЗ ДОМОНИ ЗАН БА МЕЪРОҶ МЕРАВАД

Модарон ва хоҳарони гиромии мо, ҳамеша ва бе миннат барои фарзандону шавҳарон ва дигар аҳли оила хидмат мерасонанд ва дар тамомии соҳаҳо онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, онҳо ҳастанд, ки ояндаи наслҳоро тарбият мекунанд, то ба саҳнаи зиндагии иҷтимоӣ аз навъи фарҳангӣ бошад ва ё сиёсӣ ва ё ҳатто динӣ ва мазҳабӣ ворид гарданд.

Беҷо нагуфтааст он марди ориф ва дурандеш:

МАРД АЗ ДОМОНИ ЗАН БА МЕЪРОҶ МЕРАВАД

Қасд дорем дар остонаи рӯзи милодӣ бо баракати бартарини занони олам, пораи тани Расули хотам ҳазрати Фотимаи Заҳро(дуруду саломи Худо бар онҳо ва олашон) ва ба пешниҳоди хоҳарони мукаррамаи муъминаи ҳамватан, бахшеро хоссаи хоҳарон ва бонувони мусалмон қарор диҳем.

Дар ин бахш иншоаллоҳ бо ёрии Ҳақ ва ҳамроҳии бародарон ва хоҳарони аҳли дониш, макола ва навиштаҳое дар боби Зан ва Модар, дар боби аҳкому масъалаҳои динии онҳо, таълиму тарбият, завҷияту никоҳ ва одобу расмҳои он, назари дин ба зан ва дигар масъалаҳо матраҳ мешавад.

Ба ҳамин сабаб аз хоҳарон ва бародароне, ки дар ин соҳа сухан доранд ва ё макола ва навиштае метавонанд пешниҳод кунанд ва ё саволу ҷавобҳоеро дар ин мавзуъҳо ва дигар масъалаҳо доранд, даъват мешавад моро ёрӣ расонанд.

Албатта худи хоҳарон метавонанд саволҳои шаръӣ, хоссаи худашон ва ё дигар масъалаҳои мавриди ниёзашонро тарҳ намоянд ва посухро аз ин бахш ба тариқи озод ва ё хусусӣ дарёфт намоянд.

Нишонаи мо барои посух ба саволҳои хусусӣ این آدرس ایمیل توسط spambots حفاظت می شود. برای دیدن شما نیاز به جاوا اسکریپت دارید ва бахши назар додан барои пешниҳод ва ё саволҳои озоди Шумо хоҳад буд.

НУРИ ТОҶИКОН

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст