Бе муҳаббати модар мисли чоҳи беобам
Ё ки роҳи бемақсад меравам чӣ бетобам
Бе муҳаббати модар аз шукуфаҳо дурам
Як кабутари бебол ё чароғи бенурам
Бе муҳаббати модар чун лабони белабханд
Бас хамӯшу ғамгинам мисли булбули дар банд
Бе муҳаббати модар дар дилам сафое нест
Аз баҳор дар қалбам ҳеҷ радди пое нест
Эй Худои маҳбубам ин муҳаббати модар
Кардаӣ ато манро минатат ниҳам бар сар

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст