Беҳтарин аз баҳри мо ғамхор модар будааст
Ҷони фарзандаш ба ҷони худ баробар будааст
Кам набошад дар ҷаҳон занҳои ҷовиду наку
Баҳри ҳифзи тифли худ олиму аскар будааст
Мерасем бар осмону моҳу роҳи каҳкашон
Бо дуои модарон буррон зи ханҷар будааст
Ишқварзӣ мекунему дил ба дилбар медиҳем
Баҳри хушбахтии мо ҳамвора дар бар будааст
Аз Худо шукргузор аст Шаҳриёр бо модараш
Тоҷдору тоҷиковар тоҷ бар сар будааст
Шаҳриёр

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст