Райҳонаи Расул кунун пар кашиду рафт
Оҳанги “Ирҷиъӣ” зи малоик шуниду рафт
Гӯем таслият ба ту эй хайри халқи Ҳақ
Бори ғами фироқи туро мекашиду рафт
Устоди маърифат, ки ба мо дарси ишқ дод
Бо ишқ сӯи дилбари ҷонон париду рафт
Чашме, ки ҳар саҳар мужа барҳам намениҳод
Дар шаб ҷамоли талъати дилдор диду рафт
Розаш ба Муртазо зи сари дард гуфту шаб
Дар соҳили висоли нигор орамиду рафт
Эй дил бисӯзу дида бирез ашки ғам зи ҳиҷр
К-ӯ ғайри ҳақ нагуфту ба ҷуз ҳақ надиду рафт