Марде аз ансор дар замони Расули Акрам (с) барои корҳояш ба берун аз шаҳр сафар кард. Вақти рафтан бо занаш аҳд баст, ки аз хонаи худ берун наравад то аз сафар баргардад. Ӯ рафт ва занаш бо паймони бастааш аз хона берун нарафт то ин ки падараш бемор шуд. Ёди падар ва хабар шудан аз ҳоли ӯ маҷбураш кард, ки аз падар хабар бигирад вале ба хотири қавле, ки ба шавҳараш дода буд натавонист аз хона берун равад. Маҷбур шуд шахсеро назди Расули Худо (с) фиристод, ки шавҳар бо ман чунин аҳд ва паймоне бастааст вале акнун падарам бемор аст. Оё иҷоза мефармоед, ки ба иёдати вай биравам?

  Расули Худо (с) фармуд: Ҳаргиз иҷоза намедиҳам, бар аҳд ва паймонат вафодор бош ва аз хонаат берун нарав, он  зан тибқи дастури Набии Акрам (с) дар хона нишаст ва ба хабаргирии падараш нарафт то инки баъд аз чанд рӯзе бемориаш шиддат ёфт ва падараш аз дунё рафт, зан хеле нороҳат шуд. Акнун бояд ба ҷанозаи падараш биравад аммо боз ҳам паймони бо шавҳар ва итоат аз фармони вайро баёд овард ва бо худ фикр кард, ки оё дар ҳамин ҳолат ҳам паймоншикани гуноҳ аст? Барои иҷоза гирифтан ба Расули Худо (с) пайғом фиристод, ки падарам аз дунё рафт, оё иҷоза мефармоед ба ҷанозаи ӯ биравам?

   Расули Акрам (с) фармуданд: Иҷоза намедиҳам, дар хонаат бимон ва аз фармони шавҳарат итоат кун. Дар ниҳоят падарашро дафн карданд. Сипас Расули Худо (с) шахсеро назди зан фиристод, ки Худован ба воситаи итоати ту аз шавҳар, ту ва падаратро бахшид.[1]

"Сайре дар камолоти зан", Ҷавод И.


[1]. Макорим-ул-ахлоқ дар одоб ва ҳуқуқи зан бар мард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст