Райҳона ба маънои гули хушбӯ ва муаттар аст. Худованди Мутаол ҳар кадом аз зану мардро ба далели навъи вазифаҳо ва масъулиятҳое, ки дар низоми офариниш ва иҷтимоъ ва муҳити хонавода бар уҳда доранд ба шакли хос ва муносиб офарида аст.

Дар низоми таквин ва ташреъ, ҳар як аз зан ва мард вазифаҳои муносиб бо сохтори ҷисмӣ ва равонӣ худ доранд ва навъи тақсими кори мантиқи ва табии байни ду ҷинси мухолиф барқарор аст, бидуни инки лозимаи бартари як ҷониба ва тамом айёри ҷинсӣ бар дигаре шавад. Аз дидгоҳи ислом зану мард ҳар ду дар гавҳари шарифи инсоният ҳамто ва дорои маротиби камоли воҳиде ҳастанд.

Дар айни ҳол низоми зебои офариниш ҳар як аз ин дуро бо абзорҳои вижае омода карда аст ва ба таносуби он рисолат ва масъулияти хоссе низ бар души ҳар кадом ниҳода аст. Ахлоқҳои гуногуни ин ду барои ба вуҷуд овардани хонавода ва пурмеҳру сафо падид меояд.

Ҳар як дар канори дигаре метавонад оромиш, сукун ва шароити камолро биёбанд ва ҳамчунин заминаи муносиби рушд ва тарбияти солими фарзанд ба вуҷуд меояд. Дар ин тақсими табии ончи маъмулан дар мард ошкори бештаре дорад қудрат ва тавоноӣ бештар барои анҷоми корҳои сахту тоқатфарсо низ зираки ва ҳисобгари дар корҳое аст, ки ба тезбини ва ҳушёри ниёзманд аст ва ончи дар зан ошкор мешавад; латофат, меҳр, отифа, шуру эҳсоси қалбӣ аст.

Райҳона будани зан ба ин маъно аст, ки зан ба далели навъи хосси офариниши худ конуни отифа ва эҳсосоти рақиқ ва зариф аст. Зане, ки пуштибони руҳи ва отифи хонавода аст ва вуҷудаш мавҷиби оромиш аст ва домани покаш парваришгоҳи фарзандони солеҳ ва шоиста аст бояд аз руҳи латиф монанди гулу отифае саршор ва вуҷуди пур аз меҳру муҳаббат ва эҳсосоти рақиқ ва амиқ бархудор бошад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст