Вақте ки донишмандон мехоҳанд ҷомеаро таъриф кунанд, мегуянд: Аслу асоси ҷомеаро хонавода ташкил медиҳад ва дар ҳақиқат хонавода зербинои ҷомеа аст. Хонавода низ аз зану шавҳар ва фарзандон ташкил шудааст. Табиатан рушд ва ба камол расидани ҷомеа дар сурате  ба  даст меояд, ки зербинои он, яъне хонавода ба он камолу саодате, ки аз тарафи Худованд тазмин шудааст, расида бошад. Ба ҳукми ақл, ҳар гуна қавму қабила нақшаи зиндагии худашонро аз раҳбарон ва сарпарастони худ мегиранд. Мо мусулмонон низ бояд нақшаи зиндагиамонро аз  раҳбари худамон, муаллими башарият, сафири нуру ҳидоят, роҳнамои инсоният ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с) сармашқ бигирем. Зеро дар шаъну мақоми ӯ ҳамин бас аст, ки Худованд дар ситоишаш мефармояд: “(Эй Пайғамбар) ҳамоно ту соҳиби ахлоқи бузург ҳастӣ”[1] .

Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Эй Пайғамбар, ту улгу, сармашқ ва роҳнамои некӯ ҳастӣ”.

Қасд дорем дар ин навиштор ҳуқуқи зану шавҳарро ба тарзи хулоса аз омӯзаҳои динӣ баён намоем; масалан агар аз назари ҳукми шаръӣ бихоҳем ҳаққи зану мардро баён кунем ин гуна бояд бигӯем, ки бар ӯҳдаи мард аст, ки нафақаи зану фарзандони  худро  бидиҳад ва тамоми  шароити  зиндагии онҳоро муҳайё кунад ва ҳамеша дар паи таҳия ва фароҳам кардани вазъи маишати онҳо бошад. Бар ӯҳдаи зан аст, ки ниёзи шавҳарашро аз назари ҷинсӣ таъмин кунад ва бе иҷозати шавҳараш аз хона берун наравад ва бе иҷозати шавҳараш пулу моли ӯро ба касе надиҳад, фармонбардори шавҳараш бошад. Вале агар бо каме диққат дар омӯзаҳои  динӣ таваҷҷӯҳ кунем, паи хоҳем бурд, ки вазифа ва ҳаққи зану мард фақат дар он чизҳое, ки зикр кардем хатм намешавад, балки зану мард дар баробари якдигар вазоифе  доранд. Агар ин вазоиф аз ҳар ду тараф риоят шавад тамоми гирифториҳо ва мушкилоти зану шавҳарӣ ҳал хоҳад шуд.

Худованди Мутаол офариниши зану мардро аз нишонаҳои худаш мешуморад ва мегӯяд:

“Байни зану мард дустӣ ва раҳмат қарор додаем, то мояи оромиш ва осоиши якдигар бошанд”.[2]

Аз ин оят маълум мешавад, ки бо риояти дӯстӣ ва ишқ варзидан ба якдигар аст, ки мешавад ҳуқуқи якдигарро ба ҷо овард. Зеро агар танҳо бо риояти адолат ва  дур аз дӯстию  муҳаббат, инсоне бихоҳад ҳаққи касеро ба ҷо оварад, ин кор зиёд идома нахоҳад ёфт.

Зану шавҳар нисбат ба якдигар монанди як либос ҳастанд;

“Онҳо (занҳо) либоси шумо (мардҳо) ҳастанд ва шумо либоси онҳо”.[3] Инсони хушзавқ дар нигаҳдории либосаш ҳамеша боэҳтиёт рафтор мекунад. Зану шавҳар низ бояд дар баробари якдигар хушрафтор ва бо муҳаббат бошанд, то битавонанд дар канори ҳам зиндагии хуш ва босафое дошта бошанд. Илова бар ин риояти  ҳуқуқи махсусе, ки миёни зану шавҳар зикр шуд, вазоифе низ доранд, ки агар аз ду тараф риоят шавад сабаби муваффақияти ҳар ду дар дунё ва охират хоҳад шуд. Албатта ногуфта намонад касоне, ки мехоҳанд ҷомеаи инсониро ба қуллаи саодат бирасонанд, аввал бояд дар фикри ин бошанд, ки чӣ гуна оромиши рӯҳӣ ва равониро дар хонаводаҳо фароҳам кунанд.

Ҳуқуқ ва вазоифи муштарак миёни зану шавҳар

1) Эҳтиром: Зану шавҳар бояд ба якдигар эҳтиром кунанд ва ҳурмати ҳамдигарро нигаҳ доранд, зеро ҳардуи онҳо амонатдори Худованд ҳастанд, яъне ҳар яке аз онҳо  амонате, аз тарафи Худо дар дасти дигарӣ мебошанд. Чун ки Худованд Банӣ Одамро гиромӣ доштааст.

“Ҳамоно мо Банӣ Одамро гиромӣ доштем”.[4]

Ҳар касе, ки мавриди гиромидошти Худованд аст аз тарафи бандагони Худо низ бояд мавриди эҳтирому такрим қарор бигирад, махсусан зану шавҳар ин эҳтиромро нисбат ба якдигар дошта бошанд, то ин ки фарзандони онҳо ин гуна тарбият шаванд.

2) Муҳаббат ва дӯстӣ: Зану шавҳар бояд нисбат ба ҳам меҳрубон ва ба якдигар  алоқаманд бошанд, зеро  яке аз ҳадафҳои издивоҷ ин аст, ки хонавода таҷаллигоҳ ва маншаи муҳаббату раҳмат гардад.

Худованд дар Қуръон дар ин бора мефармояд: ”Худованд байни шумо (зану шавҳар)муҳаббат ва раҳмат қарор дод”[5].

Пайғамбари Худо(с) фармудааст: “Агар касеро дӯст  дорӣ ба ӯ бигӯ, ки ман туро дӯст медорам”.

Медонем, ки  ҳамаи мо инсонҳо ташнаи муҳаббат ҳастем ва дӯст дорем, ки маҳбуби дигарон бошем. Ошкор кардани муҳаббат сабаби дур шудани кинаву нафрат хоҳад шуд, албатта муҳаббат варзидан  бояд ҳам аз тарафи зан бошад ва ҳам аз тарафи мард, зеро:

То ки аз ҷониби маъшуқа набошад кашише,

Кӯшиши ошиқи бечора баҷое нарасад.

3) Ҳамдардӣ: Бахши муҳимме аз мушкилоти ҳаёти зиндагии зану шавҳар дар ин аст, ки онҳо ба хотири ғафлат ё бетаваҷҷӯҳӣ,  аз ҳоли якдигар хабар надоранд. Дар мушкилот ва сахтиҳое, ки барояшон пеш меояд якдигарро огоҳ накарда ва дар натиҷа худро танҳо ва беғамхор мебинанд. Аз инҷо нороҳатиҳо ва кинатузиҳо нисбат ба ҳам пеш меояд. Равоншиносон  мегӯянд: Дарди дил кардан ва аз асрори ҳам бохабар шудан сабаби саломатии рӯҳ ва ҷисми инсон мешавад.

4) Нодида гирифтани хатоҳои якдигар: Ҳама медонем, ки инсонҳо аз ҳамаи  ҷиҳатҳо комил ва бехато нестанд ва гоҳу ногоҳ, мумкин аст аз онҳо хатоҳое сар бизанад, ба хусус дар зиндагии зану шавҳарӣ, ки ҳамеша бо ҳам ҳастанд. Масалан мумкин аст зан дар асари нороҳатӣ, як сухани нешдор ба шавҳар бизанад ва ё ин ки шавҳар ба сабаби покиза набудани хона нороҳат ва асабонӣ шавад ва ё ин ки зан беиҷозати шавҳар кореро анҷом диҳад, ки иҷозати шавҳараш дар он кор шарт аст. Дар чунин ҳолатҳо зан ва шавҳар бо сабру таҳаммул бояд аз гуноҳони ҳам бигузаранд ва хатоҳои якдигарро нодида бигиранд. Беҳтар аст, ки бо ин суханон (нороҳат набош дар зиндагии ҳар кас аз ин ҳодисаҳо пеш меояд ва мо набояд ба хотири ин корҳои кӯчак оромиши кошонаи худро аз байн бибарем) ҳамдигарро ором кунанд. Ё ин ки агар яке аз онҳо зиёд асабонӣ ва нороҳат бошад дигарӣ хомӯширо ихтиёр кунад, зеро бо ҷангу даъво кардан кор ҳал намешавад.

5) Ҳифзи эҳтироми хонаводаи якдигар: Равоншиносон мегӯянд: таҷриба нишон додааст, ки яке аз мушкилоти зиндагии зану шавҳар чигунагии рафтори мард бо хонаводаи зан ва рафтори зан бо хонаводаи мард мебошад. Ин мушкил шояд дар мавриди занон бештар дида шавад, зеро маъруф аст, ки бештари занҳо бо модари шавҳар ва хоҳари шавҳар рафтори хубе надоранд. Вақте ки инҳо мебинанд падару модарашон аз тарафи якдигар мавриди эҳтиром қарор мегиранд ба худ талқин мекунанд, ки муҳаббати ҳамсарам нисбат ба ман ботинӣ ва ҳақиқӣ аст ва ба ҳамин хотири алоқаи  қалбии  худаш бо ман, падару модар ва хоҳарамро низ эҳтиром мекунад.

Натиҷа ин ки агар зану шавҳар бихоҳанд зиндагии орому босафо дошта бошанд, бояд дар риояти ин ҳуқуқи муштарак аз якдигар пешқадам  шаванд. Бо доштани ахлоқи некӯ зудтар ба мақсад хоҳем расид. Яке аз донишмандон ба номи Дел Эдуардз мегӯяд: Рози як издивоҷ ва зиндагии муваффақ бисёр сода аст, ҳамеша кӯшиш кунед, ҳамон тавре ки бо беҳтарин дӯсти худ, муадабона рафтор мекунед бо ҳамсари худ низ ба ҳамин шакл бархӯрд кунед, муваффақ хоҳед шуд. Ба умеди он рӯзе, ки ҳамаи хонаводаҳо дар сафову самимияти комил бошанд.

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4 Таҳияи Ҳабибуллоҳи Маннон

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Тоҷикон

Манобеъ:

1- Заношӯӣ, рози хушбахтӣ.

2- Оини ҳамсардорӣ.

3- Ахлоқ ва муошират дар Ислом.




[1] -«إِنَّكَ لَعَلَي خُلُقٍ عَظِيمٍ»

[2]- «وَ مِنْ آياتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْواجاً لِتَسْكُنُوا إِلَيْها وَ جَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَة»... Сураи Рум, ояти 21.

[3] - «هُنَّ لِباسٌ لَكُمْ وَ أَنْتُمْ لِباسٌ لَهُنَّ...»‏ Сураи Бақара, ояти 187.

[4] -«وَ لَقَدْ كَرَّمْنا بَنِي آدَم‏...» Сураи Исро, ояти 70.

[5] - «وَ جَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَة...» Сураи Рум, ояти 21.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст