Ҳазрати Фотима (с) дар ашъори Саъдӣ:

Ё рабб ба насли тоҳири авлоди Фотима

Ё рабб ба хуни поки шаҳидони Карбало

Ё рабб ба сидқу синаи пирони ростгӯ

Ё рабб ба обу дидаи мардони ошно

Дилҳои хастаро ба карам марҳам фирист

Эй номи аъзамат дар ганҷинаи шифо

(Саъдӣ, мавоиз, қасидаҳои форсӣ, шукр ва сипос ва миннат ва изати Худоро)

Худоё ба ҳаққи бани Фотима

Ки бар қавли имон кунам хотима

Агар даъватам рад куни вар қабул

Ман ва дасту домони оли Расул

(Саъдӣ, бустон,дар ниёиши Худованд дар наъти Сайид-ул- Мурсалин(с))

Ҳазрати Фотима(саломи Худо бар ӯ бод) дар ашъори Мавлавӣ:

Фотима мадҳ аст дар ҳаққи занон

Мардро гӯё бувад захми синон

Дасту по дар ҳаққи мо ситоиш аст

Дар ҳаққи поки ҳақ олоиш аст

Лам ялид лам юлад ӯро лойқ аст

Волиду мавлудро ӯ холиқ аст

Ҳар чи ҷисм омад валодат васф уст

Ҳар чи мавлудаст ӯ зин сӯ ҷуст

(Мавлавӣ,дафтари дуюм аз маснавӣ,инкор кардани Мусо(а) бар муноҷоти шабон)

Ҳазрати Фотима(саломи Худо бар ӯ бод) дар ашъори Носири Хисрав:

Он рӯз дар он ҳавлу фазаъ бар сари он ҷамъ

Пеши шуҳадо дасти ману домани Заҳро

То доди ман аз душмани оли паямбар

Бидиҳад ба тамоми эзид додори таоло

(Носири Хисрав,девон, тақво,саҳ.4)

Ҳазрати Фотима(саломи Худо бар ӯ бод) дар ашъори Саноӣ:

Нашави ғофил аз бани Ҳошим

Ваз ядуллоҳи фавқа айдиҳим

Дод ҳақ шери ин ҷаҳон ҳамаро

Ҷуз фатомаш надод Фотимаро

(Саноӣ, ҳадиқа,Мударриси Разавӣ, саҳ.261)

Саросари ҷумла олам пур зи шераст

Вале шере чу Ҳайдар бозхо ку

Саросари ҷумла олам пур занонанд

зи най чун Фотима хайрунисо ку

Саросари ҷумла олам пур шаҳидаст

шаҳиди чун Ҳусайни Карбало ку

(Саноӣ,девони ашъор,қасоид,дарегӯи аз ноаҳлии рӯзгор)

Ҳазрати Фотима(саломи Худо бар ӯ бод) дар ашъори Ҳотиф:

Ҳайф аз Фотима он нахли ҷавон

ки хам аз боди аҷал шуд ногоҳ

Ҳайф аз он гавҳари арзанда ки буд

дар ҷаҳон хайли накуёнро шоҳ

Ҳайф аз он шамъи фурузанда ки буд

партуви он тарабафзо ғамогоҳ

Буд аз покии тинат то буд

ифаташ ҳамдаму исмати ҳамроҳ

Буд зайли вай аз олоиш дур

покдоман вай аз луси гуноҳ

Рӯзу шаб то ба ҷаҳон дошт мақом

буд он рашк хуру хиҷлати моҳ

Хуррам аз чеҳрааш ин ҳафта иқлим

равшан аз оризаш ин на харгоҳ

Хун шуд он сарви қад лола азор

аз самуми аҷалаш ҳоли табоҳ

Сарв аз ин ғуссаи беҳ бар ҷома дарид

лола зин ғам зи сар афканда кулоҳ

Рехт дар фарқаш он хок ба сар

кард дар мотамаш ин ҷома сиёҳ

Чун шуд аз дори фано сӯи биҳишт

ҷонаш аз шавқи мулоқотуллоҳ

Рахт бар баст аз ин ғамнома

бор гушод дар он ишратгоҳ

Калак Ҳотиф пайи торих навишт

рафт аз дори фано Фотима оҳ.

(Ҳотиф, девони ашъор,моддаи таърихҳо, ҳайф аз Фотима он нахли ҷавон)

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст