1.Ба вуҷуд овардани фазои отифӣ.

2.Ҳамдигарро бо лаҳни зебо садо кардан.

3.Гуфтугуҳои меҳрӯбонона.

4.Имом Алӣ(к) мефармоянд: Зебо ва дилнишини сухан бигуед то ҷавобҳои зебо ва дилнишин бишнавед.

5.Мавҷудоти олам дар ҳар синну табақае, ки ҳастанд беш аз ҳар чиз эҳтиёҷ ба муҳаббат доранд.

6.Расули Худо(с) фармуд: Марде, ки ба ҳамсараш бигуяд дустат дорам ин сухан ҳаргиз аз дили он зан берун намеравад.

7.Салом, хуш омади муборак ва покиза аз ҷониби Худост пас бо садои зебову расо ба якдигар салом кунед.

8.Худовад дар сураи Иброҳим мефармояд: Оғози иртиботи аҳли биҳишт ва хуш омаду инсашон бо ҳамдигар бо салом ва таҳият аст.

9.Машварат кардан аз шеваҳои писандидаи Қуръони аст ки мавҷиби истеҳкоми бинои зиндаги мешавад.

10.Паёмбари Акрам(с) мефармояд: Бо занон дар умури марбут ба духтаронатон машварат кунед.

11.Машварат мавҷиб мешавад то инсон битавонад аз фикрҳои дигарон истифода кунад.

12.Худованд дар сураи муборакаи Шуро мефармояд: Аҳли имон бо якдигар машварат мекунанд.

13. Афв, гузашту маваддату меҳрубониро ба дунбол дорад.

14.Хидмат ба хонавода ва ёри расондан ба зани хонавода дилҳоро ба ҳам наздик мекунад.

15. Мусолеҳа ва мудоро аз шеваҳои маваддат ва меҳрубони аст.

16. Итоати зан аз мард дар замоне ки маъсият надошта бошад аз муҳимтарин аркони ҳифзи хонавода ва пайванди заношӯӣ аст.

17. Ҳифзи ифоф ва риояти ҳарими хонавода аз ҷониби ҳамсарон аз фурупошии бунёни хонавода ҷулугири мекунад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст