Савол: Иди 8 март аз куҷо омадааст ва оё мо метавонем занону модарони худро бо ин ид табрик кунем?

Ҷавоб: Таърихи пайдоиши 8 март ба унвони «иди занон» ба ин шарҳ аст: Ин рӯз, ки ба унвони «Рӯзи байналхалқии занон» маъруф аст, дар аввал рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он, иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд. 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозии рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.

Таърихи ҷашнгирии «Иди занон» бо номи Клара Сеткин низ алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи "пролетариати занон" ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфуронси дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи "муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон" қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд "пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ" хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19 март таъин шуд. Ва бори аввал рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12 май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейсария, Ҳоланд - 9 март, дар Фаронса ва Русия - 2 март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе буд. Ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор гирифт.

Дар Русия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи озодихоҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста - оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оиди сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.

Чунон ки мушоҳида мекунед, ин «ид» алоқае бо ислом ва занони мусалмон надорад, балки баръакс, метавон онро аз як ҷиҳат мотаме барои занони боиффати мусалмон қаламдод намуд, зеро ки маҳз дар ҳамин рӯз аст, ки болшевикҳо рӯсарӣ ва сатри занони мусалмонро дар Осиёи Миёна аз сарашон, ба баҳонаи «озодии занон» маҷбуран бармедоштанд.

Нуктаи қобили тавҷҷӯҳ ин аст, ки агар дар Ғарб “озодӣ”-и занони бечора фақат сад сол бештар умр надорад, чун то он замон дар Ғарб занон аз ҳеҷ ҳуқуқе бархӯрдор набуданд, вале дар исломи мо, занон аз ҳамон рӯзи аввали беъсати ҳазрати паёмбар (с) дорои ҳуқуқ ва озодии комил буданд.

Дар ҳеҷ мактабе ба андозаи мактаби ислом барои занон арҷ ниҳода нашудааст. Агар бархе аз кӯтаҳандашон бар шариати муқаддаси ислом чунин айб мегиранд, ки дар ислом занон аз ҳуқуқи баробар бо мардон бархӯрдор нестанд, ин айбгириҳои эшон аввалан ношӣ аз адами ошноии онҳо бо дини ислом аст, чун агар бо ислом ва маорифи он ошно мебуданд, ҳаргиз чунин сухани бемаъноеро намезаданд, ва сониян, тафсири онҳо аз “ҳуқуқ ва озодии занон” бо тафсири шариати ислом аз ҳуқуқи занон фарқ дорад.

Тафсири ғарбиён аз зан, бо фитрати одамӣ созгор нест, аммо тафсири ислом аз ҳуқуқи занон, мувофиқи фитрат ва табиати занон; ҳамон фитрате, ки бар он офарида шудаанд, мебошад.

ghalamlib.com

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст