Пас аз бозсозии биноҳои махсус ва сохтани даромадгоҳи алоҳида дар ҷойҳои ибодат занони тоҷик ба масҷидҳо рафта метавонанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки баъди дар масҷидҳо фароҳам овардани шароит барои ибодати занон, ҳама монеъаҳо назди онҳо барои ба масҷид рафтан аз байн бардошта мешаванд, зеро қонунгузорӣ ва дин рафтани занон ба масҷидро манъ намекунад. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки маҳз бо ҳамин сабаб (мавҷуд набудани ҷойҳои махсус) соли 2005 оид ба худдории занон аз масҷидравӣ фатво содир гардида буд.

Узви Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ бар ин назар аст, ки аксари занони кишвар ба иҷрои тоату ибодат дар масҷиду дигар макони барои ин амал таъиншуда ниёз доранд. «Д усол қабл дар маркази фарҳанги ҲНИТ рӯзҳои ҷумъа ҳудуди 2 ҳазор нафар занон гирдиҳам омада, тоату ибодат мекарданд ва мавъизаҳо мешуниданд», - гуфт ӯ.

Саодат Амиршоева, вакили палатаи поёнии парлумон дар ин робита мегӯяд, ҳарчанд мувофиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати демократӣ уновн мешавад, вале занони мусалмонро беҳтар аст, ки дар хонаашон тоату ибодат кунанд, то ки аз назари мардон пинҳон бимонанд.

«Агар шумо ин қадр худотарс бошед, пас чаро намоишкорона назди мардон ба масҷид рафтан зарур аст, магар ин имонро мустаҳкам мекунад? Вақте ту тоату ибодат мекунӣ, марди дигаре ба ту наззора мекунад. Куҷост шарму ҳаёи шарқиёна? Ман фикр мекунам, ки масҷидравии занон аз камтарбиягии онҳост», - гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, инсон он вақт бо Худо наздиктар мешавад, ки агар бо ӯ яккаву танҳо бимонад. «Ман худам дар як рӯз панҷ вақт намоз мегузорам, вале инро дар хонаам анҷом медиҳам, то ки дар ин ҳолатҳо бо худо яккаву танҳо бошам», - иброз дошт Амиршоева.

Ӯ мутмаин аст, ки вақте назди ҳама намоишкорона тоату ибодат мекунанд, ин аз як худнишнодиҳие беш нест. Амиршоева мегӯяд, миёни мардум одате мӯд шудааст, ки одамон дар кӯчаҳо бо тамоми овоз аз Худо «шукргузорӣ» мекунанд.

«Агар онҳо дар бораи худашон суханҳои сипос бигӯянд, магар Худо онро қабул намекунад? Чаро инро намоишкорона гуфтан зарур аст? Ё сарулибосе ба бар мекунанд, ки барои аҳолии кишварҳои араб лозим аст, зеро он ҷо офтоб сахт шӯълапошӣ мекунад ва бо ин метавонанд ба пӯсти худ зарар расонанд. Бо пӯшидани сарулибоси арабӣ мардуми мо анъанаҳои худро фаромӯш месозанд ва ин танҳо ба он хотир аст, ки ҳарчи бештар ба худашон таваҷҷуҳ ҷалб созанд», - афзуд Амиршоева.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст