Print
Hits: 42

                                       

                      Зиндагии хуш дар канори хонавода

             Ҳар рӯз миқдоре аз нури хуршедро ба хона бибаред!

          Падар ё модаре, ки дар берун аз хона машғулият доранд, вақте ба хонаи худ бар мегарданд, бояд каме аз нури хуршедро бо худ ба хона биёваранд. Матраҳ кардани мушкилот ва сахтии зиндагӣ дар назди фарзандон бидун барномаи дақиқ боиси интиқоли афсурдагӣ ба фарзандони шумо мешавад ва бачаҳоро нисбат ба шаройти сахти худ ноумед накунед.

      Бигузоред зиндагии бачагонаи худро сипарӣ кунанд. Шикоятҳои шумо аз вазияти сахти зиндагӣ онҳоро дармонда ва афсурда мекунад ва ба ҷой чунин рафторе ба онҳо ҳунар ва зиндагӣ кардани ширинро биомӯзед.

    Ҳамеша вазъият ва шароитро барои онҳо хубу оддӣ нишон диҳед, ҳолати бад ва нороҳаткунанда аз худ нишон додан боиси мешавад, ки ҳамсар ва фарзандони шумо аз шумо рӯӣ бигардонанд ва фарорӣ шаванд, чаро ки инсонҳо дӯст доранд, ки дар гирду атрофи афроди шод ва сарзинда бошанд, ба ин хотир аз афроде, ки дар зиндагӣ шикоят бештар доранд, барояшон малоловар ва азобдиҳанда аст. Баракс ба хонавода ва фарзандони худ умед ва нерӯ бидиҳед, коре кунед, ки онҳо ба тавоноӣ ва муваффақ шуданашон дар зиндагӣ эътиқод пайдо кунанд ва қуввати қалб барои онҳо бошед ва бигузоред аз будан бо шумо эҳсоси лаззат кунанд, чаро ки инсонҳо тавре офарида шудаанд, ки худ ба тарафи касе мераванд, ки аз будан бо ӯ эҳсоси роҳатӣ мекунанд, пас таваҷҷӯҳ дошта бошед ва ба хонавода ва атрофиёни худ эҳсоси оромиш диҳед, то вақтҳои бештареро бо шумо бигузаронанд.