Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Посух ба пурсишҳои кӯдакон

Кӯдаки худро муваҳҳид тарбият кунед!

          Кӯдакон вақте аз падару модари худ саволеро мепурсанд, интизор доранд, ки посухи дуруст ва содаеро аз онҳо бишнаванд, ба хотири ин ки кӯдакон падару модари худро қаҳрамони зиндагии худ мешиносанд, ҳамон тавре ки ниёзҳои модии ӯро бароварда мекунанд интизор доранд, ки саволҳояшонро ҳам дуруст посух бидиҳанд.

          Матлаби муҳими дигар ҳам ин ки кӯдак вақте ба чизҳое, ки дар атрофаш вуҷуд дорад савол мекунад, агар посухи дуруст бишнавад таъсир дар зиндагӣ ва ояндааш дорад, вақте кӯдак саволҳои худро аз падару модараш ҷавоб гирифт ва нигоҳи мусбат ба Худо ва ҷаҳони ҳастӣ пайдо мекунад ва дар зиндагӣ ин посухҳо зеҳн ва фикри ӯро ба қазоё ва воқеиятҳои атрофаш мусбат мекунад.

 Дар инҷо як саволеро ки маъмулан кӯдакон аз падару модар мепурсанд посух медиҳем ва интизор дорем, ки посух муносиб ва ба андозаи фаҳмаи кӯдакро падарону модарон пайдо кунанд ва худ посух диҳанд.

          Савол,  падар, модар, чаро мо Худоро намебинем?

          Савол. оё метавони ин сандалиро бардорӣ? П. Бале метавонам!

          С. Мешавад зуратро ба ман нишон бидаҳи?

          Дар инҷо кӯдаки шумо ба таври ғаризӣ ва мантиқӣ ба суроғи сандалӣ меравад ва онро баланд мекунад ва мегӯяд, ки бибин зурашро дорам!

          Вале ман ки зуратро наметавонам бо чашм бубинам! 

          П. Хуб, вақте ки буландаш кардам маълум аст, ки зурашро дорам.

          Офарин, дуруст аст, ки ман наметавонам қудрат ва зури туро бо чашмонам бубинам, аммо метавоанам бифаҳмам, ки ту тавони баланд кардани онро доштӣ, чун агар намедоштӣ, наметавонисти баландаш куни, яъне чизеро ки вуҷуд дорад, аммо бо чашм наметавонам бубинам. Дар инҷо падару модар бояд бо кӯмаки худ ақл ва фикр ёд диҳанд.

          С. Ёдате он шаб ситораҳоро шумурдем? П. Бале ки ёдаме. С. чанто буд? П. Хеле зиёд.

          С. Кӣ онҳоро дуруст кардааст?  П. Худо

          С. Ба назарат касе ки ин ҳама ситораро ва осмони бо ин бузургиро офарид, қудраташ зиёде ё кам?  П. Хеле зиёд аст.

          Як саволи дигар, чанд меваро метавони ном бибар? Хеле зиёдро  себ, ангур, анор гелос тарбуз....

          С. Ба назари ту касе, ки ин ҳама меваро барои мо офаридааст, меҳрубоне ё на?  П. Бале ки меҳрубоне.

          Як саволи дигар, сурати одам ки мекашем, барояш абрӯ бикашем хушрӯтар аст ё на? П. Абру бикашем баҳтар ва хушрӯтар мешавад. С. Ба назари ту чаро Худо барои мо абрӯ офарид? П. То хушрӯ ва зебо шавем. 

          С. Худованде, ки ба фикри мо буда, то зебо бошем, меҳрубон аст ё на? П. Бале ки меҳрубон аст.

С. Ёдате он бачаи кӯчак ( навзод)   аз модараш шир мехӯрд?  П. Бале,

          С. Кӣ барояш шир макиданро ёд дод; кӣ барояш шир гузошт? П. Худо

          С. Мебини Худо чиқадар ба фикри бандагонаш аст ва онҳоро дӯст дорад! Агар бачаҳои кӯчак шир барои хӯрдан надоштанд ё макида наметавонистанд, намешуд ғизои дигарашон медод, магар на? П. Бале, дандон, ки надоранд.

          Пас дурусте, ки мо наметавонем Худоро бубинем, вале метавонем аз  рӯи неъматҳо ва корҳое, ки барои мо мекунад бифаҳмем, ки Худо ҳам вуҷуд дорад ва чи қадар меҳрубон ва қудратманд аст.

(Шаст пурсиши эътиқодӣ  Сайид Ризо Таботабоӣ)

 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст