Миллат фикр мекунад шумо бедоред!

          Дар рӯзгоре зиндагӣ мекунем, ки ҳар лаҳза мумкин аст иттифоқе барои мо биафтад, дуздон дар либосҳои гуногун дунболи дуздӣ ва ғорати амволи дигарон ҳастанд, набояд инсон ба хоби ғафлат биравад.    

          Агар хобат бурд дин ва диёнататро аз ту медузданд, молу сарвататро аз дастат мегиранд. Як миллат набояд дар хоби ғафлат бошад вагар на, то чашм боз мекунад дигар чизе барояш боқӣ намондааст, на арзишҳои миллӣ ва на динӣ. Агар миллате Худои накарда ба хоби ғафлат биравад, бояд ҳокимият бедору ҳушёр бошад ва агар ҳокимият ба хоб рафта бошад, миллат набояд бихобад, чаро ки душманон ва дуздон дар каминанд, дору надори миллатро мебаранд.

          Агар миллате эҳсос кард, ки ҳокимият ва масъуллони давлат хобидаанд ва вазифа ва масъулияти худро анҷом намедиҳанд, набояд бихобанд, вагарна аз он миллат чизе боқӣ намемонад, нухбагон ва донишмандонаш аз он миллат гирифта мешавад ва муддате намегузарад, ки ҳуввият ва арзишҳо тағйир мекунанд ва зидди арзишҳо арзиши милли мешаванд, ҳол он ки барои миллат бегонаанд ва онҳо ночор мешаванд, ки чизҳоеро арзиши миллии худ бидананд, ки ҳеҷ иртиботи бо фарҳанг, дин ва ҳувияташон надорад, ба ин хотир бояд як миллат барои ҳифзи арзишҳои динӣ ва миллиаш ё бояд худ ва ё бояд ҳокимияташ бедор ва ҳушёр бошанд.

          Нақл аст, дар замонҳои гузашта чупоне дар чарогоҳ гусфандонашро мечаронд ва аз онҳо нигаҳбонӣ мекард, ки чизе ё касе ба онҳо осеб нарасонад. Аммо дар асари хастагии зиёд хобаш гирифт ва бар зери сояи дарахте рафт чанд лаҳзае хобаш бурд. Вақте аз хоб бедор шуд, дид рамаи гусфандаш нест, инвару онвар давид чизе пайдо накард, дуздон ҳамаи гусфандонро бурда буданд.  Ӯ бо худ андешид ва барои шикоят назди ҳоким рафт ва моҷароро ба ҳоким дар миён гузошт. Ҳоким бо лаҳни тунду итобдор чупонро маломат кард, ки иштибоҳ ва тақсир аз худат будааст, чаро хуфтӣ, то дуздон биоянд гусфандонатро бибаранд? Ту набояд мехобидӣ ва аз гусфандонат ғофил мешудӣ?

          Чупон дид, ки подшоҳ ва ҳоким баҷой ин ки ба шикояти ӯ расидагӣ кунад ва роҳи чорае барои пайдо кардани гусфандонаш бидиҳанд, маломаташ мекунанд. Бо оромӣ ва сабурӣ рӯ ба ҳоким мекунад ва мегӯяд: Медони чаро хобидам? Чун пиндоштам шумо бедоред, намедонистам, ки шумо ҳам мисли ман хобидаед. Агар медонистам шумо ҳам хобидаед, ҳаргиз осуда намехобидам. Ин сухани санҷида ва ҳакимонаи чупон боис шуд, ки хуни ҳоким ба ҷӯш ояд ва ғайраташ бедор шавад ва аз хоби ғафлат бедор шавад.

          Ҳоким ба зердастонаш дастур дод, ки дар як иттилоияе бинависанд ва дар ҳамон дарахте, ки чупон зереш хобида буд насб кунанд ба ин мазмун:

          Эй дарахт ту шоҳид бош, ки агар то як ҳафтаи дигар гусфандони чупон пайдо нашаванд, ҳамаи он мантақаро, (ки дуздон дар онҷо зиндагӣ мекараданд) оташ мезанад ва ба хокистар табдил мекунад.

          Ин дастури ҳоким боис шуд дуздон гусфандонро ба ҷой аввали худ баргардонанд. Фардои он рӯз чупон ба чарогоҳ рафт дид гусфандонаш дар ҳоли чаридан ҳастанд.

          Пас набояд як миллат бихобад, то дуздон дороии онҳоро бидузданд, агар миллате дид, ки ҳокимон ва масъулонашон хобидаанд ҳаргиз набояд ба хоби ғафлат бираванд, ё бояд ҳокимон бедор бошанд, ё бояд миллат, агар яке аз он ду (ҳокимон ва ё миллат) бедор бошад ва биниши дуруст дошта боашд, дигариро бедор мекунад ва боис мешаванд, ки ҳуввияти миллат ҳифз шавад ва дуздон ҷуръат накунанд ба он миллат ҳамла кунанд. Аммо амон аз он миллат ва ҳокимоне, ки ҳама бо ҳам ба хоби ғафлат рафта бошанд. 

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст