Print
Hits: 92

 

              

              Ҳақиқати зиндагии башари муосир

             Инсон вақте аз дин ва Худо рӯй гардонд ва зиндагии худро бар асоси боварҳои бехудоӣ ва атеистӣ, ки барои зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ҳеҷ нақше барои Худо қоил нест, танзим кунад, инсоният ва муҳаббатро  дар зиндагӣ нисбат ба инсонҳо аз даст медиҳад. Башари имрӯз сарсону саргардон аст. Бо худаш сари созгорӣ надорад.  Бародар бо бародар ҷанг дорад. Инсонҳо аз ҳамдигар мегурезанд ва танҳоиро бештар аз ҷамъ дар миёни хешутабор дӯст доранд.             Мактабҳои инсонмеҳварӣ ва фардгароӣ башарро ба тарафе мебарад, ки дигар наметавонанд дар канори ҳам зиндагии хӯш ва солимеро дошта бошанд. Ҳувияти инсони имрӯз ва дар асри ҷаҳонишавӣ ба тарафи фардгароӣ ва инсонҳои бетафовут ва бемайл нисбат ба ҳамдигар тарбият мекунад. Афрод дигар мисдоқ пайдо намекунад, фард бояд таъриф шавад, падару модар, бародару хоҳар ва хешутабор дар канори ҳам наметавонанд зиндагӣ кунанд. Зиндагӣ пароканда ва дур аз ҳам, беэътиноӣ нисбат ба ҳамдигар ба таври рӯзафзун бештару бештар мешавад.

           Бевафоӣ нисбат ба ҳамдигар, набуди меҳру муҳаббат дар миёни инсонҳо беҳад оддӣ мешавад. Ба фақирон зулм мешавад, бузургтарон беэҳтиромӣ мешаванд, касе ба атрофиёни худ эътимод надорад. Дар инҷо матлаберо меоварем, ки мушкилоти имрӯзи башарро дар қолаби шеър сурудааст.

 
Чи омад бар сари ақвому хешон
Ки гардид ҷамъашон ин тавр парешон
Чаро хешутабор аз ҳам ҷудоянд
Чаро мардум ба ин ҳад бевафоянд
Чаро хоҳар зи хоҳар мегӯрезад
Бародар бо бародар меситезад
Чаро духтар зи модар нанг дорад
Падар бо бачаҳояш ҷанг дорад
Меҳру муҳаббат камёб шуд
Рафоқатҳои дерина риё шуд
Барои ағниё ҳам лаззате нест
Фақиронро ба ҷое иззате нест
Ба зоҳир хонаҳомон кохи шоҳ аст
Дарунаш як ҷаҳон андуҳу оҳаст
Дару деворҳо кошиву санг аст
Вале ҳар хона як майдони ҷангаст
Тамоми хайру баракатҳо барафтод
Табиат ҳам бо мо дарафтод
Чаро ингуна шуд аз ман кунед гӯш
Шуда меҳру муҳаббатҳо фаромӯш
Дигар аз базлу бахшишҳо аср нест
Зи инсофу муруватҳо хабар нест
Шуда ноёб сафову меҳрубонӣ
Таоруфҳо шуда сарду забонӣ
Амуҷону холаҷон, дигар нагӯям
Барои марг ҳам дар орзӯям
Яке бо суди амволи нузулӣ (рибохӯр)
Равад макка ба умеди қабулӣ
Яке нозад ба мошину ба боғаш
Яке вақте ба мошинаш савораст
Фақат мисли буте аз заҳри мораст
Дар рафтораш боди ғурур аст
Ки гӯй аз нажоди силму тур аст
Тамоми корҳо гашта риёӣ
Наҷобат шуд аваз бо беҳаёӣ
Бузургтарҳо надоранд эҳтироме
Ба муҳтоҷон надоранд эътиное
Ҳама часпида ҷайбу кори худро
Ба фикранд, то бубинанд бори хуро
Шарафро мисли коло мефурӯшанд
Бародарҳо бародарро бидушанд
Чунин мардум ҳаргиз хайре набинанд
Агар Қорун шаванд боз ҳам серӣ набинанд.