Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҷудоии Дин аз сиёсат

Қуръон ба унвони қонун ва китоби зиндагӣ, ки маориф ва матолибаш тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсонро фаро мегирад. Худованд дар оятҳои зиёде ба ин матлаб таъкид кардааст ва дар ояте мефармояд, ки Қуръон  баёнкунандаи ҳаммаи чизҳое аст, ки инсон ба он ниёз дорад:

«وَ نَزَّلْنا عَلَيْكَ الْكِتابَ تِبْياناً لِكُلِّ شَيْ‏ء»

"Қуръон]-ро нозил кардем, ки баёнгари ҳар чиз ва ҳидоят ва раҳмат ва башорате барои мусалмонон аст."(Сураи Наҳл, ояти 89)

Вале имрӯза мебинем ва дар китобҳо мехонем, ки дин аз сиёсат ҷудост ва набояд динро дар баҳсҳои сиёсӣ дахолат дод. Вақте пурсида шавад чаро чунин аст ва чаро дин набояд дар баҳсҳои сиёсӣ дахолат кунад? Посух медиҳанд, ки дин як амри муқаддас ва сиёсат амри ғайри муқаддас ва ё палид ва шайтанат аст, агар дин бо сиёсат ҳамроҳ бошад, сиёсат динро аз ҷойгоҳи муқаддасаш поён меорад.

Ин сухан ва ё ин ҷавоб бисёр зиракона тарҳ ва барномарезӣ шудааст. Дар воқеъ ин посӯх аз тарафи касоне матраҳ шуд ки, худ ба дунболи қудрат ва султаталаб буданд ва бо ин тарҳ диндоронеро, ки метавонистанд дастуроти диниро дар ҷомеа иҷро кунанд аз сари роҳи худ бардоштанд. Худи ин назария ва идеа дар воқеъ барои диндороне, ки онро бовар карда буданд мушкилоте зиёде барояшон ба вуҷуд овард ва боис шуд, ки онҳо аз радифи тасмимгирони ҷомеа хориҷ шаванд. Онҳо наметавонистанд, ки ҳам диндориро интихоб кунанд ва ҳам дар сиёсати кишвари худ саҳме дошта бошанд.

Диндороне, ки натавонистанд бепояву беасос будани ин назарияро дарк кунанд ва шайтанатро дар ин назария пайдо кунанд, дар миёни ду интихоб монданд, ин ки динро интихоб кунанд ё қайди онро бизананд ва ба тарафи сиёсат рӯ оваранд!.

Дар ҳар сурат ин дин буд, ки аз ҷомеа ва сиёсати иҷтимоъ ҷудо мешуд ва ҳеҷ саҳме барояш дар тасмимгириҳои муҳимми иҷтимоӣ боқӣ нагузоштанд.

Касоне ки, дин ва диндорӣ барояшон ҳеҷ ҷойгоҳе надошт бо тарҳи ин ки дин аз сиёсат ҷудост, мехостанд аз тарафе ҳимояти диндоронро дошта бошанд, яъне ҷомеае, ки дар он ҳоким буданд диндорон аз онҳо ҳимоят кунад ва барояшон молиёт бидиҳанд, ҳамроҳияшон кунанд ва дигар чизҳое, ки дар як ҷомеа ниёз аст. Ва аз тарафе ҳам бигӯянд; мо дар зиндагии фардӣ ва шахсӣ инсонҳои диндор ҳастем, вале дар кишвардорӣ ва ҷомеа наметавон диндор буд; талаботи ҷомеа сиёсати бидуни динро металабад.

Бо тарҳи ин андеша миёни зиндагӣ ва бандагӣ ҷудоӣ андохтанд. Коре карданд, ки инсон бояд дар як мактаб нон хӯрад ва дар мактаби дигаре бандагӣ кунад.

Диндороне, ки аз мағлата(фиреби) ин андеша бехабар буданд, фикр мекарданд, агар дар сиёсат ақибнишинӣ кунанд, метавонанд дар бахшҳои дигаре муассир бошанд ва фаоълиятҳои динӣ дошта бошанд, баҳсҳои фарҳангӣ, тарбиятӣ ва амри таблиғу даъвати диниро бар уҳда гиранд.

Вале бехабар аз ин ки динеро ё беҳтар бигӯям дини ноби Исломро наметавон бахш-бахш кард ва як бахши онро гирифт ва дигареро раҳо кард, ин сурат мисли карикотур мешавад, инсони мӯваҳҳид дар иҷтимоъ наметавонад зиндагии тавҳидӣ дошта бошад. Вақте амри иҷроиро касоне дар даст гирифтанд, ки дар ҷомеа диндор набуданд ва дин як амри шахсӣ ва фардӣ барояшон буд, ки бояд дар танҳоӣ ва ҷудо аз ҷомеа ба он пойбанд мебуданд, лизо ин назария қудрат гирифт ва тақрибан ҳама пазируфтанд, ки дин аз сиёсат ҷудост.

Баҳс ва фиреби дигаре дар инҷо ба вуҷуд омад, инбор дигар дин танҳо аз сиёсат ҷудо набуд! Балки аз ҳама чиз ҷудо шуд! Имрӯза дигар дин на дар сиёсат, балки дар таълиму тарбият ҳам ҷойгоҳе надорад ва матлабе барои гуфтан дар иҷтимоъро надорад. Ҳамаи нақшҳои динро аз ӯ гирифтанд ва амалан дин як чизи беарзиш шуд!

Имрӯз диндорӣ ҳато аз фардӣ будан ҳам хориҷ шуд ва диндорон наметавонанд ҳатто дар ҳеҷ ҷой аз кишвардорӣ ва зинадгии иҷтимоӣ аз дин баҳсу гуфтугу кунанд ва роҳи ҳалҳои дини Исломро баён кунанд ва бигӯянд дин чунин мегӯяд ва роҳи ҳалаш дар ин маврид ин аст. Ҳатто дар тарбияти фарзанди худ ҳам бояд аз ғайри дин барнома бигирад.

Ҳол он ки танҳо роҳи наҷот даст ба домони дин шудан аст. Танҳо роҳи раҳоӣ аз гирифториҳо ва наҷоти башарият баргашт ба домони дастуроти Қуръон ва дин аст. Мактабҳои башарӣ, то ба ҳол худро нишон доданд, башарият ба тавори комил худро дар ихтиёри онҳо борҳо қарор доданд, аммо фоидае ба захмҳои онҳо надошт, балки корде шуданд, ки ба устухони башар расиданд.

Add comment

Security code
Refresh

Ҳама ҳуқуқҳо ба сайти тоҷикон ҳифз карда шудаанд
Дар Сама тарроҳӣ шудааст