معنای زکات فطره
Закоти фитра ё садақаи фитр, ба маънои садақаи рӯза боз кардан аст ва дар истилоҳ иборат аст аз:
"Миқдори хӯрокӣ ё пули ҳамон миқдор, ки ба унвони ҳаққи воҷиб ба мустаҳақ дода мешавад".
Аз ин ҷиҳат ба ин амал закоти фитр ё садақаи фитр гуфта мешавад, ки ба маҳзи тамом шудани моҳи мубораки Рамазон ва фаро расидани иди фитр воҷиб мегардад.
Закоти фитр дар соли дуввуми ҳиҷрӣ ва қабл аз закоти мол воҷиб шудааст. Бархе вуҷуби онро аз ояти зер истифода кардаанд:
قد افلح من تزکی، و ذکر اسم ربه فصلی
"Растагор шуд он ки закот дод ва номи Худоро ёд кард ва намоз(и ид) гузорид".[1]
Ва дар ривояте аз Расули Худо(с) омадааст:
فرض رسول الله(ص) زکاة الفطر من رمضان علی الناس صاعا من تمر او صاعا من شعیر علی کل حر او ذکر او انثی من المسلمین
Расули Худо(с) закоти фитри Рамазонро бар мардум, соъе аз хурмо ё соъе аз ҷав қарор дод ва онро бар ҳар шахси озод аз марду зани мусулмон фарз гардонид.[2]
Фалсафа ва ҳикмати илмии закоти фитра
Дар бархе ривоятҳо ҳикмати вуҷуби закоти фитра, пок сохтани рӯза аз гуфтаҳои лағв ва кирдори норавое, ки бидуни таваҷҷӯҳ аз шахси рӯзадор дар моҳи мубораки Рамазон сар задааст баён шуда, чунонки Расули Худо(с) фармуд:
زکاة الفطر طهرة للصائم من اللغو و الرفث
"Закоти фитр барои пок гардондани рӯзадор аз корҳои беҳуда ва норавост".[3]
Аз устоди имом Шофиӣ нақл шудааст, ки гуфта:
زکاة الفطر للشهر رمضان کسجدة السهو للصلاة تجبر نقصان الصوم کما یجبر السجود نقصان الصلاة
"Закоти фитр барои моҳи Рамазон монанди саҷдаи саҳв барои намоз аст. Ончунон ки саҷдаи саҳв нуқсони намозро ҷуброн мекунад, закоти фитр нуқсон ва нотамомиҳои рӯзаро ҷуброн мекунад".[4]
Фалсафа ва ҳикмати иҷтимоии закоти фитр
Фалсафа ва ҳикмати иҷтимоии закоти фитр, таъмини хӯроки бенавоён дар рӯзи ид аст. Рӯзи ид рӯзи шодӣ ва сурури мусулмонон аст ва ид ҳам вақте маъно дорад, ки ҳамагон дар шодӣ шарик бошанд, чунон ки ҳазрати Исо(а) ба пешгоҳи Худованд арз кард:
ربنا انزل علینا مائدة من السماء تکون لنا عیدا لاولنا و آخرنا
 "Парвардигоро аз осмон бар мо хоне бифирист, то барои аввал ва охири мо ид шавад(ҳамаро фаро гирад)".[5]
Фақире,  ки аз надорӣ лабонаш бар дандон ва шикамаш бар пушт часпида аз куҷо нон биёварад, то шодмон бошад?! Ва ин надорӣ одатан ба ҷиҳати поймол шудани ҳаққи онон тавасути сарватмандон аст, бинобар ин Худованд бар касоне, ки суфраҳои рангин ва хонҳои  пур аз зарқу барқ мегустаронанд воҷиб гардонидаст, ки як рӯз дар солро низ барои хонаводаҳои фақири мусулмон шодиофарин бошанд. Ва  албатта сарватмандон набояд ба як соъ гандум ё хурмо ё биринҷ, ки ғизои ғолиби мардуми одист басанда кунанд, балки бояд ба андозаи тавони худ  ба фуқаро расидагӣ кунанд.
Шариати Ислом ҳар ҳукмеро бар ҳадди ақалли тавоноӣ гузоштааст, то бенавоён низ битавонанд онро анҷом диҳанд, лекин набояд фаромӯш кард, таклифе, ки бар тавонмандон ҳаст бар нотавонон нест, чунон ки аз баъзе оятҳои Қуръон низ метавон ин маъноро истифода кард, Қуръон мефармояд:
علی المویع قدره و و علی المقتر قدره
"Бар тавонманд ба андозаи тавоноияш ва бар тангдаст ба андозаи тавоноияш".[6]
لینفق ذو سعة من سعته ومن قدر علیه رزقه فلینفق مما آتاه الله
"Касе, ки дорои вусъат(и молӣ) аст аз дороии худ ҳазина кунад ва касе, ки рӯзӣ бар ӯ танг аст аз он миқдор, ки Худо бар вай дода ҳазина кунад".[7]
Вақти воҷиб шудани закоти фитр
Закоти фитра ҳангоми тулӯи фаҷри рӯзи иди Рамазон аст, вале беҳтар аст, ки ин амал чанд рӯз қабл аз иди Рамазон сурат гирад, то битавонад ба мустаҳаққон ва ниёзмандон бирасад.
Инсоне, ки сатҳи зиндагияш миёна аст, бояд илова бар худаш аз ҷониби фарзандони ноболиғи худ ҳам садақаи фитрро пардохт кунад.  Миқдори садақаи фитр бар шахси болиғ ва ноболиғ баробар мебошад.
Миқдори закоти фитр
Абусаиди Худрӣ мегӯяд: "Мо дар замони Расули Худо(с) як соъ аз гандум ё ҷав ё хурмо ё кишмишро барои ҳар нафар  закоти фитра медодем".[8]
Ва дар ривояти дигаре мегӯяд: "Мо як соъ аз таоми худро дар аҳди Расули Худо(с) ба унвони закоти фитра медодем".[9]
Миқдори закоти фитра, ки ҳамаи уламо бар он иттифоқ доранд, иборат аст аз як килову яксаду даҳ грам гандум ва бо нархи рӯзи он. Ибни Қайим Ҷавзӣ мегӯяд: "Ин чанд маврид аз донагиҳо(гандум, ҷав, хурмо ва ғайра), ки дар аҳодис ном бурда шудааст нишонгари он аст, ки дар замони Пайғамбари Ислом(с) дар Мадина ғизои ғолиби мардум будааст ва агар дар ҷое ё замони дигар ғизои ғолиби мардум чизи дигар бошад, бояд аз он бипардозанд, агар чи ғизояш ғайр аз донагиҳои мисли шир, гушт, моҳӣ ва ғайра бошад".[10]
Бархе аз фуқаҳои муосир бар ин боваранд, ки ин ки дар шариати илоҳӣ чандин ҷинс аз хӯрокиҳо ба унвони садақаи фитр таъйин шуда, ишора ба ин аст, ки закоти фитр ва фидяи рӯзаи ҳар шахс бинобар вазъи молии ӯ тағйир пайдо мекунад. Ин садақа барои хонаводаҳои камдаромад ба нархи гандум таъйин мешавад. Ва барои хонаводаҳои пурдаромад бо таваҷҷӯҳ ба аҷноси бо арзиштар(бирнинҷ ва ғайра) таъйин мегардад. Ва онро бояд бо харҷи ғизои якрӯзи инсон таносуб дод.
Закоти фитр ба чӣ касоне дода мешавад?
Закоти фитр тибқи фармудаи Расули Худо(с) ба мискинон дода мешавад, чунонки он ҳазрат фамудааст: زکاة الفطرة...طعمة المساکین "Закоти фитр ризқ ва хӯрокии мискинон аст".[11]
 
[1]- Сураи Аъло, ояти 14 ва 15.
[2] - Сунани Абудовуд, ҳ.1613.
[3] - Ҳамон, ҳ.1371.
[4] - Шарбинӣ, Алиқноъ, ҷ.1, саҳ.226.
[5]- Сураи Моида, ояти 14.
[6] - Сураи Бақара, ояти 236 .
[7]  - Сураи Талоқ, ояти 7.
[8] - Саҳеҳи Бухорӣ, ҳ. 1505 .
[9] - Ҳамон, ҳ. 1510 .
[10] - Аълом-ул-муваққиин, ҷ.3 саҳ.12 .
[11]- Сунани ибни Моҷа, ҳ.1899.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст